Дуъо ва хондани (мадад пурсидан) ғайри Аллоҳ Ширки Акбар аст ва касе, ки бидуни тавба аз дунё гузарад ҳаргиз бахшида намешавад, зеро ин бузургтарин зулм дар ҳаққи Аллоҳ аст...
Қуръони Карим асилтарин масдар ва манбаъи ҳидоят ва роҳи рост аст китобест, ки каҷи ва хаторо бар Ӯ роҳ нест..!
Савол барои андеша: Оё Муҳаммад ﷺ Аллоҳ аст ё ғайри Аллоҳ..?
Оё Алӣ (Аллоҳ аз ӯ рози бошад) Аллоҳ аст ё ғайри Аллоҳ..?
Оё Ҳусейн (Аллоҳ аз ӯ рози бошад) Аллоҳ аст ё ғайри Аллоҳ..?
Оё Ҳасан, Фотима, ва дигар бузургони аҳли байт ва авлиё ва дӯстони Аллоҳ (Аллоҳ аз ҳамаи онҳо ризо бошад) Аллоҳ-анд ва ё ғайри Аллоҳ..?
Бидуни шакк, ки хоҳи гуфт албатта ғайри Аллоҳ...
Пас эй ҷӯяндаи роҳи ҳақ ва ҳидоят бишнав ки Парвардигорат чигуна возеҳу ошкор бароят баён мекунад..!
وَمَنْ يَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ لَا بُرْهَانَ لَهُ بِهِ فَإِنَّمَا حِسَابُهُ عِنْدَ رَبِّهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
{ Ва ҳар кас, ки ғайри Аллоҳ маъбудеро бихонад (дуъо кунад, мадад пурсад), ки барои он ҳеҷ далеле надорад, пас ҳисобаш назди Парвардигораш аст ҳароина кофирон растгор намегарданд }.
"Муъминун: 117".
Ибодат (ин исми ҷомеъ аст, яъне тамоми аъмоли хуб ки ба хотири аҷру подош анҷом медиҳед, ибодат аст) танҳо ҳаққи Аллоҳ аст.
Оят бо ибораи қавӣ мефармояд:
وَمَنْ يَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ
{ Ҳар кас, ки бо Аллоҳ маъбуди дигарро бихонад (яъне дуъо кунад, мадад пурсад) }.
Ин ишора мекунад, ки ширк ва даъват аз ғайри Аллоҳ (бут, инсони мурда, фаришта, пайғамбар ё ҳар чизе ғайри Аллоҳ) беасос аст, зеро ибодат, дуо ва умед танҳо ба Аллоҳ тааллуқ дорад ва ҳазорон далел ва бурҳон дар ин боб дар Қуръон ва суннат вуҷуд дорад.
Ботил будани шарик барои Аллоҳ:
Оят мефармояд:
لَا بُرْهَانَ لَهُ بِهِ
Яъне барои он «маъбуди дигар» ҳеҷ бурҳон ва далеле вуҷуд надорад.
Ин ҷо як қоидаи куллӣ барқарор мешавад ва он инки ҳақиқат ҳамеша бо далел аст, ва ширк аз реша беасос ва беҳуҷҷат мебошад.
Ҳисоб танҳо назди Парвардигор аст:
Дар идома оят мегӯяд:
فَإِنَّمَا حِسَابُهُ عِنْدَ رَبِّهِ
Ҳисобу китоб ва муҷозоти онҳое, ки ба ғайри Аллоҳ-ро мехонанд, дуъо мекунанд, мадад мепурсанд ва дар ширк афтодаанд, танҳо дар дасти Парвардигор аст.
Ин нишон медиҳад, ки касе аз инсонҳо ҳаққи ниҳоии довариро дар бораи сарнавишти дигарон надорад, балки ин ҳукм мутаъаллиқ ба Аллоҳ аст.
Натоиҷи ширк ва куфр:
Оят бо ҷумлаи қатъӣ поён меёбад:
إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
Кӯфркунандагон (яъне Аллоҳ Таъоло касонеро, ки ғайри Ӯ-ро мехонанд, дуъо мекунанд, мадад мепурсанд, такфир кард кофирашон хонд) ҳаргиз ба фалоҳ ва наҷот намерасанд.
Яъне, натиҷаи ниҳоии ширк ва куфр хусрон, шикаст ва маҳрумият аз бахшиш ва раҳмати илоҳӣ аст. Паноҳ ба сӯи Аллоҳ..
Дарсҳо ва андарзҳо аз ин Ояти Карима:
Беасос будани ширк: Ҳар гуна ибодат ва дуо аз ғайри Аллоҳ, новобаста ба ном ва шакл, асосе надорад ин барои инсони оқил далелест, ки аз хурофот, ҷодугарӣ ва парастиши шахсон ва ашё дур бошад.
Қуввати бурҳон дар дин: Дини ҳақиқат ҳамеша бо бурҳон ва далели равшан аст, лизо агар чизе далел надошта бошад, он наметавонад маъбуд бошад.
Масъулияти шахсӣ: Ҳар кас ҳисобашро назди Парвардигор хоҳад дод ин огоҳӣ медиҳад, ки инсони боимон бояд ҳар амалашро санҷад дар асоси далел ва бурҳон ва дар роҳи тавҳид устувор бошад.
Фалоҳ (растагор шудан, комёби ) танҳо дар Тавҳид аст: Нақшаи наҷоти инсон имон ва Тавҳид мебошад ва ҳар роҳи дигар ба ҷуз ин, ба шикаст ва ноумедӣ мекашад.
Оят ба мо мефаҳмонад, ки ширк ва ибодат ва хондани ғайри Аллоҳ аз нигоҳи ақл ва бурҳон комилан ботил аст.
Ҳақиқати ягона ин аст, ки ибодат танҳо сазовори Аллоҳ мебошад ва ҳар касе, ки роҳи дигарро пеш гирад, дар охират ба муваффақият намерасад.
Пас, рисолати мо имрӯза ин аст, ки имон ва ақидаро бо далел ва бурҳони қавӣ нигоҳ дорем ва аз ҳар гуна ширк ва хурофот канорагирӣ кунем ва танҳо ба Аллоҳ такя намоем.
Зеро ҳар касеро, ки Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳеҷ гумроҳкунанде барояш нест, ва ҳар касеро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт..
Эй бародар ва хоҳарам ба Қуръон чанг бизан ақида ва боваратро аз он бигир, зеро Аллоҳ Қуръон-ро китоби ҳидоятгар муъаррифӣ кардааст ба ғайр аз Қуръон дигар роҳҳо ботил ва хурофоту ҷаҳланд.
————————————————-
Биноан ҳар видео ки мухолифи шиъаёнас ба Вааллоҳи тафриқа байни уммат нест, балки зоҳир шудани Ҳақ бар ботил аст то бародарон ва хоҳарони мусалмон фирефтаи ин мушрикон нашаван лизо дар Қуръон фақат 2,500 оят дар мавриди “Тавҳид” омадааст, ки мушрик будани шиъаро сароҳатан собит мекунад, душмани бо саҳоба буданашон яктараф истад !!!
Нет комментариев