Савол:
Асалому алейкум бародарчон як савол доштам! Шахсе ки узр дорад (бародар аз суолкунанда узрашро пурсон шудам гуфт аз пойяш зардоб меравад) дар хона тахорат карда ва махсихои худро мепушад баъд тахораташро баъди намоз мешиканад аз сари нав тахорат карда ва аз болои махсихояш махс мекашад то чанд шабона руз метавонад махс кашад сохиб узр.бародар агар имконият бошад очилан чавоб дихед
Чавоб:
بسم الله الرحمن الرحيم
Хукми масх бар музахо (масхй)
Масх бар муза (масхй) аз хусусиятхои уммати Мухаммадист, ки машруияти он ба суннати набавй собит аст. Дар ин маврид ривоятхо машхур аст, хатто то он дарача машхур аст, ки ба кавли сохиби "مستخلص" тавассути он зиедат бар китоб (Куръон) чоиз аст.
Аз Имом Ахмад (рах) накл аст, ки мефармояд:
"Дар мавриди масх бар музахо дар дили ман як зарра шубхае нест, зеро дар ин маврид аз 40 сахоба хадис ривоят шудааст".
Ибни Абихотам мегуяд, ки масх бар музаро 41 сахоба аз Паембар ривоят кардаанд.
Дар "البدائع" аз Хасани Басрй манкул аст, ки ман 70 сахобаи Бадриро дидаам, ки коили масх бар муза буданд.
Дар "سراجي", عيني, "فتح القدير" ва "البدائع" бисере аз сахобагони ривояткунандаро бо тахричи аходисашон (маъа мо лахо ва мо алайхо) зикр кардаанд, ки хохишмандон метавонанд мурочиа намоянд.
Хофиз ибни Хачар дар "فتح الباري" тахрир намудааст, ки бархе уламо сахобагони ривояткунандаро дар мавриди масхи музахо чамъ намуданд, ки аз 80 хам зиед шуд.
Ба хар хол, гайр аз Равофиз ва Хаворич, хама уммат ичмоъ бар чавози масхи музахо кардаанд. Дар он хеч чои шакку шубхае нест, бино бар ин дар "محيط" аз Имом Абуханифа (рах) манкул аст, ки барои мункири масх хавфи куфр аст. Дар "در المختار" омадааст, ки мункири масх мубтадиъ мебошад.
Аз Имом Абуханифа дар мавриди таърифи "ахли суннат ва чамоат" пурсиданд. Хазрат дар чавоб фармуд:
"Касе ки фазилати "шайхайн" (Хазрати Абубакр ва Умар раз)-ро икрор мекунад ва дустдори "хатанайн" (Хазрати Усмон ва Али раз) мебошад ва коил бар масхи музахо мебошад, ин кас аз Ахли суннат валчамоат аст.
Муддати масх
Назди Имом Молик (рах) масх бе таъйин ва тахдиди вакт чоиз аст. Аммо назди чумхури уламо, асхоби киром ва тобеин вакти он махдуд аст.
Аз Хазрати Алй, Умар, Чобир, Хузайма, Сафвон, Авф ибн Молик, Абубакра ва Оиша (разияллоху анхум) ривоят шудааст, ки Расулуллох (сав) иршод фармуданд, ки:
"يمسح المقيم يوما و ليلة والمسافر ثلاثة ايام و لياليها" [رواه مسلم]
Яъне муким як шабонаруз ва мусофир се шабонаруз масх мекашад. (Тахричи хадисхои сахобагони фавкуззикрро дар "البدائع" боби "المسح علي الخفين" метавонед пайдо намоед).
Агар шахсе гуяд, ки Абудовуд, Дорикутнй ва Байхакй аз ибни Аммора 7 руз е зиеда ривоят кардаанд, дар чавоб мегуем, ки ин осор дар мукобили аходиси сахех кобили пазириш нестанд ва илова бар ин исноди онхо холй аз иллат нест.
Масъалаи эътибори муддати масх е ин ки ибтидои муддати масх назди оммаи фукахо баъд аз хадас (шикастани вузуъ баъди пушидани музахо) шуруъ мешавад. Имом Шофеи, Саврй, Ахмад, Довуд дар ду кавли сахех, балки кавли чумхури уламо хамин аст. Инчо кавлхои дигар хам хаст.
Дар ин чо хамин кадар кифоя аст ва маълумоти тафсилиро, оиди шарту шароити масх, шартхои чавози он, микдори масх, тарики масх, шиканандои масх ва г. метавонед аз китобхои фикхй дастрас намоед. Барои хамин ба асли масъалаи саволшуда мегузарем ва мегуем, ки он чи дар баени муддати масх (як шабонаруз барои муким ва се шабонаруз барои мусофир) гуфтем барои шахсони гайри маъзур буд, аммо барои шахси маъзур пас чанд холат дорад. Сараввал бояд бидонем, ки маъзур кист?
Маъзур касест, ки мубталои хадас (бетахоратй) мегардад, монанди зани мустахоза е касе ки силсилул бавл (пешобаш намеистад) е доим хуни бинй мешавад е боди шикамаш доим мебарояд е чарохате дорад, ки хунаш катъ намешавад.
Хукми шахсони маъзур он аст, ки дар вакти хар намоз вузуъ мегиранд. Масалан дар намози Бомдод тахорат мекунад ва то намози Пешин чи намозе ки аз нафлу фарз бихохад ба хамин тахораташ хонда метавонад, аммо вакти намози Пешин ки даромад у бояд бори дигар вузуъ бигирад. Оиди тафсилоти ахкоми маъзур ба кутуби фикхй мурочиа намоед.
Холо агар шахси маъзур вузуъ бигирад ва музахояшро (масхй) бипушад назди асхоби сегонаи мо (Имом Абуханифа, Имом Мухаммад ва Имом Абуюсуф) дорои 4 холат мебошад:
1. Вакти вузуъ ва вакти пушидани масхй хун (е зардоб) аз чарохат манъ шуда бошад.
2. Хам дар вакти вузуъ ва хам дар вакти пушидани масхихо хун аз чарохат чорй бошад.
3. Дар вакти вузуъ истода бошад ва дар вакти пушидани музахо чорй шавад.
4. Дар вакти вузуъ чорй ва дар вакти пушидани масхй истода (мункатиъ) бошад.
Дар сурати якум (яъне дар харду холат хун мункатиъ буд) хукми шахси маъзур дар муддати масх мисли хукми шахсони гайри маъзур мебошад, яъне агар муким бошад як шабонаруз ва мусофир бошад се шабонаруз аз вакти хадас метавонад масх бикашад.
Аммо дар се сурати бокимонда пас муддати масхаш вакти хар намоз мебошад, чунки музахоро бар тахорати комил напушидааст.
Масалан вакти намози пешин тахорат мекунад ва метавонад бо ин тахорат то вакти намози аср хар намозе, ки аз нафлу фарзу казо бихохад бихонад. Дар ин муддат агар тахораташ гайр аз узраш шикаст (масалан узри у чарохати соил буд аммо вузуаш бо чизи дигаре аз шиканандахои вузуъ шикаст) метавонад масх бикашад ва вакти намози дигар ки шуд музахояшро кашида тахорати комил менамояд.
Тафсилотро метавонед дар китоби:
"البدائع الصنائع" كتاب الطهارة باب المسح علي الخفين ج1 ص122
мулохиза намоед.
والله اعلم بالصواب
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев