Агар дар намозгузорро ҳолати девонагӣ ва ѐ беҳушӣ фаро гирад ва ѐ хандаи боқаҳқаҳа намояд, дар ин суратҳо ҳам таҳораташ мешиканад ва ҳам намозаш ботил мегардад. Дар ин суратҳо вузў бигирад ва дар тамоми ин ҳолатҳо намозашро аз сар бихонад. Ҳамчунин агар узрҳое, ки қаблан дошта, ба монанди таяммум ва муддати масҳи пойафзор ва ғайра дар аснои намоз ба поён бирасанд, масалан, шахси соҳибтаяммум ба об дастрасӣ пайдо кунад, ҳам таҳорати онҳо мешиканад ва ҳам намозашон ботил мегардад.
– Имом пас таҳорати тоза, агар имоми нав намозро ба поён нарасонида бошад, бояд ба саффи намоз баргардад ва намозашро ба ҳайси муқтадӣ ҳамроҳи ҷамоат ба итмом
расонад. Аммо агар имоми нав намозро ба поён расонида бошад, пас имоми қаблӣ метавонад намози худро дар ҷои буда ва ё дар манзилаш ба итмом расонад. Муқтадӣ низ ҳамин тавр амал мекунад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев