Одоби пушидани либос дар ривоети гуногуне зикр шудаанд, ки то андозае хулосааш оварда мешавад.
1. Хангоми пушидани либос ин дуоро бихонад:
"الحمد لله الذي كساني هذا"
Яъне Худоро шукр мегуям, ки маро чунин либос пушонид.
2. Дар пушидани либос ва кафшхо ва гайра аз бояд аз тарафи рост огоз шавад ва дар хорич кардан аз чап огоз гардад.
3. Расули акрам (саллаллоху алайхи ва саллам) либоси сафедро меписандиданд. Албатта пушидани либоси сиех низ аз Расули Худо (сав) собит аст.
4. Пушидани дастор ва гузоштани фаш маснун ва мустахаб мебошад.
5. Пушидани кулох дар зери дастор маснун мебошад.
6. Изор е шалвор бояд андаке аз каъбайн болотар бошад ва поентариаз ин дуруст нест ва Худованд чунин амалро намеписандад. Расули акрам (сав) фармудаанд, ки хар кас либосро аз каъбайн дарозтар бигузорад Худованд ба у назари рахмат нахохад кард.
7. Пушидани ангуштари нукра барои марду зан чоиз аст, аммо пушидани ангуштари тилло ба хар сурат, ки бошад барои мардон катъан харом аст ва дар хар сурати дигар барои мардон тилло ва либоси абрешимй харом аст, гайр аз дандонхои сунъии тиллой, ки дар вакти зарурат бошад барои мардон чоиз мебошад.
8. Ранг кардани муй ва риш, гайр аз ранги сиех, бо хино ва гайра чоиз мебошад.
9. Касе мехохад муйи сарро нигох дорад лозим аст то хадди тавон дар шустушуи он таваччух дошта бошад ва аз шона низ истифода барад.
10. Кутох кардани бурут ва то як кабза дароз нигох доштани риш вочиб мебошад.
11. Сурма кашидан барои мардон ва занон чоиз аст. Албатта шаб барои сурма кашидан бехтар аст.
12. Тарошидани муйи сар е нигох доштани муй харду суннат мебошанд, аммо бояд таваччух шавад то дар хеч сурат мушобахат бо куффор нашавад.
13. Барои мардон аз ноф то зери зону ва барои занон пушиши тамоми бадан фарз мебошад. Занон набояд либосхои нозук истифода кунан, ба хадде ки бадан е муйи сар аз зери он намоен бошад.
14. Хангоми пушидани либос ин дуоро бихонад:
"اللهم اني اسئلك من خيره و خير ما هو له و اعوذ بك من شره و شر ما هو له"
Яъне Парвардигоро! хайри ин либосро аз ту талабида аз бадиаш ба ту панох мебарам.
15. Чун либоси нав пушид чунин дуо кунад:
"الحمد لله الذي كساني هذا و رزقنيه من غير حول مني و لا قوة"
Яъне Худоро шукр мегуям, ки маро чунин либосе пушонд ва маро насиб гардонд бо ин ки кувват ва токати онро надоштам.
16. Агар касе аз дустонашро дид, ки либоси наве пушидааст уро муборак гуяд ва дуо кунад, ки Худованд ба ту аз ин беш ато кунад.
17. Чун либосро аз тан бароварад بسم الله الرحمن الرحيم бигуяд, чун дар ривояте омадааст, ки Бисмиллох хичобест миени чисми одамй ва чашми чинну шаетин.
18. Расули Худо (сав) фармудаанд, ки тилло ва абрешим барои занони умматам халол ва барои мардон харом хастанд.
19. Расули акрам (сав) фармудаанд, ки либос то замоне ки салохияти пина ва пайвандро дорад, набояд онро кухна тасаввур кард ва дур андохт.
20. Либоси хуб танхо навии он нест, балки хубии либос покии он аст, гарчанде кухна хам шуда бошад, зеро Худованд афроди пок ва покизаро дуст медорад.
21. Расули акрам صلي الله عليه و سلم фармуданд:
"Бихобед, бинушед, садака бидихед, бипушед, лекин муртакиби исроф ва кибр нашавед"
Саъй шавад то либоси пурзарку барк истифода нашавад.
Аз Имом Абуханифа ривоят аст, ки пушидани либосхои кимматбахоро дуст медошт.
22. Мардон аз пушиши занона ва занон аз пушиши мардона бархазар бошанд, зеро бар ин амал ваъиди сахт омадааст.
23. Чун касе худро дар оина нигох кунад чунин дуо кунад:
"اللهم انت حسنت خٓٓلقي فحسِّن خُلقي"
Яъне Бор Худое чисми маро неку сохтй, ахлокамро низ неку гардон.
[Баргирифта аз китоби "آداب و سنن زندگي از نگاه اهل سنت"]
والله اعلم بالصواب
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев