Раҳбарияти наҳзати террористӣ баъди шикаст ва баста шудан ва фирор ба Аврупо нисбати Тоҷикистон ва ҳукумати он танқидҳои зиёдеро дар шабакаҳои гуногун, бо сомонаҳои гуногунном раво дида, боз он ҳадафҳои шуми худро идома дода истодааст. Ин ҳам маълум аст, чунки ў мавқеъ ва тарафдорони худро дар Тоҷикистон аз даст дод.
Тавре мебинем наҳзатиён то ҳол аз хуни мардуми Тоҷикистон сер нашудаанд ва то ба ҳол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди халқу миллат сангпартоӣ мекунанд. Кабирӣ дар баромадҳояш ҳамеша мекӯшад то давлати моро бадном созад.
Вале ин кардани хиёнаткор фаромўш кардааст, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик ҳанўз барвақт замоне, ки онҳо дар фикри душмании миллат буданд, тақдирашро ба дасти худ навишт ва таҷриба ҳам нишон медиҳад, ки хато накрадаасту намекунад.
Мардуми Тоҷикистон фаромўш нахоҳад кард, ки худи ў вақте, ки вакил буд, пулу моли мардумро талаву тороҷ намуду то ба ҳол бо пулу моли мардум дар хориҷи кишвар истода ба сўи мардуми бегона санг меандозад. Ин корро танҳо он нафаре мекунад, ки курнамак аст.
Мардуми Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки сатҳи зиндагӣ дар кишвар рўз аз рўз беҳтар шуда истодааст. Нақшаи стратегии ҳукумати Тоҷикистон оиди баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавори марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Худи Кабирӣ ё ТТЭ ҲНИ барои мардуми Тоҷикистон чи амали хубе анҷом доданд? Ба ғайр аз фитнаву бадбинӣ дар байни мардум дигар чизе наметавонанд пешкаш созанд.
Бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон дар тули фаъолияти худ исбот кард, ки имрўз он қудратеро дорад, ки худро аз душманони чи дохилӣ ва беруна ҳифз намояд. Онҳое, ки дар қаламрави Афғонистон қарор доранд ва ба Тоҷикистон таҳдид менамоянд, бо ТТЭ ҲНИ ва тарафдорони он дар як андеша мебошанд. Дар сурати бад шудани вазъи сиёсӣ ва низомӣ дар Тоҷикистон таъсири он ба минтақа низ мерасад.
Наҳзатиҳо ба чизе ноил нахоҳанд шуд, чунки халқи тоҷик дар атрофи Роҳбари маҳбуби худ ҷамъ шуда, бо боварии том ба сўи ояндаи дурахшон меравад. Ба ҳар матлаби сомонаҳои наҳзатӣ агар таваҷҷуҳ намоем, шоҳид мегардем, ки танҳо бадном сохтани Ҳукумати феълӣ, иддае аз рушангарон ва таҳқири мардуму миллати хеш дигар матлаберо наметавон пайдо кард. Агар чунин фаъолияти онҳоро ба фаъолияти замони шуравии собиқ муқоиса намоем, ҳеҷ фарқияте наметавон пайдо кард ва ҳеҷ тағйиреро ҳам наметавон мушоҳида кард.
Бо вуҷуди он ки бо дили Аврупо рафта муттаҳамона бо бадном сохтани миллати худ ҳазинаҳоро ба даст меоранд, аммо натавонистан моҳияти дуруғини худро ислоҳ кунанд ва ё ҳадди ақал аз пайи ислоҳи худ бошанд. Зеро ошкор аст, ки онҳо ҳуввияти худро аз даст додаанд ва ба як манкурти худбохта табдил шудаанд. Аммо бозичаи дасти дигарон, ки гаштаанд наметавонанд аз ин чоҳи кандаи худ берун оянд, ки ҳикмати мардуми ҷавоби ин маргандешонро додааст “ҷоҳкан зери чох”.
Дамирбек Хусравзод,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев