Аз таҳти дил Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Фитр самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди Мутаъол бароятон бахти хушу осудагӣ, мағфирати гуноҳон, устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад. Умедворам, ки дар ин лаҳзаҳои муборак якояки мову Шумо баҳри амну субот ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон, муваффақият дар корҳо, ноил гаштан ба дастовардҳои назаррас, саломативу сарбаландии кулли ҳамватанон ва мардуми сайёра, пойдории ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилдию бародарӣ ва устувории дини мубини ислом аз самими дил дуо хоҳем кард. Бигзор ид василае гардад барои ёдоварӣ аз дӯстону пайвандон ва хурснадии ҳар як хонадони тоҷику Тоҷикистонӣ ва мардуми кулли кишварҳои олам.
Иди Рамазон омаду моҳи рамазон рафт.
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф ки он рафт.
Бо эҳтиром Рустамбек.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев