Саволи 1:
Бародар мархамат карда мегуфтед кадом вакт имон аз одам хорич мешавад. Дар холати кадом гунох хама ё ин ки танхо гунохони кабира ва баъдан боз чи гуна ворид мешавад?
Саволи 2:
Чанд руз пеш дар фейсбук бародареро дидам, ки гуфтааст:
"Имом Абуханифа ва асхобаш мурчиатул фатво буданд"
Ое ин гап ягон хакикат дорад?
Чавоб:
بسم الله الرحمن الرحيم
Бародари гиромй харду савол хам ба илми акоид мутаалликанд ва дар бораи зарурати илми акоид ва асли шаръ будани он дар нашрияхои каблй сухбате доштаем, мурочиа шавад. Саволи дууввум хам ба акоид робита дорад, чунки асли пайдоиши ин сухан, яъне мурчиа будани е набудани Имом Абуханифа аз як мабхаси акоидй сарчашма мегирад, ки муфассалан дар ин бора сухбат хохем кард, хатто сухани худи Имомро дар чавоб ба ин савол пешкаши шумо мегардонем, то ки баъзе кутохназарон ва камфикрони замони мо ба худ оянд. Сипас оиди саволи аввал дар охир ишора хохем кард бо вучуди он ки дар дар мабхаси Имом чавоби он ошкор хохад шуд.
Акоид ва калом
Дар охирхои даврони сахоба фиркахои мухталифе по ба арсаи вучуд ниход. Маъбад Чуханй, ки хамнишинй бо асхобро ефта буд, масъалаи "кадр"-ро матрах кард. Восил ибни Ато, ки дар улуми арабй ва илми калом тасаллути комил дошт ва яке аз шогирдони Хасани Басрй буд, акидаи эътизолро по ниход. Чахм ибни Сафвон гурухи Чахамияро буненгузорй кард. Кабл аз инхо фиркахои Хаворич зухур карда буданд. Дар замони Имом Абуханифа ин гуна масоил (акоидй) дар хар махфиле матрах мешуд ва хама чо бозори мунозара гарм буд. Яке аз ин масоил масалаи имон ва амал буд.
Имон ва амал
Имом Абуханифа фароиз ва аъмолро чузъи имон карор намедод. Имруз дар ин бора бахс кардан монанди тахсил хосил аст, зеро як шахси маъмулй ба хубй медонад, ки имон номи эътикод аст, ки ба дил марбут мешавад ва фароиз ва аъмол кори аъзо ва чаворих аст. Аз ин чихат на имон мураккаб аз эътикоду амал аст ва на ин ду чузъи якдигар карор мегиранд. Аммо дар он замон ин як масъалаи бахсбарангез буд ва бештар асхоби завохир, хатто баъзе мучтахидин, мухолифи он буданд. То замони сахобаи киром бахсхои марбут ба акоиди Исломй комилан хамвор ва бе талотум буданд. Арабхо хеч гуна сару коре бо ин гуна дакикбинихо ва мушикофихо надоштанд. Аммо дар миенаи даврони Уммавиен, ки кудрати низомии онхо ру ба завол ниход, густариши зиндагии ичтимой ва тагйироти фарханшй боиси ба вучуд омадани мабохиси "чабру кадр", "ташбеху танзех", "адлу чавр" ва гайра (ки масоили эътикодй мебошанд) гардид. Ин мабохис аз диери ачам ва е манотике, ки аз ачамихо таъсирпазир буд нашъат гирифт ва чун ин. Садохо ноошно буд аксуламал ва вокунишхои шадиде дар махфилхои мазхабй, ки бештари онхо араб буданд, ба вучуд овард. Мухаддисин ва фукахо бо шиддати тамом ба мукобила бо мубтадиъин бархостанд. Дар хусус дар ростои ин мубориза худашон лузуман чониби исбот е нафйро ихтиер мекарданд, аммо чуши мухолифат ва вокуниши шадид гохо онхоро аз чодаи эътидол хорич мекард. Мазхаби Муътазила ин буд, ки Куръони мачид як гуфтори чадиди Худовандист, ки хамзамон ба нубуввати Паембар ба вучуд омад. Баъзе бо эътироз ба ин акида то чойе пеш рафтанд, ки хатто талаффузи Куръонро низ кадим карор доданд. Имом Зихлй, ки яке аз устозони Имом Бухорист ва дар Сахехи Бухорй ривоятхои зиеде аз тарики вай накл шудаанд, ба хамин хотир ки Имом Бухорй кироати Куръонро ходис медонист аз Имом Бухорй норозй шуд ва чунон бо у мухолиф шуд, ки эълон кард:
"Хар кас назди Имом Бухорй рафту омад менамояд, дар халкаи дарси мо ширкат накунад" (Ин вокеотро Хофиз ибни Хачар дар "Фатхул борй" шархи Сахехи Бухорй ба тафсил овардааст)
Имом Бухорй ба кадим (азалй) будани Куръон муътакид буд, аммо талаффузи Куръонро ходис (пайдошуда) медонист ва Имом Зихлй бар кадим будани кироат низ исрор дошт. Дар масоили дигар низ сахтгирихои бисере мешуд, ки дар ин чо мачоле барои зикри ин гуна масоил нест.
Имом Абуханифа дар тамоми ин масоил ва мабохис чанбаеро ихтиер намуд, ки бо наклу акл мутобик буд ва ба ибораи дигар магзи сухан буд. Аз чумлаи он мабохис яке хамин масъалаи имон ва амал буд.
Мурчиа муътакид буданд, ки имон ва амал ду чизи комилан чудо аз якдигаранд. Дар сурати комил будани имон ва тасдик, анчом надодани аъмол хеч зараре ба имон ворид намекунад. Агар фарде ба тавхид ва нубувват аз самими калб муътакид бошад ва фароизро анчом надихад, муохаза намешавад. Агарчи бахши аввали ин акида дуруст буд, аммо мухаддисин бидуни истисно яксара кулли мазхаби онхоро мардуд дониста ва ба мухолифати он камар бастанд. Дар мукобил чун аз зохири баъзе оятхои Куръон гуфтаи онхо таъйид мешуд, онхо таквияти бештаре хосил намуданд. Агар ин тарзи тафаккур дар хадди як масъала ичтиходй махдуд мешуд ин кадар мушкилоти зиедеро ба миен намеовард, аммо мутаассифона онхо дар бархурд бо хомиени ин тарз фикр чунон бошиддат бархурд мекарданд, ки боиси мушкилот мегардид. Чунончи як мартаба Имом Абуюсуф ба унвони шохид дар робита бо як парванда дар махзари козй Шурайк хузур ефт. Шурайк гуфт, ки ман гувохии мардеро кабул надорам, ки ба гуфтаи вай намоз чузъи имон нест.
Аммо Имом Абуханифа ба ин ки ин масъала ва кавл моли фалон шахс е фалон гурух аст таваччух намекард вай ба асл ва хакикати он кавл таваччух мекард (чунончи мегуянд لا تنظر الي من قال و انظر الي ما قال) ва ба магзи сухан мерасид. Вакте ки ин масъала дар хидамати вай изхор шуд ошкоро гуфт:
"Имон ва амал ду чизи мучаззо чудо хастанд ва хукми харду низ мухталиф аст". Ба ин хотир бисере аз мардум вайро Мурчиа мепиндоштанд, аммо вай аз изхори хакмкат боке надошт. Бисере аз мухаддисин ва фукахо бо вай хамакида ва хамкалом буданд, низ ба ин ном (Мурчиа) хитоб мешуданд.
Мухаддис ибни Кутайба дар китоби машхур ва мустанади худ "ал-Маориф" дар бахси Мурчиа номи бисере аз фукахо ва мухаддисинро овардааст, ки аз миени онхо:
Иброхими Тамимй, Амр ибни Мурра, Талк ал-Хабиб, Хаммод ибни Сулаймон, Абдулазиз ибни Абудовуд, Хорича ибни Мусъаб, Амр ибни Кайс ал-Асар, Абумуовия аз-Зарир, Яхе ибни Закарие ва Мисъар ибни Кидом низ мурчиа шумор шудаанд. Дар холе ки аксари инхо дар хадис ва ривоят имоми фан дар замони хеш будаанд ва дар Сахехи Бухорй ва Сахехи Муслим бисере аз ривоятхои ин афрод ба чашм мехурад. Баъзе аз афроди кутахфикр дар замони мо бар ин амр бисер хушхоланд, ки баъзе аз мухаддисин Хазрати Имоми Аъзамро мурчиа гуфтаанд. Агар ин гурухи кутохандешони замони мо ба фехрасти ибни Кутайба иттилоъ шаванд, шояд хушхолии онхо ба яъсу навмедй табдил шавад. Дар китоби "ميزان الاعتدال" мухаддис аллома Захабй дар тазкираи Мисъар ибни Кидом навиштааст, ки:
"Ирчоъ (мурчиа) мазхаби аксари уламои аълом буда ва ба коилини ин мазхаб набояд ишкол гирифт". Ин ирчоъ хамон ирчоест, ки ба Имом Абуханифа нисбат шудааст.
