НАМОЗИ СУБХ
БЕДОР ШАВАМ...
(бачахаки танхоюм)
Чаро Худованди
Мутаъол намози
субҳро
қарор дод? Дар ҳоле,
ки ин қадар кори
душвор аст ва дар
аѓлаби авқот қазо
мешавад? Хоби субҳ
хеле ширин ва сангин
аст, чӣ тавр метавон
аз он дил канда,
машѓули намоз
шавем?
Омили аслии нохушӣ
кардан ва хоб
мондан дар намози
субҳ ё ҳар кўтоҳие, ки
дар заминаи дин
ъубудият пайдо
мешавад, дар заифии
имон аст. Алббата
ҳамаи мо каму беш аз
ин оризӣ ранҷ
мебарем ва имони
комил барои инсони
муъмин як мақоми
воло ва орзўи ниҳоӣ
аст, вале бояд
бикўшем ҳарчӣ бештар
онро тақвият намоем.
Дар ривояте,
мегўянд, ки имон даҳ
дараҷа дорад ва
заифии муъмин
ҳаракат дар ин масир
ва
афзудан ба ин дараҷот
аст.
Гуноҳ будан дар сурте
аст, ки иродаи
худаш дар ин замина
дохил бошад.
Хондани намози субҳ
дар аввали вақт
шояд аз намозҳои
дигар мушкилтар
бошад, чунки
намозгузор аз рахти
хоби
гарм ва лаззати он дур
шудан борояш
душвор аст, вале
намозгузор метавонад
бо кўмаки дигар
роҳҳо аз хоб бархезад
аз
манофеи субҳ
баҳраманд шавад ва
аз
фазилати намози субҳ
бенасиб намонад.
Аз даст додани
саҳархезӣ боиси
иллатҳои
мухталиф мебошад.
Муҳимтарин омил он
ин аст, ки инсон дар
ҳақиқат намедонад
ҳадафи зиндагӣ чист
ва дину ибодат чӣ
нақша дар расидан ба
ин ҳадаф дорад.
Касоне, ки ҳадафманд
зиндагӣ мекунанд,
медонанд барои чӣ
бояд диндор буд ва
ангезаи бисёр қавие
дар ин замина
доранд, ин мушкилро
надоранд.
Зиндагӣ аз назари
ислом, ки дини тавҳид
аст ва ҳадафи зиндагӣ
низ ҳамин аст.
Инсон дар зиндагӣ
фурсатҳои фаровоне
монанди авқоти
намоз, рўза, ҳаҷ, ва
хидмат ба халқи Худо.
Инсони Худотарс
тамоми кўшишаш ин
аст, ки фурсатҳоро
аз даст надиҳад,
барои наздик шудан ба
Худованд, дар ин миён
намози субҳ ва
авқоти вақт бисёр
аҳмият дорад.
Муъминин ва авлиёи
Худованд ин
мушкилотро надоранд,
далели он ҳам
рўшан аст, чунки
имони қавӣ доранд,
бояд
имонро қавӣ кунем, бо
маърифати тавҳид
ва бо таслим будан бо
Худо.
Қуръони карим китоби
тавҳид аст, вақте
бо он робита надорем
ва ҳатто онро
намехонем мушкилӣ
пайдо мекунем, ва
имонамон заъиф
мешавад. Бояд
андеша,
ахлоқ ва илму
амаламон тавҳид
бошад, то
роҳат шавем ва
ангезаи зиндагӣ дошта
бошем.
Хоб ва истироҳат яке,
аз неъматҳои
Худованд аст, мо аз он
ѓофил ҳастем,
умедворем Худованд
шукугузори
неъматҳояшро ба мо
арзонӣ бифармояд.
Қуръони карим дар
мавриди шаб ва
истироҳат дар он
мефармояд: «Ва хоби
шуморо мояи
оромишатон қарор
додем, ва шабро
пўшиш (барои
шумо)» (Сураи Набаъ,
оёти 9-10).
Дармони бедорӣ дар
вақти намози
субҳ:
Оё дар мавқъее, ки
қарор аст субҳ зуд аз
хоб хезед, метавонед
аз хоб хеста?
Монанди маноқеъ, ки
барои рафтан ба
кўҳ ва гаштан бо
дўстони худ субҳ зуд
барномарезӣ
намудаед, ё мисли
имтиҳон
доред, оё то кунун
фикр кардед чаро
вақте бо дўстон қарор
доред дарҳол
бедор мешавед ва
бидуни садо
баровардани соат ва
мудатҳо қабл аз
соати қарори худ
бедор мешавед ва ҳеҷ
чизе монеи бедор
шудани шумо
намешавад, аммо
ҳангоме, ки мехоҳед
намоз бихонед ва бо
Худо суҳбат кунед ва
қарори мулоқот бо
Худо доред ин тавр
нест. Ва ҳар коре
мекунед бедор
намешавед ва агар
бедор шудед, дубора
мехобед? Ҳангоме, ки
занги соат шуморо
бедор намекунад,
беҳтар аст ба яке аз
наздиконатро супориш
диҳед, ки шуморо
дар соати муайяншуда
бедор кунад. Барои
эҷоди одат
метавонад, масалан
20-сония
монанд ба тулўи
офтоб бедор шудан ва
намози худро ба ҷо
овард ва ҳар рўз
намози худро саъй
кунад ба намози
аввали вақт
наздиктар намояд.
Анҷоми
ҳар кор дар ибтидо
мумкин аст мушкил
бошад, вале бо тамрин
ва истиқомат ва
пойдории он амал осон
хоҳад шуд, ҷиҳати
пойбандӣ ба тасмими
худ гузоранд, ба
унвоне масалан бо худ
аҳд бандад, ки ҳар
гоҳ ба вақти намози
субҳ бармехезад, яке
аз корҳои шайтон қабл
аз анҷоми ҳар
ибодат ин аст, ки онро
барои мо мушкил
ҷилва медиҳад.
Намозҳои панҷгонаро
кўшиш кунед дар
масҷид ба ҷо варед, аз
ин тариқ рўҳияи
маънавиятонро боло
баред, имонатон
афзоиш ёбад ва
анҷоми
амалтон осон гардад.
Ҳамон тавре, ки
анҷоми ибодат имонро
афзоиш медиҳад,
гуноҳ низ имони
фардро
заъиф карда, тавфиқи
ибодатро аз фард
мегирад, бар ин асос
инсон бояд аз
гуноҳи кардаи худ
тавбаи воқеӣ намояд,
то ба анҷоми ибодат
муваффақ шавад.
Инчунин Паёмбари
Худо (с) мефармояд:
«Некиро нури дил,
ороӣ (зебоӣ ва
рўшноӣ) рухсор ва
нерўи кор аст, бадӣ ва
гуноҳро сиёҳии дил,
заъифӣ дар кор ва
зиштии чеҳра ҳаст».
Тамоми касоне, ки
субҳ бедор мешаванд
ва касоне, ки ҳатто
қабл аз субҳ бедор
мешаванду намози
шаб мехонанд инҳо бо
соат бедор
намешаванд. Соат
кўмак мекунад, вале
соат ба инсон ангезае
намедиҳад, дастгоҳи
ангезиши инсонро
танҳо Худованд
таҳрик
медиҳад, то
маърифат ва
муҳаббати Худо
дар дили инсон кук
нашавад инсон
наметавонд бедор
шавад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев