Хочат дори аз Худованд биталаб!
Намози Ҳоҷат! Ҳоҷат дори аз Аллоҳ бихоҳ!
«Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем» (Фотиҳа)
Тариқаи хондани намози ҳоҷат ҳамон намози маъмулии ду ракаъата аст. Паёмбари Худо (Дуъову дуруд бар у бод') фармудаанд:
-« ҳаркиро ҳоҷатест ба Худованд пас таҳорати хуб бикунад баъд аз он ду ракаъат намоз гузорад (афзалаш дили шаб) ва баъд аз он ҳамду санои Аллоҳро бигуяд ва дуруду салом фиристад ба Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод') ва ин дуъоро бихонад:
-«Ло илоҳа иллаллоҳул Ҳалимул Карим субҳоналлоҳи раббил аршил ъазим алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин, Асъ алуку муҷиботи раҳматика ва ъазоима мағфиратика вал ғанимата мин кулли бирр вассаломату мин кулли исм. Ло тадаъ ли занмбан илло ғаффартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу ва ло ҳоҷҷатан ҳия лака ризо илло қазайтаҳо ё арҳамарр роҳимин.”
Баъд аз он аз Худованд ҳарчи, ки мехоҳад аз амри дунёву охират талаб намояд”.(ривояти Тирмизи ва ибни Моҷа).
Сабаби он ки чаро афзал дили шаб аст далил ин хадиси мубораки Расули Акрам (Дуову дуруд бар у бод) аст, ки ба чунин мазмун аст: Дар ҳадисе ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст, мефармояд:
- Расули Худо ( Дуову дуруд бар у бод') фармуд:
“Худованд ҳар шаб баъд аз гузаштани аз се ду қисми шаб ба осмони дунё нузул мефармояд ва мегӯяд: -Оё касе ҳаст, ки манро бихонад (дуъо кунад), то ӯро иҷобат кунам? -Оё касе ҳаст, ки аз ман бихоҳад, то ба ӯ бидиҳам? -Оё касе ҳаст, ки аз ман талаби бахшиш кунад, то ӯро бибахшам”. (Бухорӣ китоби таҳаҷҷуд).
Дар ҳадисе ки ибни Умар (р.з) онро ривоят карда аст, мефармояд: Ибни Умар (р.з) мегуяд:
-«Марде расули Худоро аз намози шаб пурсид. Паёмбари Худо( Дуову дуруд бар у бод') фармуд: “Намози шаб ду ракаъати ду ракаъати мебошад. Вақто ки аз фаро расидан субҳ тарс дори пеш аз намози фаҷр як ракаъатро ба танҳоги бихон(яъне 3 ракъат намо), ин ракаъат тамоми намозҳои ду ракъати пеш аз худашро ба сурати витр дар меоавард”. ( Бухори, китоби витр).
Дили шаб соатест ки ҳама олам ором мегирад ва танҳо «бандагони Хоси Аллоҳ» хобро барои худ ҳарром дониста бармехезанд ва ғусл ё таҳорати пок месозанду дар намозу дуъо бо Холиқи худ «роз» мегуянд. Ин беҳтарин суннатест ки бар мо умматон аз Расули Акрам (Дуову дуруд бар у бод') расида.
Дили шаб соатест ки тамоми бузургони Ислом он соатро ба намози шаб мегузарониданд ва Худованд ҳамаи онҳоро муваффақ гардонидааст.
Шумо метавонед намози ҳоҷат хонда дар ҳамчунин дар ҳаққи зану фарзандонатон, хешу наздиконатон, дустатон ва ё ҷамии Мусалмонон дуъои хайр намоеед ва дар дуъоятон аз Худованд барои онон низ шифо, кушоиш, осоиш, бахту фарзанд, адои қарзу дигару дигар талаб намоед.
Чун тибқи ҳадиси муборак ҳар бандае дар ҳаққи бародарону хоҳарони Исломиаш дуъо кунад - Худованд фариштагонеро дар қиболаш гузорад то омин гуянду бар дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Холиқи Осумонҳо дар дуъояшон талаб намоянд.
Пас мутмаин бошед ки дуъои фариштагон бе шак қабулшаванда аст. Дуъо гарчанде дар забон сабук аст- аммо дар асл беҳтарину бузургтарин ъибодатест ки Худовандро аз бандагон рози кунонад. Албатта агар ин дуъо «холис» бошад! Дуъои «холис»-она Ин Шо Аллоҳ бе ҷавоб нахоҳад монд.
Пас бародару хоҳари Исломиам оё барои ҳоҷат хостан, барои шифо хостан, барои кушоиш хостан, барои осоиш хостан мо он чи ки Худову Расулаш (Дуову дуруд бар у бод') фармудаанд пайрави кунем беҳтар аст - ва ё баъзе бидъату ҳатто «щирк»-и маҳзе ки имрузҳо паҳн гаштаанду дониставу надониста зиёди мо ба он даст мезанем????
Чун зиёданд нафароне ки вакте мушкилие болояшон ояд, ҳоҷате дошта бошанд, фарзанддор нашаванд, беморе шаванд - ба ҷои он ки зуд худ ба намоз қоим шуда дар дуъо аз Холиқи Худ кушоишу сабуки хоҳанд ба назди ҷодугарону дуруғгуён, баъзе фолбине ки «китобкушо» худро мегуяд, ва ё сари қабри азизони Худо рафта мушкилашонро арза менамоянд. Гумони онҳо ки ин аст Ислом, ва ё ҳеч зараре надорад- аммо дар асл ин аст «щирки ба Худо»!
Бо далели ин ояҳову аҳодис:
«Дуъои ғайри Худованд ширк аст ва аз асбоби дохил шудани дузах мебошад». Худованд мефармояд:
«Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дарои» (Шуро 213)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод' мефармояд:
«Касе бимирад дар ҳоле ки барои Худо шарике қарор додааст ва уро дуо мекунад, дохили дузах мешавад» (Бухори' )
Оё дуъо ибодат аст барои Худованд?
Бале, дуъо барои Худованд ибодат аст.
Худованд мефармояд:
«Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод') мефармояд:
«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизи)
Пас дуъо ки ибодат бошад донед ки ъибодат ба ғайри Аллоҳ -щирк аст! Дуъо ки ъибодат аст онро ба суи Аллоҳ бикунем тибки Куръону аҳодиси Набави!
-Оё мурдагон дуъоро мешунаванд?
-Мурдагон дуъоро намешунаванд.
Чун Худованд дар «Каломаш» равшану возеҳ мефармояд:
-«Ҳаройна, ту наметавони мурдагонро шунаво сози» (Намл 80)
Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
-«Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавони сухани худро ба мурдагоне, ки дар гур хуфтаанд, бишунавони» ( Фотир 22)
Танхо дуъову дуруди уммат ба Расули Акрам(Дуову дуруд бар у бод)' расонида мешавад. Далил ин (Дуову дуруд бар у бод)' ҳадиси муборак аст ки:
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод)' мефармояд:
-«Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад)
Оё аз мурдагонва ё ғоибон ёри талаб мекунем?
-«Аз онҳо ёри талаб намекунем, балки танҳо ва танҳо аз Худованди Бузург ёри талаб мекунем».
Худованд мефармояд:
-«Ва (ба ёд оред)' он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёри хостед ва Худо бипазируфт» ( Анфол 9)
Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод)' агар ғаму андуҳе мерасид, ё мушкиле дошт танҳо ба василаи (тавассул)-и номҳои бузурги Илоҳи чунин дуъо мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати ту ёри металабам» (Тирмизи')
\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Имрузхо афсус ҳастанд бандагоне аз мо мусалмонон ки беҳтарин далел аз Қурьону Аҳодисро мебинанду мехонанд- аммо аз паи гуфтаи ким кадом гунаҳкоре мегарданд. Охир чи беҳтар аз ояҳои Қурьониву Аҳодиси Набавист ки бар мо расидааст ва дар он бешак ихтилофе нест?
Охир чи тавр мо худро Мусалмон меҳисобем ки дар забон пайрави Қурьону Суннатему- аммо афсус зиёдамон дар ъамал пайрави гуфтаи нафаре ки ақидааш зидди фармудаҳои Худову Расулаш аст?
Худатон интихоб кунед ки оё он чи Худову Расулаш фармудаанд назди Аллоҳ (ҷ.ҷ) иҷобат мешавад – ва ё он чи ки далел надорад ва ҳатто тибқи ояҳои Қурьону суннати Набави щирки маҳз аст!?
Ин мавзуъ мақсади мо манъ кардани зиёрати қубури волидайну азизони Худо нест- балки мо таъкид мекунем ки зиёд мову шумо равем сари қабри волидайн, гузаштагонамон, азизони Худо ва мо худамон барои онон дуъои хайре намоем чун онон акнун муҳтоҷи дуъоҳои моанд.
Далели ин гуфтахо ин ду хадиси муборака хоханд буд ки:
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:
«Маро наситоед(парастиш накунед), ҳамчунон, ки Насоро ибни Марям (Исо)ро сутуданд, аммо ман бандаам, пас бигўед, бандаи Худо ва расули Ў». (Бухорӣ).
Расули Худо ки фармудаанд ки маро ситоиш накунед- яъне пас аз ман аз ман ҳоҷатхоҳи накунед, ба ман ъибодат (дуъо) накунед. Балки аз Холиқи Ман ҳоҷат бихоҳед! Чун дуъо худ ъибодат аст!Ъибодат танҳо хоси Аллоҳ аст на махлуқи У!
Тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):
"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)
Бубинед, ки дар ин ояҳои болову аҳодиси оварда ҳеҷ ихтилофе нест- аммо боз ҳам ҳастанд нафароне, ки роҳҳои ихтилофиеро барои худу дигарон таъкид ва таъкид мефармоянд. Худованд мефармояд ки ҳар банда худ дуъо намуда ҳоҷат талабад- аммо афсус нафарони ноМуллое пайдо мешаванд ки мегуянд:
- Не не! Шумо худ дуъо накунед-чун дуъои шумо қабул намешавад! Равед сари қабри фалон ҳазрат ва уро аз мушкилатон огоҳ намоед то ба Худованд расонад! Шумо пок нестед- онҳо поканд!
Пас оё ояҳову аҳодиси боло оварда инкор шудаанд? Охир Худованд мефармояд, ки «Шумо суханҳои худро ба мурдагони дохили қабр расонида наметавонед»- аммо ин ноОлимон мегуянд ки мурдаҳо мешунаванд! Магар ояҳои Каломи Илоҳиро бо Аҳодиси шакарвори Расули Акрам яксу гузошта инҳоро пайрав гардем? Албатта не!
Бубинед ки Худованд дуъои бадтарин халк, иблисро иҷобат кард, ҳангоме ки пурсид:
-« Бар ман то рузи зинда шудан(киёмат) муҳлат бидеҳ» (сураи Аьроф, ояти 14).»
ва Худованд дуъои уро пазируфт ва ба он «палид» муҳлат дод.
Замоне дуъои пасттарину палидтарин махлуқро Худованд иҷобат кард- магар дуъои бандаи заъифу нотавони пушаймонгаштаву умед ба Холиқаш доштаро Худованд қабул нахоҳад кард? Ин шо Аллоҳ қабул хоҳад кард!
Дар асл Худованд мефармояд, ки
-«Хатто гуноҳонат чун куҳ бузург бошанд суи даргоҳи Ман бо дуъову тазарруъ биё эй банда»!
Аммо дар асл баъзе нафароне, ки қабре рост карда пулу молу гову гусфанд барои худ гирд меоранд ҳар гуна дуруғҳое мебофанд то мардум аз асли Ислом даст кашида руй ба аъмоли щирки оранд. Сабаб «нафси палид»-и ноМуллоҳоест, ки болои қабре кат гузошта инро ба худ касб кардаанд ва мехоҳанд ба воситаи ин «азизони Худо» бою бодавлат гарданд!
Бубинед, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавассул- яъне восита мекарданд дар дуъоҳо танҳо ному сифотҳои бузурги Илоҳиро. Ҳаст далелҳо аз қабул будани восита кардани (тавассул) аъмоли хайру неки худди дуъокунанда ва дар онҳо ихтилофе нест- аммо нафароне ёфт шудаанд, ки боз аз ақли худ баъзе «тавассул»-хои ғайриШаръиро зам кардаанд.
Гуиё, ки Ислом ин фикру ақидаи онҳост на Қурьону Аҳодиси Набави! Аъузубиллаҳ!
Бояд ки мо равем қабристон аз барои ёд овардани марг, барои панд гирифтан- аммо афсусс баъзе нафароне имрузҳо ҳастанд ки (ҳатто муллоҳо) сари қабри азизони Худо рафта бовари доранд онон шифо медиҳанд, фарзанд медиҳанд, кушоиши кор ато менамоянд, бахт медиҳанд ва ғайра!
Ё ақида доранд ки бе «миёнаравии ин азизон» дуъову тазарруъро Худованд намешунавад! Аъузубиллаҳ! Охир ин куфри маҳз аст- ва нафаре ки ба ин ақида бовари дорад имони ба Худо надорад!
Гар имруз мову шумо ки дигар ба он нафароне ки сари қабрҳои азизони Худо нишастаанд пулу мол, гову гусфанд, қанду донаги ки набарем ана аз ҳамон руз онон аз он ақидаи «ботил»-и худ даст мекашанд. Чун ҳар он чи ки зиёратчи мебарад ба он «азизони Худо» лозим нест- балки 3-4 «аждаҳор»-е ки худро мулло мегуянду болои катҳо нишастаанд байни худ тақсим менамоянд.
Магар он соҳиби қабр ки мол диҳад- моли ту ба у чи лозим? У ки шифо диҳад- чаро ба худ шифо наёфт? Пулу гову гусфанди бурдаи шумо ба ки лозим?- ҷавоб ин аст ки ба 2-3 «ноМулло»-и сари қабр менишастаги. Аз барои нафси «палид»-и худ он «ноМуллоҳо» эмонашонро ба шайтони Лаъин фурухтаанду мардумро аз «ТАВҲИД» дур карданианд.
Гар 1-2 бечораву ятиму муҳтоҷе назди он кати «ноМуллоҳо» менишастаги рафта ёрдам пурсад- бовар кунед ин «ноМуллоҳо» зада уро пеш мекунанд чун дигар нафси палидашон сер намешавад!!
Аммо ман аз он нафароне ки ба ҷои ба муҳтоҷону барҷомондагону ятимон хайр кунанд- ба зиёратгоҳҳо (аниқаш ба муллоҳои баднафс) пулу молу гову гусфанд мебаранд пурсиданиям:
- ОЁ ҳазрати Султон, ҳазрати Амирҷон, ҳазрати Мавлоно, ҳазрати Увайс гушту нону канди шуморо мехурад? Оё мурдагон ки қодир бошанд шифо диҳанд, мол диҳанд, бахту тахт диҳанд ва ғайра пас пулу молро барои чи мебаред? Магар шумо намебинед ки пулу молу хурокаи шуморо он «ноМуллоҳо» гирифта аз пасатон «писханд»-е мезананду ба худ мегуянд:
- Кош сафи чунин гумроҳону беақлону бешуурон зиёдтар шаваду мо «ноМуллоҳо» сохиби пулу моли зиёд шавем. Кош инҳо худ Қурьону аҳодис нахонанд, намози «ҳоҷат»-у «Истихора» нахонанд ва ҳамин тавр гумроҳ бимонанд ва моро оварда пулу моли зиёд «туҳфа» намоянд!
Бародарону хоҳарони исломи! Аз мурдагон ҳоҷат хостан қатъиян ҳаром аст. Ва мусалмон танҳо аз Аллоҳ талаби ҳидоят ва кумаки ҳоҷат мехоҳад. Зеро Расули Худо ( Дуову дуруд бар у бод') ба Абдуллоҳ писари Аббос фармудаанд:
-« Ҳаргоҳ ҳоҷате дори аз Аллоҳ бихоҳ (то ҳоҷататро бароварда гардонад) ва ҳаргоҳ ёрдам мехоҳи аз Аллоҳ талаби кумак бикун».... (Ривояти Тирмизи)
Дар ҳеч ҷои аз Қурьон ва аҳодиси Расули Худо алайҳиссалом зикр нашуда аст, ки аз авлиёҳо кумак хостан ҷоиз бошад, балки бисёри аз олимон кумак хостан аз авлиёе, ки вафот карда аст ширк медонанд. Аз ин сабаб набояд мусалмон аз соҳиби қабр умеди фойда ва зарар дошта бошад. Зеро аҳли қабристон худ муҳтоҷи дуъои зиндагон ҳастанд.
Шахсе, ки аз сабаби ҷаҳлу нодони чунин эътиқод ва бовари дошта бошад, ки мурдагон қудрати фойда ва зарар расонидан доранд, бояд насиҳат карда шавад ва бо далелҳои шаръи (чун болои) ва ақли уро огоҳ созанд то аз чунин ақидаи хатоаш баргардад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3