– Ҳар гоҳ таҳорати намозгузор дар аснои намоз бишиканад, бе он ки намозашро қатъ намояд, рафта таҳорат кунад ва баъд аз он намозашро аз ҳамон ҷое, ки тарк карда буд, идома диҳад, вале агар намозашро аз сар гирад, беҳтар аст. Шахси танҳогузор ҳамчунин метавонад намозашро дар он ҷое, ки таҳорат карда ва ѐ дар манзилаш ба итмом расонад.
– Агар имоми ҷамоат бошад, бояд аввал яке аз намозгузоронро ба ҷои худ халифа ҷойнишин созад, то вай намози қавмро бо ҷамоат ба итмом расонад ва худаш баъд
аз он таҳорат карда, идомаи намозашро ба ҷой оварад.
Имом бояд пеш аз хориҷ шудан аз масҷид яке аз намозгузоронро ба ҷои худ таъйин намояд, ба ин тариқ ки ўро аз либосаш ба ҷои худ бикашад ва ё ўро бо дасташ ба пеш
гузаштан ишора кунад, на бо калом, зеро калом намозро фосид мекунад.
– Агар имом касеро ба ҷои худ таъйин нокарда аз масҷид хориҷ гардад, имоматиаш бекор (ботил) мегардад ва дигар ҳаққи таъйин намудани халифаро аз берун надорад. Он гоҳ намозгузорон бояд якеро барои имоматии худ таъйин кунанд ва ѐ яке аз онҳо худаш пеш рафта, барои онҳо имоматӣ намояд. Агар онҳо низ пеш аз хориҷ шудани
имом аз масҷид касеро таъйин накарданд ва касе ҳам пеш нагузашт, намозашон ботил мешавад, зеро масҷид, як лаҳза ҳам бошад, аз имом холӣ мондааст. Пас бояд он намозашонро аз сар бигузоранд. Намози худи имом бошад, ботил намегардад, зеро вай дар он ҳолат ҳукми танҳогузорро дорад.
– Агар намозгузор ҳангоми шикастани таҳораташ дар қаъдаи ахир ташаҳҳудро хонда ва танҳо салом боқӣ монда бошад ҳам, баъд аз таҳорати нав салом дода, намозашро
тамом менамояд.
– Ин ҳама дар сурате мебошанд, ки таҳораташро қасдан нашикаста бошад, яъне он ҳолат ба таври табиӣ ва бе ирода барояш пеш омада бошад. Вале агар таҳораташро пеш аз қаъдаи ахир қасдан ва бо амали худ шикаста бошад, дар ин сурат намозаш низ фосид мегардад ва ҷуз аз сар хондани он дигар роҳе надорад. Аммо агар онро пас аз қаъдаи ахир қасдан ва бо амали худ шикаста бошад, дар назди имом Абўҳанифа (рҳ), ҳарчанд
таҳораташ шикаста бошад ҳам, намозаш дуруст мешавад ва ба поѐн мерасад.
– Агар пас аз шикастани таҳораташ ба он узрҳои табиӣ ва ғайрииродӣ сухан гўяд ва ѐ яке аз корҳоеро, ки фосидкунандаи намоз ҳастанд, анҷом диҳад, намозаш низ фосид мегардад. Дигар наметавонад бо ҳамон ният ва бинои қаблӣ онро аз ҷои баскардааш давом диҳад, балки бояд намозашро аз сар бихонад.
(Фиқҳи Исломӣ)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев