- Пойафзол ва либосҳое, ки аз пусти хук тайёр шудаанд пушида намешавад. Баъзе аз ҳайвонот ҳастанд, ки аз гӯшту пӯсти онҳо, истифода/манфиат бурдан мумкин нест. Агар дар чорчубаи шариат забҳ карда шавад ва ё дабоға (дар зери офтоб, намак ва бо дигар роҳҳо қоқ) карда шавад ҳам истифода карда намешавад. Чунки (хук) ҳайвони наҷис аст, "наҷисул ъайн" аст. Яъне тамоман ифлос/нопок/касиф аст.
Масалан яке дастмолчае ки бар у наҷосат расида бошад, бо шустан наҷосат дур мешавад ва аз нав дастмолча пок/тоза мешавад. Лекин наҷосатро (худи наҷосатро) мисли бавл/пешобро чи бо тариқи шустан, дабоға кардан ва ё тамоми роҳҳои тоза карданро истифода кунем тоза намешаванд чун инҳо "наҷисул ъайн" ҳастанд ва хук ҳам аз ин зумра аст.
Гушту пусти хук бо ҳеҷ лиҳоз тоза намешаванд, тозагиро қабул намекунаyд. Аз ин ру як порчаи наҷосатро фурухтан мисли наҷис (мисли бавл)-ро фурхтан аст. Ҳам барои харидор ва ҳам барои фрушанда ҷоиз нест. Агар дар бадани инсон аз як дирҳам (як миқдори ченак аст) зиёд порчаи хук мавҷуд бошад намозаш дуруст намешавад. Дар об афтад обро наҷис мекунад. Бинобар ҳар чизе, ки аз пуст ва пашми хинзир тайёр шудааст мисли ҷуздон, пойафзол, дастпушак, дандоншӯякҳо... тайёр кардан, истифода бурдан, фурухтан... дуруст нест. Муртакиби гуноҳи бузург мешавад.
والله اعلم
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев