Аллоҳ Таъоло рофизаро ба хотир дашному лаън гуфтани номуси Паёмбар ﷺ ва ёрони бузургвораш дар ҳамин дунё бо дасти худашон қисман муҷозот кардааст, аз занҷир зани сиға, (зинои муваққати) то дар лой хок худро олуда кардан..
Ва яке дигар аз муҷозоти Аллоҳ ин аст, ки ҷоҳилон ва бесаводони шаҳватпарастро роҳабарони дини ва олимону донишмандони худ интихоб кардаанд.
Ва яке аз онҳо шахсе бо номи "Абумаҳдӣ" (Илёс) аст, ҳаргоҳе мақола ва ё навиштаҷоте дар боби мадад ва кӯмаку ёри хостан аз ғайри Аллоҳ навишта шавад чи аз тарафи ман бошад ва чи аз тарафи дигар бародарон, дарав дар зераш комент менависад ва чунин ҷумлаҳоро далел меоварад:
Ки мо одамҳо аз ҳамдигар мадад мепурсем..
Тифл аз модараш мадад мепурсад ..
Ва ғайр..
Пас чи ширк варзидем...?
Ман бошам дарав коменташро пок мекунам дар асоси ҳадиси Расулуллоҳ ﷺ, ки мефармояд:
Ҳар гоҳ мункаре (бад, зишт, қабеҳ, ношоиста, номуборак)-ро дидед бо дастонатон манъаш кунед ва то охири ҳадис...
Эй аҳли ҷаҳли мураккаб (нодонии худро надониста худро доно шуморидан, нодонии аз ҳад зиёд)...!
Пеш аз он ки дар ин маврид даҳон боз намоӣ, бифаҳм ки ширк маънои махсус дорад, на ҳар чи ба зеҳни торики ту биёяд ширк аст..
Ширк он аст, ки афъоли хоси Аллоҳ яъне он чизҳое ки танҳо Ӯ қодир аст анҷом диҳад аз ғайри Аллоҳ талаб ё нисбат дода шавад.
Афъоли хоси Аллоҳ кадоманд..?
Эҷоди олам: Танҳо Аллоҳ офаринанда аст.
Ризқ додан: Танҳо Аллоҳ ризқ мерасонад.
Иҷобати дуъо ва гирифтани бало: Танҳо Аллоҳ даъватро мешунавад ва монеъаро бартараф мекунад.
Ҳашри мурдагон, омурзиши гуноҳ, ҳидоят ҳамааш аз Аллоҳ аст, на аз махлуқ.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
{ Ва агар Аллоҳ туро балое расонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ онро аз байн намебарад, ва агар барои ту хайр хоҳад, ҳеҷ кас неъмати Ӯ-ро бознамегардонад }.
"Сураи Юнус,107".
{ Ва касоне ки шумо ба ҷои Ӯ мехонед, наметавонанд барои худ суду зиёнеро соҳиб шаванд }.
"Сураи Аъроф,188".
Бинобар ин агар касе ин корҳоро аз ғайри Аллоҳ талаб кунад хоҳ аз пайғамбар бошад, хоҳ аз авлиё, хоҳ аз имом, хоҳ аз сангу дарахт пас ин ширк аст.
Афъоли махлуқ кадоманд..?
Инсонҳо метавонанд бар асоси қудрати моддӣ ва василаҳо ба якдигар ёрӣ расонанд:
Касе аз дӯсти худ об мепурсад.
Модар фарзандашро таъом медиҳад.
Табиб барои шифо сабаб мешавад.
Рафиқат туро аз чуқурӣ берун мекашад.
Ин чизҳо аз доираи қудрати инсон берун нест ва талаби чунин ёрӣ ширк нест, балки муъомилаи табиӣ миёни махлуқ аст.
Пас иштибоҳи рофиза дар куҷост..?
Ҷоҳили бехабар фарқ миёни ду навъи талабро намефаҳмад:
1. Талаби ёрии табиӣ аз махлуқ, ки ҷоиз ва табиӣ аст.
2. Талаби корҳои Илоҳӣ аз махлуқ, ки ширк ва куфр аст.
Масалан: Ҳар гоҳ ту ба гӯри мурда равӣ ва бигӯӣ:
Эй фалонӣ, маро фарзанд деҳ..!
Маро шифо бидеҳ..!
Мушкилоти зиндагиро ҳал кун..!
Ин ширк аст, чаро..? Чун ту аз махлуқ коре талаб кардӣ, ки фақат аз Аллоҳ бармеояд, яъне афъоли Холиқро аз махлуқ талаб карди..!
{ Ва агар туро Аллоҳ балое расонад, ҳеҷ кас онро бартараф карда наметавонад, ҷуз Ӯ, ва агар барои ту хайр хоҳад, ҳеҷ кас фазли Ӯ-ро бознамегардонад }.
"Сураи Юнус,107".
{ Ва касоне ки ҷуз Аллоҳ мехонанд, ҳеҷ чизро наметавонанд офаранд ва онҳо худ офарида шудаанд (яъне махлуқанд, на Холиқ) }.
"Сураи Наҳл, 20".
Аммо агар ту ба бародари зиндаат бигӯӣ:
Бародар, як пиёла об бидеҳ ин ширк нест, балки коре оддӣ аст.
Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:
{ Агар чизе биталаби аз Аллоҳ биталаб ва агар кӯмак бихоҳӣ, аз Аллоҳ бихоҳ }.
"Ҳадис саҳеҳ, ривояти Тирмизӣ".
{ Дуъо ибодат аст (ва ибодат хоси Аллоҳ аст, на аз махлуқ) }.
"Ҳадис саҳеҳ, ривояти Абу Довуд ва Тирмизӣ".
Ҳамин оятҳо ва аҳодис ба таври равшан собит мекунанд, ки талаби қудрат ва феъли Илоҳӣ танҳо аз Аллоҳ ҷоиз аст, ва ҳар кас онро аз ғайри Аллоҳ бихоҳад, дар ширк афтодааст.
Хулоса эй аҳли ҷаҳли мураккаб, пеш аз он ки дар ин маврид забон боз кунӣ, аввал фарқ байни афъоли Холиқ ва афъоли махлуқро бифаҳм:
Талаби афъоли Аллоҳ аз ғайри Аллоҳ ширк аст.
Талаби афъоли махлуқ аз махлуқ муъомилаи табиӣ мебошад.
Ширк на дар пурсидани об аз бародар аст, балки дар он аст ки шахс ба ҷои Аллоҳ, ба ғайри Аллоҳ рӯ оварад ва қудрату афъоли Илоҳи-ро ба ӯ нисбат диҳад.
Нет комментариев