Эзидат лавлок гуфт, ман чизи дигар гуямат?
Чун Худо хулки азиматро сутуда дар набаь,
Ман аз ин бартар чй медонам,ки бартар гуямат?
Аз чи к,омусе биёбам харфи мавзуну латиф,
То кунам такрори он харфу мукаррар гуямат.
Дар забон васфи сазоворе намеёбам магар,
Аз дили пуриштиёк,у чони музтар гуямат.
Эй вучуди беназират г'ояти мо филвучуд,
Сафхаи пайгоми Хакро хатми дафтар гуямат.
Чун хидоятро ба номат зад ракам Парвардигор,
Рахнамову рахраву рахдону рахбар гуямат.
Эй ба сайри ломакон бигзашта аз Рухуламин,
Роздону пардадори Х,айи Акбар гуямат.
Иттибоьат гашта мар х,убби Худоро восита,
Корвони ишкро солору сарвар гуямат.
Хондагон бисёру,аммо баргузини Х,ак туи,
З-ин сабаб болонишини чамьу мехтар гуямат.
Эй башири растагорону назири гумрахон,
Даьвати Хакро гувохи рузи махшар гуямат.
Эй бихиштисурату курьонисират беш аз ин,
Ч,урьате дар худ намеёбам,ки дигар гуямат.
Ин кадар донам,ки аз чон дусттар дорам туро,
Бо забони сидку бо ихлосу бовар гуямат.
Аз сари сидку адолат х,илму зухду маьрифат,
Он чи авсофи туро мегуфт Хайдар гуямат.
Кас надонад рози зери пардаро ч,уз пардадор,
Гуши мо бишнида он чи аз паси дар гуямат.
Эй чароги рушане к-аз дасти Х,ак афрухта,
Мар шабони тираро мохи мунаввар гуямат.
Кардам изхори мухаббат,варна хамранги Навид,
Ман киям то наьти воло эй Паёмбар гуямат?!
_______________________________________________
(Мухаммадй Навид)..


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев