Тибқи фармони Ҳукумати Тоҷикистон, ки 31-уми июл тасдиқ ва дар махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 19-уми август ҷой шудааст, нархи нерӯи гармӣ барои 1 метри мураббаи манзили сокинон дар Душанбе 1 сомониву 18 дирам муқаррар шудааст. То ба ҳол сокинон барои 1 метри мураббаъ 1 сомониву 3 дирам пардохт мекарданд.
Бо нархи нав таъиншуда нархи нерӯи гармӣ барои як манзили ду ҳуҷрагӣ, ки ба ҳисоби миёна 40 метри мураббаъ аст, сокинон дар як моҳ бояд беш аз 47 сомонӣ пардохт кунанд.
Бо ҳамин қарор ҳамчунон нархи нерӯи гармӣ барои иншоотҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ боло бурда шудааст. Аз ин ба баъд ташкилотҳои будҷавӣ барои 1 Гкалл нерӯи гармӣ 98 сомониву 67 дирам пардохт мекунанд. То ин замон идораҳои будҷавӣ ба ин миқдор гармӣ 67,44 сомонӣ мепардохтанд.
Ташкилоту идораҳои дигар мувофиқи ин қарор барои 1 Гкалл гармӣ минбаъд 113 сомониву 47 дирам пардохт хоҳанд кард.
Дар Душанбе маъмулан мавсими гармидиҳӣ миёнаҳои моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири моҳи март идома мекунад.
Ба дигарон фиристед: https://payom.net/%d2%9b%d0%b8%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%bc%d3%a3-%d2%b3%d0%b0%d0%bc-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%b0%d0%bd%d0%b1%d0%b5-%d0%b1%d0%be%d0%bb%d0%be-%d1%80%d0%b0%d1%84%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев