Савол:
Ое азон гуфтан дар гуши навзод аз аходис собит аст?
Чавоб:
Бале, азон додан ва икома намудан дар гуши навзод (хох писар бошад хох духтар) мустахаб мебошад ва навзодро аз бемории "умми сибен"(1) дар амон нигох медорад.
عن ابي رافع قال : رأيت رسول الله : "اذّن في اذن الحسن بن علي - حين ولدته الفاطمة - بالصلاة" [رواه الترمذي و ابو داود و احمد و قال الترمذي هذا حديث حسن صحيح] (2)
Яъне, аз Абурофеъ ривоят аст, ки гуфт:
"Дидам Расулуллохро, ки дар гуши Хасан (раз) писари Алй (раз) азон гуфт, мисли азони намоз, хангоме ки таваллуд кард уро Фотима (раз)." [ба ривояти Тирмизй, Абудовуд ва Ахмад ва Тирмизй ин хадисро хасан сахех гуфтааст]
Шайх Абдулхак мухаддиси Дехлавй дар шархи хадис дар "Ашъатулламаот" овардааст:
"Ин суннат аст вакти вилодат, аз чихати даровардани калимаи Аллох ва дини Ислом дар аввали омадани у ба дуне. Ва тахсис ба азон кард, зеро ки шайтон назди шунидани азон пушт менихад ва мегурезад. Ва аз баъзе салафи солех накл карда шудааст, ки азон гуяд дар гуши рост ва икомат дар гуши чап. Ва дар "روضة" овардааст, ки мустахаб аст, ки дар гуши навзод гуяд:
اني اعيذها بك و ذريتها من الشيطان الرجيم
(Тарчума: Ман у ва фарзандонашро аз шайтони рачим дар панохи Ту карор медихам)". (3)
Дар "Миркотул мафотих" шархи "Мишкот" овардааст:
"Ва ин ба суннат будани азон барои навзод далолат мекунад. Ва дар "شرح السنة" :
Ривооят аст, ки Умар ибни Абдулазиз (раз) хангоми таваллуд шудани навзоде дар гуши росташ азон ва дар гуши чапаш икомат мегуфт.
Дар Муснади Абуяълои Мавсилй аз Хусайн (раз) марфуан омадааст, ки дар гуши рости навзод азон ва дар гуши чапаш икомат бигуяд умми сибен ба он навзод зарар намерасонад". (4)
Санади гуфтааст:
"Пас мебардорад навзодро назди вилодаташ ва тарафи кибла руй меорад ва азон мегуяд дар гуши росташ ва икомат мегуяд дар гуши чапаш ва дар хайя алассалот ба тарафи рост ва дар хайя алал фалох ба тарафи чап нигох мекунад ва фоидаи азон дар гуши навзод ин аст, ки умми сибен аз у дур мешавад" (5)
والله اعلم بالصواب
1. Як навъ бемориест, ки кудакон бехуш мешаванд.
2. Абудовуд дар "Сунан" 5/333 хадиси раками 5105, Тирмизй 4/82 хадиси раками 1514, Ахмад дар "Муснад" 6/9
3. "اشعة اللمعات ج3 ص514"
4. مرقاة المفاتيح شرح مشكاة المصابيح ٧٥/٧، عون المعبود شرح سنن ابو داود ١٤/٩
5. تقريرات الرافعي ٤٥/١
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев