1. Масоҳати шаҳри Турсунзода 1175,4 км мураббаъ.
2. Маркази маъмурӣ, шаҳри Турсунзода.
3. Миқдори ҷамоатҳои деҳот – 9.
4. Шаҳр – 1.
5. Деҳаҳо – 128.
6. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 128 муассиса, аз ҷумла:
– муассисаҳои миёнаи умумӣ -77;
– муассисаи асосӣ – 29;
– муассисаи ибтидоӣ -15.
7. Муассисаҳои типи нав
– гимназия ва литсейҳо – 7
8. Муассисаи таҳсилоти иловагӣ -1 адад.
9. Маркази таълимии касбтайёркунӣ -1 адад.
10. Муассисаҳои томактабӣ – 13 адад.
11. Шумораи хонандагон – 69246 нафар (аз он духтарон 33594 нафар).
12. Миқдори корхонаҳои саноатӣ – 65 адад.
13. Миқдори муасиссаҳо ва ташкилотҳои бучавӣ – 148 адад.
14. Миқдори чамъияти дорои маъсулияти маҳдуд – 300 адад.
15. Бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳии айридавлатӣ -16 адад.
16. Миқдори ХД инфиродӣ -2455 адад.
17. Шумораи миёнаи кормандони кироя 53684 нафар.
18. Шумораи нафақахӯрон – 24945 нафар
19. .Музди миёнаи меҳнат – 1463,1сомонӣ.
20. Иттиҳодияҳои исломӣ: 108 адад, иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ: 2.
АҲОЛӢ
Миқдори аҳолӣ дар 01.01. 2023 325400нафар.
Аҳолии деҳот 261958 нафар.
Аҳолии шаҳр 63442 нафар.
ТАВСИФИ ҶУҒРОФИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Маълумоти таърихӣ. Шаҳри Турсунзода таърихи бештар аз 2500-сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Турсунзода ҷойгир аст.
Вожаи «Регар»-ро ба се калимаю ибораи исми хос: «Регарддарё», «Корхонаи рехтагарӣ» ва «Масҷиди Ҳоҷа Орифи Ревгарӣ» мансуб донистан мумкин аст.
Соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Худмуҳтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ноҳияи Қарато ва баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ноҳияи Шаҳринав ташкил ёфт.
19 январи соли 1935 ноҳияи Шаҳринав ба ду ноҳия: Шаҳринав ва Регар тақсим шуд ва маркази ноҳияи нав шаҳраки Регар (Ҳисори Поён, дар 3 км самти арбии шаҳри ҳозираи Турсунзода) интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1936 ноҳияи Регар ба 2 ноҳия: Регар ва Пахтаобод ҷудо шуд (сарҳади ноҳияҳо дарёи Ширкент буд). 19 январи соли 1940 маркази ноҳия аз шаҳраки Регар ба истгоҳи қатораи «Регар» (ҷойи ҳозираи шаҳр) кӯчонида шуд ва 7 декабри соли 1952 бо қарори Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба маркази ноҳия – Регар мақоми шаҳрро доданд. 7 августи соли 1959 ноҳияи Пахтобод ва ҷамоати деҳоти Қаратои ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Регар ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба ифтихори шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода 6 декабри соли 1979 ноҳияи Регар номи шаҳри Турсунзодаро гирифт.
Шаҳри Турсунзода рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ташаббускорону сарварони шаҳр баҳри ободии ин гӯшаи диёрамон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Корҳои ободонӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мушоҳида карда мешаванд.
Тавсифи ҷурофии шаҳр. Шаҳри Турсунзода дар қисми ҷанубу арбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни арзҳои 38-39 дараҷаи шимолӣ ва дар байни тӯли 68-69 дараҷаи шарқӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 1,2 ҳазор километри мураббаъ буда, аҳолии он ба ҳолати 1 январи соли 2023 зиёда аз 325,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ бошад, дар 1 км² 233,1 нафар рост меояд.
Шаҳри Турсунзода ба водии Ҳисор дохил шуда, дар қисми шимолиаш қаторкӯҳҳои Маҷитлӣ ва дар қисми ҷанубиаш қаторкӯҳҳои Бобото қомат афрохтааст.
Релефи қисми марказии шаҳр аз водии васеи ҳамвор, қисми ҷанубӣ ва шимолиаш аз теппаҳо ва кӯҳҳо иборат мебошад. Шаҳр аз тарафи шимолу шарқ бо ноҳияи Шаҳринав, аз ҷануб ба арб бо ноҳияҳои Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз қаламрави шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Дарёи Қаратоғ шаҳри Турсунзодаро аз ноҳияи Шаҳринав дар деҳаи Батош ҷудо менамояд.
Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода аз канданиҳои фоиданок кони ангиштсанг (кони Тошқӯтан ва кони Анавак) мавҷуд аст. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 10 нуқтаи коркарди сангу шағал, кони гилхоки Регар – 1 ва Налбег, нуқтаи қуму шағали Ширкент 3 (тобеи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик»), коркарди хоки Ширкент 1 ва Ширкент 2 (тобеи ҶДММ «Нигора»), ҶДММ «Шарор», ҶДММ «Шаал ва қуми Регар», ҶДММ «Регу шағали Янгибоғ», ҶДММ «Фаррухҷон» фаъолият доранд.
Аҳолӣ ва вазъи демографӣ. Шаҳри Турсунзода дорои як маркази маъмурӣ ва 9 деҳот мебошад: деҳоти Қаратоғ, деҳоти Работ, деҳоти Навобод, деҳоти Пахтаобод, деҳоти Регар, деҳоти 10 солагии Истиқлолият, деҳоти Т.Тӯйчиев, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ва деҳоти Сешанбе.
Дар шаҳри Турсунзода 65 корхонаи саноатӣ, 148 муассиса ва ташкилотҳои буҷавӣ, 304 адад ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти гуногун, 16 филиали бонкҳо, 1937 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 10 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ фаъолият менамоянд. Дар қаламравии шаҳр 142 муассисаҳои таълимӣ, аз он муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 128 адад (77- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29-муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 15-муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсеи президентӣ, 1 литсеи хонандагони болаёқат, 2 гимназияҳо ва 1 литсей-интернат), 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Илова бар он 1 адад маркази таълимии касбтайёркунӣ, 4 коллеҷҳо (коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи металлургӣ ва коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ) ва 1 литсеи касбии техникӣ, 117 адад муассисаҳои табобатӣ, аз он 24 адад муассисаҳои хусусии клиникӣ фаъолият доранд, ки ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд.
САНОАТ
Соҳаи саноати шаҳри Турсунзода яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои 1991-2022 соҳаи саноат ба пешравиҳо ноил гаштааст. Ба истеҳсолоти саноатии шаҳри Турсунзода истеҳсоли алюминии аввалия, алюминии муҳркардашуда, сим ва масолеҳи кабелӣ, масолеҳи сохтмонӣ ( хишти ороишӣ, дару тирезаҳои оҳану пластикӣ, сангҳои ороишӣ, эмулсия, қубурҳои пластикӣ, сементблок), коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (истеҳсоли орд ва маҳсулоти макаронӣ), истеҳсоли доруворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дохил мешаванд.
КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» яке аз корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз моҳи марти соли 1975 фаъолият менамояд. Иқтидори умумии лоиҳавии корхона, дар соли ба кор шурӯъ намудан, дар як сол 517 ҳазор тонна алюминийро ташкил медод. Корхона аз 10 иморати электролизӣ, сехи рехтагарӣ, ки коркарди пурраи филизро таъмин менамояд иборат буда, ҳамчунин дар он як қатор хадамот, қитъаҳои ёрирасон, ки кори сехҳоро таъмин менамояд, фаъолият мекунанд. Дар корхона алюминийи хом, алюминийи аввалия, анодҳои хом, анодҳои пухта ва анодҳои васлшуда истеҳсол карда мешаванд. Корхона дар муддати 42 сол ба пешравиҳо ноил гардидааст, аз ҷумла бо зиёда аз 30 корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамояд. Маҳсулоти корхона асосан ба шаш давлати хориҷӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Туркия, Тайван ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад.
Корхонаи фаръии давлатии «Алюминсохтмон» соли 2009 дар назди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таъсис ёфтааст. Ширкат ба истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ (хишти сохтмонӣ, хишти оташбардор, мартел, асфалт, бетон, қум, шағал), созаҳои филизӣ, маводи алюминий ва корҳои сохтмонию васлгарӣ машғул аст.
ҶСП «Ноқили Турсунзода» корхонаи истеҳсоли ноқилҳои лучу рӯйпушида ва борҷома буда, аз соли 2002 бо номи ҶСШП «Регар кабел» ва аз соли 2013 инҷониб бо номи ҶСП «Ноқили Турсунзода»
фаъолият менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона сол то сол афзуда истодааст.
Корхонаи истеҳсоли дорувории«Вежа-фарма» 18 сентябри соли 2016 ифтитоҳ гардид. Иқтидори корхона 2,9 млн. литр дору дар як сол мебошад. Мутобиқи нақшаи пешакӣ корхона зиёда аз 20 намуди маводҳои дорувориро истеҳсол карда, беш аз 400 ҷойи корӣ ташкил намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин менамояд.
ҶДММ «Нигора» корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, яъне хишти пухтаи сохтмонӣ мебошад.
ҶДММ «Утаган КА» корхонаи коркарди пахта буда, соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Корхона ба коркарди нахи пахта, чигит, линт, улюк ва пари пахта машғул мебошад.
ҶДММ «Дорвин – пласт» соли 2005 ташкил шуда, ба истеҳсоли дару тирезаҳои оҳанию пластикӣ ва витражҳои алюминӣ машғул аст.
ҶДММ «Сомон–Турон–Инвест» корхонаи истеҳсоли орд, сабӯс, макарон ва дигар намуди маводҳои макаронӣ мебошад. Иқтидори корхона коркарди 20 ҳазор тонна гандум ва 1200 тонна макарон дар як сол аст.
Корхонаи муштараки ширбарории ҶДММ «ТҶ МОЛ» ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошад.
Ҷамъияти матлуботи ба номи «В.Вафоев» ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, консерва ва ҳасибӣ машғул мебошад.
ҶДММ «Саркор 2015» соли 2015 фаъолияташро оғоз намуда, ба истеҳсоли тиреза ва қубурҳои пластикӣ машғул мебошад.
КИШОВАРЗӢ
Иқлими шаҳри Турсунзода ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Дар шаҳри Турсунзода соҳаи пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ангурпарварӣ, занбури асалпарварӣ ва чорводорӣ рушд ёфтааст.
Чорводорӣ
Чорводорӣ яке аз соҳаҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад. Шароити иқлими шаҳр барои парвариши ҳайвоноти шохдор ва паррандагон мусоидат мекунад.
ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Масоҳати умумии заминҳои ҷангали шаҳри Турсунзода 1174,13 гектарро ташкил медиҳад.
Аз масоҳати умумии заминҳо: ҷангал 944 га., заминҳои кишоварзӣ 5,8 га., ниҳолҳои бисёрсола 2,0 га., чарогоҳ 55 га. ва дигар заминҳоро 167,33 га. ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Турсунзода хоҷагии ҷангали Қаратоғ ва боғи табии таърихии «Ширкент» фаъолият менамояд.
Боғи табиӣ – таърихии «Ширкент» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1993 №462 бо мақсади нигоҳ доштани генафонди беҳамтои олами ҳайвоноту наботот, инчунин нигоҳ доштани изҳои динозаврҳо ва ташкили туризми экологӣ дар майдони 3000 га. ташкил карда шудааст.
СОХТМОН
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 20 корхонаи сохтмонӣ фаъолият дошта, ба сохтмони биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ машғуланд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 398 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шудааст.
НАҚЛИЁТ
Хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашӣ ва боркашонии шаҳр ба мардум тавассути соҳибкорон амалӣ мешавад. Дар шаҳр корхонаи нақлиёти ҶДММ «Ҳоҷи Файзуллохон», ҶДММ “Регарнақлиёт”, ҶДММ «Фирӯз» фаъолият менамоянд.
ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
Дар шаҳри Турсунзода филиалҳои БДА №15 «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», Ҷ Бонки «Эсхата», ҶСК ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСП «Спитаменбонк», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», Бонки байналмилалии Тоҷикистон, “Коммерсбонк”, ташкилотҳои қарздиҳии хурди ҶДММ ТАКХ «Арванд» ҶСП ТАКХ «Имон–интернейшнл», ҶДММ ТАКХ «Ҳумо», ва ғайраҳо фаъолият доранд. Аз ҷониби онҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ барои рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ (аз он растанипарварӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ), хизматрасонӣ ва тиҷорат қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дода мешаванд.
МАОРИФ
Дар шаҳри Турсунзода 142 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шумораи хонандагон беш аз 69246 нафарро ташкил менамоянд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2022 аз 128 мактаб иборат буда, аз он 77- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 – муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 15-муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсеи президентӣ, 1 литсеи хонандагони болаёқат, 2 гимназияҳо ва 1 хонаи кӯдакон ташкил менамоянд. Дар шаҳр 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Илова бар он 1 адад маркази таълимии касбтайёркунӣ, 5 коллеҷу литсей (коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи металлургӣ ва коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ) ва 1 литсеи касбии металлургӣ амал менамоянд.
Соҳаи тандурустӣ. Дар шаҳри Турсунзода 117 муассисаҳои табобатӣ, аз он 24 муассисаҳои хусусии клиникӣ (аз он 8 клиникаҳои хусусии бистарикунонӣ ва 16 клиникаҳои хусусии ташхисию табобатӣ) фаъолият доранд, ки ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд. Аз ҷумла беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаи шаҳрии №2, беморхонаи қисми тиббию санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо дармонгоҳ, Маркази мубориза бо бемории сил бо беморхона, Маркази бемориҳои пӯсту таносул бо беморхона, Маркази саломатии шаҳр, Маркази шаҳрии «Стоматология», 28 марказҳои саломатии деҳот, 50 хонаҳои саломатӣ, Маркази мубориза бар зидди ВНМО, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунизатсиякунӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ ва 2 нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хонаи фарҳанги марказӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 3 хонаи фарҳанги деҳотӣ дар маҷмуъ 47 муассисаҳои фарҳангӣ, инчунин муассисаи давлатии мактаби кӯдаконаи санъат, боғи фарҳанг ва фароғатӣ, ансамбли касбии «Шашмақом», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» ва ансамбли «Фалак» фаъолият менамоянд.
Варзиш. Дар шаҳри Турсунзода як варзишгоҳи сатҳи байналмилалӣ, як Маҷмааи варзишӣ-Самандар ХХ1, 57 толори варзишӣ, 85 майдончаи варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва ду мактаби варзишӣ фаъолият доранд.
Клуби футболи «Регар – ТадАЗ» яке аз дастаҳои номвари кишвар буда, қаҳрамони чандинкаратаи мусобиқоти футболи Тоҷикистон аст. Дар сабқатҳои ҷоми давлатҳои ИДМ ва бозиҳои Осиё иштирок намудааст.
Шаҳри Турсунзода дар ҳошияи таърих
Мувофиқи маълумоти муаррихи номӣ В. А. Ранов дар водии Ҳисор одамон 40 ҳазор сол муқаддам сукунат доштаанд. Дар деҳаи Яхоби соҳили дарёчаи Харкуши дараи Ширкент, дар давраи мезеолит ва неолит, ки 10-15 ҳазор солро дар бар мегирад, одамони ҷамъияти ибтидоӣ умр ба сар бурдаанд.
Аз шаҳри Турсунзода даҳмаи одамони давраи биринҷӣ «Тандирйул» кашф карда шуд, ки он давраҳои ҳазораи II-и милодиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 20 қабр ёфт шуд, ки ҳамаи онҳо он қадар чуқур нестанд, баъзе онҳо лаҳад ҳам доранд.Теппаи гӯрҳо бо тӯдаи сангпораҳо ишорат шудааст. Мурдаро дар гӯр паҳлӯнокӣ пойҳояшро қад карда мехобонидаанд. Аз ин гӯрҳо зарфҳои сершумор, шаддаҳои сангию биринҷӣ ёфт шудаанд. Аз ду гӯр ҳайкалчаҳои гилин ба даст омадаанд, ки ҳамто надоранд.
Олотҳои меҳнат, ханҷарҳо ва сафолпораҳо, ки аз мавзеъи соҳили дарёчаи Харкуши назди Пашмикӯҳна ёфт шудааст.
Яке аз ин ҳайкалчаҳо нисбатан кам зарар дидааст ва баландиаш қариб 37 см буда, марди ришдореро тасвир макунад, ки пойҳояшро дароз карда нишастааст.
Дар асрҳои VII-V-и пеш аз мелод шаҳри имрӯзаи Турсунзода як қисми марзи вилояти Бохтар буд. Бохтар ноҳияи имрӯзаи водии Ҳисор ва вилояти Хатлонро низ дар бар мегирифт. Дар водии Ҳисори имрӯза шаҳрҳои калон Чағониён (назди Деҳнав), Аҳорун ваШумон (дар ҷанубии Кофарниҳон) воқеъ гардида буданд.Аз асри II-и мелодӣ, дар давоми 1500 сол бо номи «Роҳи абрешим» ҳамчун рагу пайванди тиҷорат аз ҳудуди шаҳри мо низ мегузашт, ки он замон ин мавзеъАҳорун ном дошт, дарёи Қаратоқро бошад, Камруд мегуфтанд.
Подшоҳии Кушониён асрҳои I-III мелодиро дар бар мегирифт. Димнаи харобаҳои давраи Кушониён дар соҳили рости дараи Қаратоқ, дар байни сарҳади шаҳри
Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав воқест, ки он 350 гектар масоҳат дошта, то 1 км бо хишти хом мураббаъшакл девор шудааст. Аз ин ҷо тангаҳои филизии аҳди Евкраид, Вимаи Кадфиз, Канишка ва дигар ёдгориҳои меъморӣ, сафолпораҳо, ҳайкалчаҳои гилин ёфт шудаанд.
Оид ба вилоятҳои водии Ҳисор муаррихону сайёҳони асримиёнагӣ дар хотираю асарҳояшон сатрҳои хонданибоберо ба мерос гузоштаанд. Сайёҳи чинӣ (хитоӣ) Сюан Сзан (600-664) солҳои 629-45 ба Осиёи Миёна ва Ҳиндустон сафар кардааст. Баъди ба ватанаш баргаштан таассуроти худро дар китобаш «Да Тан си юй сзан» («Хотироти Мағрибзамин») соли 648 нашр кунонидааст. Ӯ таъкид кардааст, ки «Шумон» (пойтахти Ҳисори шодмон)масоҳати бузургро дар бар гирифта, дар ҷануб то Кофарниҳон тӯл мекашад. Он бо Сзюй – Яэ – Янна (Қубодиён) ҳамсарҳад буд.
Сарчашмаҳои таърихӣ «Футуҳ–ул-булдон» («Фатҳи кишварҳо»)-и Балазурӣ (соли 869 таълиф шудааст), – «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонӣ (файласуф, ҳаётшинос ва ҷуғрофиядони тоҷики асри X, солҳои 914-922 вазири дарбори Сомониён буд)- «Ҳудуд-ул-олам мин-ал Машриқ ил-ал Мағриб» (яке аз китобҳои қадимтарини ҷуғрофист, ки соли 983 муаллифи номаълуме навиштааст, ки дар хусуси ду шоҳигарии Ҳисор –яке Аҳорун ва дигаре Шумон маълумот медиҳад), «Китоб – ул масолик-л- мамолик»-и ибни Ҳурдодбеҳ асри IX (онро соли 963 вазири Сомониён Балъамӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) тарҷима намуда,ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст) ва дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба касабаҳои водии Ҳисор ҳикоят мекунанд.
Ибни Хурдодбеҳ (820-913) ҷуғрофиядон ва сайёҳи араб, аслан аз Эрон яке аз тарҷимонҳои китоби «География»-и олими Юнон Клавдеус Птоломей, солҳои (846-47) дар китоби дар боло номбар шудааш овардааст, ки «Масофаи байни Ҳамоварон ва Шумон 5 фарсах аст». Ин иқтибос аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳри афсонавии Ҳамоварон, ки дар «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ баён гаштааст мавзеъи имрӯзаи соҳили чапи дарёи Қаратоқ, таҳҷои имрӯзаи димнаи Шаҳринавро дар бар мегирад. Инро далел он аст, ки 5 фарсах баробари 30 км аст ва он ба масофаи байни қалъаи Ҳисор ва Шаҳринав рост меояд.
Соли 1995 шарқшиноси номӣ Ғолиб Ғоибов дар китоби наваш «Таърихи Ҳисор ва Чағониёну Душанбе» маълумотҳои гирдовардаи хешро оид ба вилоятҳои водии Ҳисор ҷой дода, як нусхаи дастхатҳои онро ба «Хазинаи 27500 – солагии шаҳри Ҳисор» пешниҳод намудааст. Ин кори хайри олими шарқшинос аз таърихи 1300 – солаи шаҳри Ҳисор маълумот медиҳад.
Ғолиб Ғоибов дар асари наваш, ки дар боло ном бурдем навиштааст:
«… Дар ин сарзамин, ки имрӯз бо номи водии Ҳисор маъруф аст се вилояти таърихӣ мавҷуд буд: Шумон, Аҳорун ва Чағониён».
Бояд гуфт, ки дар асрҳои VIII–X– Чағониён номи шаҳр ва дар айни замон номи як вилояти калони Таҳористон будааст. Ин вилоят дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Аҳорун, дар шимол тақрибан то ағбаи Анзоб ва дар шарқ бошад, то дарёи Кофарниҳон, ки начандон дуртар аз он қалъаи Шодмон воқеъ аст, тӯл мекашид. Дар шарқ он бо Аҳорун, дар шимол бо вилояти Суғд, дар ҷануб бошад то Қубодиёну Термиз ҳамсарҳад буд. Ба тарзи дигар гӯем, Чағониён дар асрҳои VI-IXминтақаҳои ҳозираи Сурхандарё – Деҳнаву Сариосиё ва Бойсунро дар бар мегирифт.
Дар асрҳои минбаъда, яъне то асри XI Чағониён бо сабаби болоравии нуфузаш дар давраи Сомониён хеле васею пурқувват гашта, заминҳои водии Ҳисорро то сарҳади Вашгирд фаро мегирифт. Вилояти Шумон ва Аҳорун ҳанӯз дар давраи Сомониҳо (асри X) ба Чағониён ҳамроҳ карда шуда буданд.Сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофидони араб Муқаддасӣ (946-1000), ки ба мамолики шарқ, ки борҳо сафар карда, соли 985 асари «Аҳсан-ут- тақосим дар маърифати иқлимҳо»-ро таълиф намуда, ба хонадони Сомониён тӯҳфа кардааст, оид ба Чағониён, ки асри X чунин нигоштааст: «Чағониён ноҳияи ниҳоят обод буда, серфайзу баракат аст. Пойтахташ низ ҳамин ном дорад…. Ин ноҳия то ба заминҳои Термиз мерасад. Дар он сарҳад (байни Чағониёну Термиз) қавме бо номи кумичӣ ва турки ганҷина умр ба сар мебаранд. Дар он 16 ҳазор деҳа буда, аз он метавонад 10 ҳазор марди ҷангӣ бо чорвои савораю нафақааш барояд… нон дар он арзон, гӯшт бисёр ва об фаровон аст. Растании онаҷиб аст, чорво дар он гум мешавад. Дарзангӣ (Дараи зангӣ) хуш аст ва дар наздикии Ҷайҳун (Аму) воқеъ аст. Тамоми аҳли он пашминабоф буда, либосҳо тайёр мекунанд. Тамоми шаҳрҳои Чағониён хушу ободанд. Ал-Муқаддасӣ аз шаҳрҳои зерини Чағониён ёд кардааст: Дарзандагӣ, Босанд, Сангдара Биҳом (Ниҳом), Зиннур (Зевар), Регдашт, Қубодиён, Андиён (Андигон), Дастаҷирд, Ҳабо ва Буроб».Сабаби ба ин рӯйхат дохил шудани Андигону Қубодиён он аст, ки дар асри X бо сабаби боло рафтани нуфузи сиёсии Абӯалӣ ҳокими Чағониён минтақаҳои мазкур ба қаламрави қудрати ӯ дохил шуда буданд. Дарзандагӣ дар наздикии деҳаи Ҷалоир, 62 км дуртар аз Термиз дар соҳили рости Сурхандарё, 1,5км дуртар Хишткӯпрук воқеъ гашта буд. Харобиҳои он ҳоло 20 гектарро дар бар мегирад. Давраи ҷӯшу хурӯши ҳаётдар он ба асрҳои IX-XII рост меояд.
Ртваладзе Э.В. ва Исҳоқов И. Ҳ. Дарзангиро ба харобиҳои Гармалитеппа, ки 7-8 км ба сӯи шимолу шарқӣ дар соҳили чапи Сурхондарё воқеъ гаштааст, монанд кардаанд. Масоҳати теппа дар ҷои харобаҳо 80×60 км ва баландиаш 3 метрро ташкил медиҳад. Дар асрҳои VI-XII вуҷуд доштааст. Ба ақидаи Э.В. Ртваладзе шаҳрҳои дигар чунин мавқеъ доштаанд: Босанд дар ҷои Бойсуни имрӯза воқеъ гашта будааст. Сафолпораҳои дар Бойсун ёфтшуда ба асрҳои VI- XII тааллуқ доранд:
Қалъаи Регар дар асрҳои XVII-XVIII
Сангардак дар ҷои деҳаи Юрчии имрӯза, дар он мавзее, ки қабл аз омадани Ҳукумати Шӯро қалъаи бек вуҷуд дошт, воқеъ будааст. Харобаҳои қадима дар ҷои Юрчӣ асрҳои VI- XII мансубанд. 20 км дуртар заробаҳои Будраг (ё Бедраҷ) мавҷуданд; Қумғонон ба харобаҳои Ҷартактеппа, ки 4 км дуртар аз Деҳнав ба сӯи шимолу шарқ воқеъ гаштаанд, монанд аст.Буроб, ки як маҳалла буд ва (20-24 км) дуртар аз шаҳри Чағониён мавқеъ дошт, ба харобиҳои Чимқурғонтеппа монанд мебошад. Ҳаҷми он 350 ба 200 метрро дар бар мегирад. Зинну дар ҷои харобаҳои Оққӯрғонтеппа, ки 3 км дуртар аз Деҳнав ба сӯи шимолу шарқ воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Масоҳати он 140×60 метрро ташкил медиҳад;
Регдашт дар ҷои харобиҳои Гузортеппа дар соҳили чапи дарёчаи Қарасу, 2 км аз Узун ба сӯи шимолу ғарб воқеъ гардида буд. Масоҳати он 40×40 метр буда, маводи аз он ёфтшуда ба асрҳоиIV-Vва XII-XIII таалуқ дорад; Навандак воқеъ дар ҷои харобаҳои Навандактеппа ё Кофирқаъла мебошад. Харобаҳо аз шаҳраки Узун дар масофаи 3 км ба сӯи шимолу шарқ дар заминҳои хоҷагии ҳозира «Наврӯз» ҷойгиранд. Харобиҳоион масоҳати 450 x 450 метрро дар бар гирифта, маводи аз он ёфт шуда ба асрҳои миёна таалуқ доранд.
Ҷуғрофидонҳои арабизабон ба монанди ибни Ҳавкал, ал Истахрӣ, ал-Муқаддасӣоид ба Чағониёну Шумон ва шаҳрҳою масофаи байни онҳо маълумот дошта бошанд ҳам, оид ба
Аҳорун чизе намеоваранд. Фақат ибни Ҳурдодбеҳ ва Қудома ибни Ҷаъфар (асри x дар асл адабиётшинос) зимниовардани рӯйхати хироҷи ноҳияи Хуросон, Аҳорунро зикр намудаанд. Вале аҷибаш дар он аст, ки ҳангоми тавсифи роҳи байни Шумону Чағониён худи ҳамин муаллифон дар бораи Аҳорун ягон ишорате ҳам намекунанд. «Вилояти Аҳорун ва шаҳри марказии онро дар минтақаи Қаротоқи имрӯза дар води зархези диёри Қаротоқ бояд ҷуст»- навиштаМ.М.Дяконов. Шояд харобиҳое, ки отряди археологӣ дар назди деҳаи Шаҳринав тадқиқ намуд. Аҳоруни бостонӣ бошад?»- мепурсад ӯ. Вале ҷустуҷӯҳои баъдина нишон додаанд, ки харобаҳои кӯҳнашаҳри Шаҳринав, ки 350 гектарро ишғол мекунад, ба давраи антиқӣ мансубанд.
Қалъаи Қаротоқ дар асрҳои XV-XIX
Бостоншиноси дигаре. В.Зеймал дар соҳили рости дарёи Ширкент, дар наздикиҳои Пахтаобод харобаҳои бо номи Ӯзбеконтеппаро, ки 10 гектарро ишғол мекунад, омӯхта ба хулосае омад, ки шояд ҳамин Ӯзбеконтеппа харобаҳои маркази Аҳорун бошад…
Боз эҳтимол меравад, ки ҷое ки Ӯзбеконтеппа воқеъ гардида буд, яке аз шаҳрҳои Аҳорун бояд бошад. Масоҳати хурди шаҳр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки он маркази Аҳорун шуда наметавонад ва мебоист марказ дар наздикиҳои Чағониён бошад. Ҳанӯз пеш аз омадани арабҳо вазъияти дохилии Аҳорун бисёр бад буд.
Ҳанӯз то анҷоми пазируфтани ин аҳвол ва то омадани Қутайба ибни Муслим ба Чағониён мувофиқи маълумоти ат-Табарӣ, арабҳо чандин бори дигар ба Аҳорун ҳуҷум оварда буданд. Ҳатто муаскари (лагерӣ) ҷанговарони сарлашкари араб ал-Муҳаллаб дар соли 81 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба 700 мелодӣ) дар Аҳорун будааст. Баъд аз сари ӯ писараш ал-Муфаззал дар соли 85-ҳиҷрӣ (704 милодӣ) ба Аҳорун ва Шумон ҳуҷум овард. Ӯ ғолиб омада ғанимати бисёр ба даст овард ва онро дар байни аскаронаш тақсим кард. Зеро ӯ байтуллмол (хазина, анбор) надошт. Ҳуҷумиохирини арабҳо ба Шумон, ки соли 91 ҳиҷрӣ (709 милодӣ) сурат гирифтааст, ба шикасти ниҳоии Шумон расонид».
Аз иқтибосҳои дар боло овардашуда хулосае баровардан мумкин аст, ки марзи ҳудуди шаҳри имрӯзаи Турсунзода дар асрҳои миёна яке аз мулкҳои ноҳияи Ҳисор–Аҳорун будааст.
Яке аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Турсунзода–ХоҷаНақшрон дорои санъати меъмории мансуб ба асри X-XI мебошад. Ин силсилаи меъморӣ аз ду мақбара иборат аст, ки масофаи онҳо 11 метр мебошад. Мақбара аз таҳкурсӣ то шифт бо хишти пухта сохта шудааст дар бунёди мақбара хиштҳои махсуси сайқалёфта, бо нақшу нигори мураккабу назаррабо ба кор бурда шудаанд. Тоқи даруни мақбара моҳирона кошинкорӣ карда шудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки давлати Сомониён нахустдавлати асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон (875-999) ба вуҷуд омада буд. Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи пурқуввати Ғазнавиёну Қарахониён пайдо гардидаанд…Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки Чағониён ба ҳайати давлати Ғазнавиён надаромада будааст, зеро дар солҳои 1026-1067 дар Ҷағониён тангаҳое сикка зада мешуданд, ки дар онҳо номҳои подшоҳони қарахонӣ, халифа ё амири маҳаллӣ закр гардида буданд. Ин вазъ то давраи ҳукмронии Иброҳим ибни Насри Қарахонӣ давом кард. Дере нагузашта Салчуқиён пурқувват гардида ғазнавиёнро шикаст доданд. Маликшоҳи Салчуқӣ соли 1089 Бухорою Самарқандро забт карда, то Урганҷи Фарғона пеш рафт ва Мовароуннаҳрроаз дасти қарахониҳо асосан рабуд…
Дар нимаи дуюми асри XII давлати Ғӯриён (дар Афғонистони имрӯза) рӯ ба тараққӣ ниҳод. Давлати онҳо масоҳати калонро фаро мегирифт. Ғазнӣ аз соли 1173 ба ҳайати давлати ғуриҳо даромад. Онҳо баъзе вилоятҳои рости Омуро ба монанди Чағониёну Вахш низ таҳти тасарруфи худдароварданд.Ҳамзамон бо Ғуриён дар ғарби Мовароуннаҳр давлати муқтадири Хоразмшоҳиён арзи вуҷуд намуд. Ва чӣ тавре, ки дар он замонҳо роиҷ буд,рақобати байни ин ду давлати муқтадир ба ҷангҳо оварда расонид. Дар натиҷаи ин задухӯрдМуҳаммад Хоразмшоҳ дар соли 1206 бар рақиби ғурии худ Ғиёсиддин Маҳмуд ғолиб омад. Солҳои минбаъда то ҳуҷуми мағулҳоМуҳаммади Хоразмшоҳ бо қарохониҳо дар ҳолати мубориза қарор дошт. Дар соли 1215 Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳудуди дар Мовароуннаҳр будаи давлати ғуриёнро ба қаламрави давлати худ ҳамроҳ кард. Азбаски Хатлону Шумону Чағониён замоне ҷузъи давлати Ғуриён буданд, акнун ба қаламрави давлати Хоразмшоҳиён дохил гардиданд. Замони ҳуҷуми Чингизхон дастаи муғул ин ду вилоятро бо ҳуҷуми худ зеру забар карда буд, баъд аз ин дар давоми зиёда аз сад сол номи Шумону Чағониён аз саҳфаи таърих сутуда шуд. Пас аз тасарруфи ин вилоятҳо баъзе қабилаҳои муғулҳо оҳиста-оҳиста дар ин ҷойҳо ва умуман Тоҷикистони Ҷанубӣ маскун гаштаанд. Номи Шумон, ки пеш низ дар ин сарчашмаҳо камёд мегардид ва ба ҷои он бештар аз номи Чағониён, ки дар зери ин ном ҳарду вилоятро дар назар доштанд, истифода мешуд, дар ин давраи пуршӯр умуман аз байн рафт. Ҷои Шумонро номи Ҳисори Шодмон ё умуман Ҳисор гирифт, ки онро бори аввал Шарафиддин Алии Яздӣ дар «Зафарнома»-и худ овардааст.
Баъди марги Чингизхон давлатҳои мазкурва умуман Мовароуннаҳр ба тасарруфи писари ӯ Чағатой дохил шуданд. Дар давраи зиндагии Чағатой ва пас аз фавташ хешу таборон ва амирони ӯ дар он давлатчаҳо ҳукмронӣ мекарданд. Давоми даҳсолаи охир, яъне то ба тахти подшоҳӣ нишастани амир Темур (1370) ҷангу ҷидол ва нооромӣ дар водии Ҳисор идома дошт. Зеро дар даҳсолаи мазкур зиддияту ҷангҳо байни ду дӯсти қадима–амир Ҳусайну амир Темур, ки яке дар Шолисарою дигаре дар Кеш (Шаҳрисабз)ҳукмронӣ доштанд, давом ёфт. Ҳокимони Ҳисору Хатлон бошанд, гоҳе аз амир Ҳусайн ва гоҳе аз амир Темур ҷонибдорӣ мекарданд. Фақат баъд аз кушта шудани амир Ҳусайн вазъи ҲисоруХатлон каме ба эътидол омад. Ин вазъи нисбатан ором дар Ҳисору Чағониён то замони фавти амир Темур, соли 1405 давом кард. Маҳмуд ибни Амир Валӣ оид ба Сағониён (Ҳисору Деҳнав)чунин менависад: «Сағониён мамлакати бузург аст», аз мамолики Мовароуннаҳр аз иқлими чаҳорум панҷум ва дар шимоли Тирмизу ҷануби Кешу Самарқанд афтода. Ва аксари анҳор (наҳрҳо), ки ба Ҷайҳун мапайванданду маъзами (аксари) ишорат баъд дар байни Ҷайҳун карда шуда, аз ин вилоят берун меравад ва онро Чағониён низ мегӯянд. Ва акнун ба Ҳисор иштиҳор (шӯҳрат) дорад, ба воситаи он, ки дорулмулкаш (пойтахташ) Ҳисори Шодмон аст ва он Ҳисорест (қалъаест) дар ғояти эҳком (мустаҳкамӣ) ва истеҳком бар фазои баланди олӣ. Ва баъзе онро ба Таҳмурсаис Девбанд нисбат доданд. Ва баъзе осор чунон ба вузӯъ мепайвандад, ки он баландӣ аз маълумот (сохтаи) девону чиниён хоҳад буд. Билҷумла, вилояти мазкур аз машоҳири вилояти он ҳудуд асту тавобеъ ба музофоту қӯро (қарияҳо, деҳаҳо) ва қасаботи (шаҳрчаҳо, марказҳои ноҳияҳо) бисёру бушумор дорад ва аз аъозими (бузургарини амъолаш, ноҳияҳояш) Деҳнав аст, ки дар қадим Чағониён мегуфтанд.
Чанде аз қаламкашон номи Регарро бо номи яке аз ашхоси ҷараёни «Нақшбандӣ»-и Хоҷа Орифӣ Ревгарӣ меноманд, ки он ба асри XVI мутаалиқ аст.
Ҳудуди имрӯзаи шаҳр то охири асри XVIII бо номи «Ҳисори поён» маъмул буд. Дар миёнаи асрҳоиXVI–XVIII дар самти ҷанубии дарёи Ширкент наздикии деҳаи имрӯзаи Зарбдори шаҳр, наздикии шаҳраки Пахтаобод Қалъаи Регар мавқеъ дошт.
Истилоҳи «Регар»дар асл реггарон аст. Садсолаҳо пеш сокинони он бо рег сару кор доштанд ва пешаи онҳо кулолгарӣ буд. Инро шаҳодат он аст, ки бозёфтҳои археологӣ аз замони антиқа муайян сохтаанд.
Муҳаққиқи ҷӯянда, катибашиноси мумтоз Аҳрори Мухтор оид ба Ҳокимони Ҳисор татқиқотҳои шоёни илмӣ гузаронидааст, махсусан номбар шудани номи ҳокимони нимаи дуюми асри XV то ибтидои асриXXдар китобаш «Ҳокимони Ҳисор»ҷолиби диққат аст.
Ӯ дар ин асараш номҳои ҳокимони Ҳисор дар асри XV–XVI Қамбаралибек, Султон Маҳмуд, Бойсунғур Мирзо, Маҳдӣ Султон, Ӯзбек Султон, Килич Қаро Султон, Темур Аҳмад Султон, Муҳаммадёр; ҳокимони асри XVI-XVIII Халуқаби мирохур, Хишика атолиқ, Раҳимхон, Муҳаммад Аминбӣ, Муҳаммадалӣ Каттабек валади Улуғбек, Дӯстмуҳаммадбегӣ, Қароошғолӣ, Каримбегбий, Бобо парвоначӣ, Давлатбий Кенагас, Муҳаммадёр, Ӯткан додхоҳ, Дарвешқушбегӣ, Муҳаммадин юз, Сиддиқбек, Донёл атолиқ, Алеберди тоз (аввалин ҳокими асри XIX)Сӯфибии девонбегӣ, Абдукаримбий, Яъқуббек, Раҳмонқул парвоначӣ, Саидбий атолиқ юз, Сӯфибий, Салим дастурхончӣ, Абдулмӯъминхон, (1871-1886), Остонақулбек, (1886-1906), Шоҳимардон (Иноқҷон-1907 дар заминҷунбии Қаратоқ ҳалок гашт), Муродҷон (Мирмурод) ва Абдулмӯъмин чучқа (1907-1911), Авлиёқул парвоначӣ (1911-1915) Хоҷақулибекбий девонабегӣ (1915-1917)аз бемории вабо ҳалок гашт) ва Авлиёқулбек (1917-1920) номбар карда шудааст.
Зикр бояд кард, ки ҳокимони зикргардида қарнҳои гуногун ҷилави давлатдориро дар вилояти Ҳисор, ки шаҳри мо як қисмати он ба шумор мерафт, ба даст гирифта буданд. Дар байни ин ҳокимон танҳо Абдукаримбий зодаи деҳаи Қаротоқ буду Остонақул қушбегӣ яке аз ҳокимони нисбати мардум дилсӯз ва аҳли фарҳанг дар ҳошияи таърих нақш гузоштааст.
Ҳанӯз соли 1911 Заҳируддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) арбоби давлатӣ, лашкаркаш, воқеанигор ва шоир ба 500 сар шутури корвониаш тавассути дараи Қаратоқ ба Мастчоҳ сафар кард, дар хотираҳояш ва харитаи сафараш дарёи Қаротоқро (Камрӯд) ёдоварӣ намудааст.
Дар соли 1915 аҳолии бекигарии Ҳисор 210 ҳазор нафарро ташкил менамуд, аз он ҷумла дар амлокдории Қаротоқ 7500 нафар, дар ҳудуди шаҳри Қаротоқ 5100 нафар зиндагӣ мекарданд.
Дар соли 1923 шумораи аҳолии Қаратоқ 4750 нафар, Регар 1040 нафар, Даюб 2507 нафар, дар Неъматбача 1700 нафар аҳоли зиндагӣ мекарданд.
Аз ибтидои асри XIX сар карда то солҳои 20-уми асри XX, марзи шаҳр, ки дар водии Ҳисор мавқеъ дорад, диққати сайёҳон, набототшиносон, археологҳо ва олимони соҳаҳои гуногуни мамолики Аврупо, Амрико ва Русияро ба худ ҷалб намуда буд, онҳо дар хотираю эҷодашон оид ба зироаткорӣ касбу корва вазъи сиёсию иҷтимоии ин сарзамини зархез дар осорашон мерос гузоштаанд.
Аз он ҷумла лейтенанти англис Остиндак (1831), сайёҳи рус И. А. Масв (1857), шарқшиноси рус Г. Е. Грум Грижимайло (солҳои 70-ум) Л. Ф Костенко, сайёҳи фаронсавӣ Г. Бунвалот (1886), полковники штаби генералии подшоҳии Русия Галкин (1889), Стеткеевич (1889), набототшинос олимони В. Веберг (1903), Ф.К. Красилеиков (1908), археологи амрикоӣ Р. Помпелӣ, капитани штаби геннералии Русия Покотило, Д. Н. логофт (1913), сайёҳи англис Рикмерс Риклара (1913), шарқшиноси рус М. С. Андреев (1916) ва даҳҳо нафари дигар барои омӯзиши ин водӣ омада буданд.
Шаҳри Турсунзода таърихи бештар аз 2500 сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Турсунзода ҷойгир аст.
Ёдгориҳои меъморӣ
1. Мақбараи Хоҷа Нақшрон – деҳоти Т. Туйчиев
2. Мақбараи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа – деҳоти Қаротоқ
3. Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Солеҳ – деҳоти Қаротоқ
4. Масҷиди Хоҷа Рӯшноӣ – деҳоти Қаротоқ
5. Мазори катибадори Муҳаммадибий – деҳоти Қаротоқ
6. Мазори Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ – деҳоти Қаротоқ
7. Мақбараи Баҳовуддини Балогардон – деҳоти Навобод
Ёдгориҳои археологӣ
1. Қултеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
2. Тӯятуттеппа – деҳаи Чириштеппа, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
3. Оққӯрғонқалъа – деҳаи Оққӯрғон, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
4. Чучуқайтеппа – деҳаи Оққӯрғон, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
5. Долонсойтеппа – деҳаи Долонсой, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
6. Мингдонатеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
7. Арабтеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
8. Мазортеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
9. Қулоқлитеппа – деҳаи Қулоқли-теппа, деҳоти 1-Май
10. Теппа – деҳаи Янгиобод, деҳоти 1-Май
11. Қӯрғончаи охир – деҳаи Шайх Музаффар, деҳоти 1-Май
12. Теппа – деҳаи Тошобод, деҳоти Навобод
13. Чиртактеппа – деҳоти Навобод
14. Закоттеппа – деҳоти Навобод
15. Кофиртеппа – деҳоти Навобод
16. Гулчайтеппа – деҳоти Навобод
17. Қаротеппа -, деҳоти Навобод
18. Каттатеппа – деҳоти Навобод
19. Кимзарартеппа -, деҳоти Навобод
20. Балогардонтеппа -, деҳоти Навобод
21. Қурбонкӯсатеппа -, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
22. Оқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
23. Гултеппа-ддеҳоти 10-солагии Истиқлолият
24. Гулзилзилатеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
25. Заргартеппа – деҳаи Шарқ, деҳоти 10-солагииИстиқлолият
26. Чинортеппа – деҳаи Чинор, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
27. Қизилхишттеппа – деҳаи Лоҳутӣ, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
28. Чоргултеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
29. Ҷарқишлоқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият
30. Қӯштеппа – деҳоти 10-солагииИстиқлолият
31. Ӯзбеконтеппа -, деҳоти 10-солагии Истиқлолият
32. Коррези Тешуктош – деҳаи Қаратоқ, деҳоти Қаратоқ
33. Ғаровтеппа – деҳаи Ғарав, деҳоти Ғарав
34. Қӯрғонтеппа – деҳоти Регар
35. Пашмикӯҳна – қисмати шимолии дарёи Ширкент
36. Тандирйӯл – наздикии ҳудуди деҳоти Пахтаобод
37. Дутеппа – 61-62 км роҳи Душанбе – Деҳнав
ЗИЁРАТГОҲҲО
Дар шаҳри Турсунзода якчанд ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо мавҷуд ҳастанд.
Зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа.Дар оромгоҳи «Мазори эшон»-и деҳаи Қаратоқ қабри калоне ба шакли сағонахона дар алоҳидагӣ ҷойгир аст. Дарозӣ ва бари қабр 2,6 х 1,4 метр аст. Сағонаи номбаршуда, аз Қалъаи Қаротоқ дар масофаи 215 метр дур ҷойгир аст.
Катибаи «Санги бузургвор». Дар деҳаи бостонии Қаратоқ
ягона катибае, ки аз муҳоҷиршавии мардумони самарқандӣ дар асри XVIII-XIXгувоҳӣ медиҳад, ки ин катибаи рӯи «Санги сандуқ» ё «Санги бузургвор» мебошад. Катибаи дар рӯи санг сабт гашта, соли 1112-и ҳиҷрӣ мебошад.
Ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон. Мақбараи Хоҷа Нақшрон дар асрҳои XII-XIII сохта шуда, дар ҷамоати Т.Туйчиев майи шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст.
Пашмикӯҳна. Ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистонро аз давраҳои қадим роҳи таърихӣ – Шоҳроҳи Абрешим пайваст менамуд. Ҳамин буд, ки Тоҷикистон мавқеи асосиро дар маданият ва тиҷорати байналқалқӣ байни Ҳиндустон, Афғонистон, Хитой, Суғд, Таҳористон муаррифӣ менамуд.
Дар қисмати шимолии парки Ширкент қишлоқ бо номи Пашми Кӯҳна вуҷуд дорад, ки хеҷ кадом аз истиқоматкунандагони он аз кадом давра вуҷуд доштани маҳалро ёд надоранд. қишлоқи на он қадар калон, бо шумораи ҳафт нафар оила дар як мавзеи зеботарини табиат, дар рӯ ба рӯи дарё, харсангҳои сурхчатоб доман паҳн кардааст.
ЁДГОРИҲОИ ТАБИӢ.
Бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави боғи таърихӣ-табии Ширкент аз 40 адад зиёд аст, ки онҳо ба категорияҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ дохил мешаванд. Ба категорияҳои геологӣ бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи қадим дошта, дар гузашта дар ин ҷо мавҷуд будани динозаврҳоро нишон медиҳад. То кунун изи динозаврҳо дар ҳудуди боғ боқӣ мондаанд.. Миқдори умумии изи динозаврҳо аз 400 зиёд аст. Тақрибан таърихи ин динозаварҳо ба 96-156 миллион сол қабл баробар аст.
Боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар масофаи 70 километр аз шаҳри Душанбе, соли 1993 боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар мавзеи зебоманзари дараи Ширкент, бо мақсади нигоҳдории ёдгориҳои қадимаи динозаврҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир ва арчазорҳои ҳамешасабзи қаторкӯҳҳои Ҳисор таъсис дода шудааст.
Дар қуллаи силсилакӯҳи Маҷетлӣ якчанд пиряхҳои хурду калон мавҷуд аст, ки роҳ ба сӯи онҳо аз дараи Ҳазархона ба воситаи монеаҳои Ширкент, аз харсангҳои сурхчатоби пурқувват иборат, меравад.
Воситаҳои ахбори умум
Ҳафтаномаи «Диёри Турсунзода» Аз моҳи марти соли 1935 нашр мегардад. Аз соли 1935 то соли 1940 бо ҳуруфоти лотинии ӯзбекӣ ва қисман ҳуруфоти кирилии русӣ рӯзнома ба табъ мерасид. Аз ибтидои солҳои 40-ум то имрӯз бо ҳуруфоти кирилии русӣ ба табъ мерасад.
Рӯзнома бо номҳои “Ленин юли” то нимаи дуюми солҳои 80-ум, “Халқ минбари”, то охири солҳои 80-ум “, “Регар” то соли 2004 ва аз соли 2004 то айни замон “Диёри Турсунзода ба табъ мерасад. Аз ибтидо то имрӯз дар ҳайси сармуҳаррир шахсони зерин фаъолият кардаанд:
Улуғназар Аҳмадов, Тоҷиддин Тухтаматов, усмон Нишонов, Хӯҷааҳмад Хидиралиев, Тӯйчӣ Ханҷаров, Шамсиддин Ҳоҷиматов, Абдумурод Бӯриев, Сафаралӣ Мансуров, Норқул Рабиев, Фирӯза Муминова фаъолият кардаанд.
Дар ин солҳо ҷиҳати пешрафти соҳа мухбирон ва кормандони зерин саҳмгузорӣ намудаанд: Шамсиддин Ҳоҷиматов. Ашурмат Буттаев, Мирзо Келдиёров, Набиҷон Муҳаммадиев, Эргашалӣ Маҳмудов, Комилҷон Хушназаров, Азиза Шоимардонова, Фирӯза Муминова, Алимардон Шоимардонов, Мамаёқуб Тоҳиров, Акрам Икромӣ, Абдуҷлил Ғафуров, Хӯҷааҳмад Хидиралиев, Ҳомидалӣ Обидхӯҷаев, Иброҳим Юлдошев, Гулрухсор Юсуфова, Абдурауф Муъминов, Махфират Солиева, Фирӯз Холиқов, Алишер Мирзоев, Азиза Исматова, Ҳабибулло Дӯстов, Саида Умарқулова ва дигарон.
Ширкати телевизион ва радиои «Регар»-и шаҳри Турсунзода
Аз 31-уми марти соли 1994 Телевизиони «Регар»-и шаҳри Турсунзода рӯи мавҷ омад.
Солҳои аввали фаъолият Ҳабибулло Мақбулов, Шаҳобиддин Бобоев, Абдумаҷид Бойхонов, Музаффар Мадалиев, Олмахон Саидова Файзалӣ Холов, Камолиддин Бобоев, Хуршед Ҳалимов, Гулнисо Зарипова фаъолияти пурмаҳсул кардаанд. Дар радифи барномаҳои телевизион ҳамчунин барномаҳои радиои “Садиои Осиё” рӯи мавҷ омад.
Имрӯзҳо Собирҷон Саидов, Дилшод Раҳмонов, Саидакбар Амирзода, Зайнаби Зайниддин, Зафар Ҳасанов, Сайфиддин Иброҳимов ва дигарон ҷиҳати рангину пурмуҳтаво гардидани барномаҳои телевизион эҷод менамоянд.
Ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»
9 июли соли 1976 аввалин шумораи газета бо номи газетаи «Огни Регара» ба дасти хонанда расид. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҳафтанома ном «Алюминийи Тоҷикистон»-ро гирифт. Ҳафтанома соҳавӣ буда, дар 8 саҳифа ва бо се забон(тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ) нашр гардида, бештар ба солҳаи истеҳсолот бахшида шудааст.
Ҳафтаномаи «Ҳидоят»
Ҳафтаномаи мазкур бо замимаи «Адабиёт ва ҷомеа» нашрияи ҳизбӣ буда, кору фаъолияти ҲХДТ ва доираи адабии шаҳрро инъикос менамояд.
Маҷаллаи «Нури Маърифат»
нашрияи соҳаи маориф буда, дар он масоили вобаста ба маориф, эҷодиёти насли наврас, ва таҷрибаи педагии омӯзгорон рӯи нашр меояд.
Маҷаллаи «Тибби Бӯалӣ»
нашрияи соҳаи тандурустӣ буда, дар он таҷрибаи пешқадами соҳаи тибби шаҳр, усулҳои табобат, вобаста ба таъриху инкишофи тибби миллӣ ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маколаҳо интишор мегарданд.
Нет комментариев