Ин масъала агарчи дар зохири амр чандон масъалаи мухим набуд, аммо натичахои баде дошт. Аз ин чихат Исом Абуханифа бо камоли озодй онро изхор мекард. Зеро амалро чузъи имон карор додан мусталзими ин аст, ки агар касе мудовамат ба аъмол надошта бошад муъмин нест ва ин мазхаби Хаворич аст. Онхо муртакиби гунохи кабираро кофир медонистанд. Албатта агар аксари мухаддисин чунин шахсеро кофир намедонистанд, набояд истинбот кард, ки онхо амалро барои имон лозим намедонистанд. Лузуми амал барои имон амре катъй ва якинист, ки хеч кас наметавонад онро инкор кунад.
Имом Розй дар китоби "Манокибуш-Шофеъй" менависад:
"Мардум бар Имом Шофеи эътироз мекарданд, ки вай суханони мутазод ва мутанокиз мегуяд. Ба ин далел ки аз тарафе мегуяд:
"Имон иборат аст аз мачмуаи тасдик ва амал" ва аз тарафе дигар мегуяд:
"Аз тарки амал хеч фарде кофир намешавад". Дар холе ки барои як мураккаб лозим аст, ки хамаи ачзои он мавчуд бошанд, дар гайри ин сурат мураккаб мураккаб бокй намемонад. Ба хамин далел Муътазила муътакиданд, ки амал чузъе аз имон аст ва агар амал набошад имон низ нобуд мешавад. Аммо аз тарафи Исом шофеи метавон гуфт:
Асли имон иборат аст аз икрору эътикод ва дигар аъмол самара ва тобеи имон хастанд. Аммо чунки гох гохе ба таври мачоз ба тобеъ низ асл итлок мегардад, бино бар ин метавон мачозан имонро бар аъмол итлок кард. Ва ин амр мубархан аст, ки аз фавт шудани тавобеъ асли як чиз фавт намешавад".
Аммо Имом Розй дар охир мегуяд, ки аз ин чавоб кавли мазхаби Имом Шофеи рад мешавад. Имом Розй агарчи шофеимазхаб аст ва тарафдори сарсахти Имом Шофеи мебошад, аммо чунки худи вай сохибназар ва нукташинос аст, мачбур мешавад бугуяд, ки аз ду чиз якеро интихоб намоем: Е ин ки амалро аз тавобеи имон бишуморем, на асли имон, е бипазирем хар фарде, ки пойбанд ба аъмол нест муъмин нест.
Номаи Имом Абуханифа
Дар робита бо ин бахс навиштае аз Имом Абуханифа вучуд дорад, ки бар диккати тафаккури Хазрати Имом далолат дорад ва хакикати асли масъала ошкор мегардад. Ба хамин муносибат накли онро дар инчо муносиб медонем. Ин навишта чавобест ба номаи Усмон Батй, ки барои Хазрати Имом фиристода буд. Усмон Батй яке аз мухаддисини машхури он замон буд. Вакте назариети Имом дар миени оммаи мардум ба сари забонхо афтод, вай дар садади ин баромад, ки номаи дустонае барои Имом бинависад. Мазмуни нома ин буд:
"Мардум шуморо Мурчиа мехонанд ва мегуянд, ки шумо гумрох будани муъминро чоиз медонед. Ман аз ин суханон бисер ранч мебарам. Ое ин суханон дурустанд?"
Хазрати Имом дар чавоби у як номаи тулонй навишт, ки баъзе аз чумлахоро интихоб карда мегависем. Эшон баъд аз сипос ва салом аз насихатхои хайрхохонаи Усмон Батй ташаккур карда асли матлабро чунин огоз мекунад:
"Кабл аз биъсати Набии акрам (сав) хама мардум мушрик буданд. Замоне ки Паембар (сав) ба нубувват расид мардумро даъват кард, ки ба ягонагии Худованд икрор кунанд ва хар ончиро Расул (сав) аз тарафи Худо овардааст бипазиранд. Пас хар фарде, ки Ислом меовард ва ширкро рахо мекард молу чони у махфуз мемонд. Сипас дар хусуси афроде, ки имон меоварданд фароиз ва ахком нозил мешуд, ки пойбандй ба он ахком амал ном гирифт ва дар ин оят Худованд ба ин ишора мекунад:
{الذين امنوا و عملوا الصالحات}
Ва е ояти:
{من يؤمن بالله و يعمل صالحا} (طلاق:١١)
Ва оятхои дигаре низ гуеи хамин матлаб аст. Ва аз ин оятхо собит мешавад, ки аз амал накардан имон аз байн намеравад. Албатта агар бовар ва якин набошад нисбат додани имон ба муъмин дуруст нест. Хамчунин чудо будани имон ва амал аз якдигар аз ин масаъала низ собит мешавад, ки аз назари имон хама муслимин баробар хастанд, аммо аз чанбаи аъмол дар маротиби онхо фарк вучуд дорад, зеро дину оин як аст. Худованди Мутаол мефармояд:
{شرع لكم من الدين ما وصى به نوحا و الذي اوحينا اليك و ما وصى به ابراهيم و موسى و عيسى ان اقيموا الدين و لا تفرقوا فيه} (شورى/١٣)
Тарчума (Оинеро барои шумо ташриъ кард, ки ба Нух тавсия карда буд ва он чиро бар ту вахй фиристодем ва ба Иброхим ва Мусо ва Исо тавсия кардем ин буд, ки динро бар по доред ва дар он тафрика накунед.)
Бояд гуфт, ки хидояти дар тасдик ва хидояти дар аъмол ду чизи чудогона хастанд. Шумо фардеро, ки аз фароиз бехабар аст метавонед муъмин тасаввур кунед. Пас ин фард аз назари анчоми фароиз чохил ва аз назари тасдик муъмин аст. Худи Худованд дар Куръон низ чунин итлок кардааст, ки ое шумо фардеро, ки аз назари маърифати Худо ва Расул (сав) гумрох аст бо фарде, ки муъмин аст, аммо аз аъмол бехабар аст баробар карор медихед?!
Худованд дар чое, ки фароизро баен мекунад, мегуяд:
{يبين الله لكم ان تضلوا} (مائدة/١٧٦)
Яъне Худованд ба ин далел баен кардааст, то шумо гумрох нашавед. Дар ояти дигаре зикр шудааст:
{ان تضل احدهما فتذكر احدهما الاخري} (بقرة/٢٨٢)
Яъне агар яке фаромуш шавад дигаре ба у тазаккур дихад.
Хазрати Мусо (а) мегуяд:
{فعلتها اذا و انا من الضالين} (شعراء/٢٠)
Яъне вакте онро анчом додам гумрох будам".
Гайр аз инхо оятхои дигаре низ вучуд дорад, ки далоили котеъе барои исботи ин иддао хастанд. Аходис аз ин низ равшантаранд. Хазрати Умар (раз) ва Али (раз) харду ба лакаби Амирулмуъминин садо мешуданд, пас ое мафхуми ин лакаб ин аст, ки онхо факат амири касоне буданд, ки пойбанди фароиз ва аъмол буданд?! Хазрати Али (раз) ахли Шомро, ки бо у чанг мекард муъмин гуфт. Ое гунохе аз катл хам бузургтар вучуд дорад? Пас ое аз миени касоне, ки чангиданд котилину мактулин хардуро бар хак мепиндоред? (Яъне агар шумо факат якеро бар хак мепиндоред, онгох дар бораи фарики мухолиф чи назаре доред?) инро хуб дарк кунед ва дар мавриди он биандешед. Ман муътакидам, ки ахли кибла хамагй муъмин хастанд ва аз тарки фароиз кофир намешаванд. Хар фарде, ки бо имон фароизро анчом дихад муъмин ва бихиштй аст. Ва хар кас, ки имон ва фароизро тарк кунад кофир ва дузахй аст. Аммо фарзе, ки дар фароиз сустй мекунад мусалмон гуфта мешавад, аммо гунахкор аст. Худованд дар робита бо у ихтиер дорад, ки вайро бар тарки фароиз азоб намояд е мавриди афву бахшиши хеш карор дихад".
Хазрати Имом ба тарзе ин иддаоро ба исбот расонидааст, ки вокеан бехтар аз он наметавон овард ва дар робита бо фарки имон ва аъмол чи далеле метавонад аз истидлоли Имом бехтар бошад, ки дар ибтидои Ислом даъват махдуд ба имон буд ва фароиз вучуд надошт. Оятхоеро ки Хазрати Имом ба унвони истидлол овардааст аз онхо ба таври ошкор собит мешавад, ки имон ва аъмол ду чизи чудогона хастанд. Зеро дар ин оет аъмол бар имон атф шудааст ва бадехист, ки дар дастури забони арабй чузъ бар кул атф намешавад.
Дар тарафи мукобил низ оет ва аходисе вучуд доранд, ки метавон аз онхо истидлол кард, аммо хеч кадоми онхо барои исботи муддао кофй нест. Мухимтарин далели мухолифин ин хадиси паембар аст, ки "Муъмин дар холате, ки дуздй ва зино мекунад муъмин нест". Дар холе ки ин тарзи эроди калом яке аз равишхои бархазар доштан аст. Мисли ин ки дар забони омиена мегуем: "Инсон чи гуна метавонад ин корро анчом дихад". Яъне: ин кор мухолиф бо шарофат ва каромат ва шарофати инсонист. Бе тардид зино ва дуздй мухолиф бо шаън ва макоми имон аст ва мафхуми хадис низ хаминро талаб мекунад. Ва илло дар хадиси Хазрати Абузар бо сарохати комил баен шудааст, ки "Хар кас "Ло илоха иллаллоху" бигуяд дохили бихишт мешавад, агарчи зонй ва дузд бошад".
Аз ин кабил масоили масъалаи дигари мутааллик ба имон мебошад, ки ое имон каму зиед мешавад? Ин масъала низ доманадор аст ва инчо наметавонем онро низ баррасй намоем. Факат хаминро мегуем, ки назди Имом Абуханифа имон каму зиед намешавад, аммо дар таъбири он баъзе мардум, хатто худи ахноф, дучори иштибох шуданд. Хулоса Хазрати Имом иддао намекунад, ки имон аз назари "кайфият" , яъне шиддат ва заъф, каму беш намешавад, балки эшон муътакид аст, ки имон аз лихози "каммият" каму беш намешавад. Ва асли ин масъала бар ин аст, ки аъмол чузъи имон нестанд, ки ин амрро каблан зикр кардем.
Вакте ки ин амр фахмида шуд метавонем ба чавоби саволи аввал бипардозем ва аз чониби ахли суннат ва чамоат мегуем:
"و لا نكفر مسلما بذنب من الذنوب و ان كانت كبيرة اذ لم يستحلها و لا نزيل عنه اسم الايمان"
Ягон мусулмонеро ба сабаби иртикоби маъсият, агарчанде кабира бошад ба куфр нисбат намедихем ва имонро аз у салб намекунем, модоме ки он маъсиятро (ки харом буданаш бо далели катъй собит шуда бошад) халол эътикод намояд. (شرح الفقه الاكبر تاليف الملا علي القاري/١٥٥)
Пас ба сабаби гунох имони муъмин хорич намешавад ва мафхуми хадисеро, ки мегуяд муъмин вакти зино е дуздй муъмин нест, дар боло зикр карда будем.
Дар Акоиди Насафй чунин меорад:
"Удул аз маонии зохирии оет ва аходис ба маоние, ки ахли ботин (исмоилия) иддао мекунанд куфр аст. Ва рад кардани нусуси шаръй ва халол шумурдани гунох куфр аст, хар гох ки бо далели катъй гунох будани он собит шуда бошад. Ва тахкири нусуси шаръй ва истехзои шариат ва ноумед шудан аз рахмати Худованд ва осуда шудан аз мучозоти Илохй ва тасдики он чи фолбин ва кохин ба унвони умури гайбй баен мекунад куфр аст. (Шархун-насафия фил акидатил исломия/296)
Масъалаи мазкур бисер доманадор аст ва нозукихои зиедеро талаб менамояд ва баро маълумоти муфассал хохишмандон метавонанд ба китоби гаронарзиши мухаддиси кабир шайх Мухаммад Анваршохи Кашмирй "Икфорул мулхидин фи зарурийетид-дин" мурочиа намоянд.
و اخر دعوانا ان الحمد لله رب العالمين
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев