Суол : Агар дар деҳае дар моҳи мубораки рамазон дар даҳ рӯзи ахири рамазон шахсе барои эътикоф ҳозир нашуд (ҳеҷ кас дар масҷид эътикоф нанишаст) ва мардум машварат намуда якеро бо таъйини ҳуқуқ (пул додан, иҷора гирифтан) барои эътикоф нишонданд оё ин эътикоф дуруст аст ё на?
Ҷавоб : Чунки эътикоф суннати муаккада ва аз ибодатҳои маҳза аст иҷора гирифтан бар он ҷоиз нест, балки бар тамоми афроди маҳалла лозим аст, ки ризояти шахсеро ҷалб намуда ва ба эътикоф бидуни иҷора бинишонанд, ва агар ҳеҷ касе нанишаст ҳама аҳли маҳалла бар тарки суннати муаккада гунаҳкор мешаванд.
Фуқаҳои мутааххирин агарчи иҷора бар ибодотро дар баъзе маворид ҷоиз қарор додаанд (мисли барои азон ва қомат ё аз тарафи касе ҳаҷ кардан ё имомати дар намоз ва таълими Қуръон ва фиқҳ) аммо эътикоф ҷузъи онҳо нест.
(дуррул-мухтор)
(раддул-муҳтор)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев