Зодрӯзи фарзанди содиқи миллат, доктори улуми равоншиносӣ ва иқтисодӣ, Саидмурод Давлатовро муборакбод мегӯем ва ба эшон саломатию муваффақият ва сарбаландиву саодатмандӣ таманно дорем.
Саидмурод Давлатов яке аз маъруфтарин тренерони тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он буда, номашро бо эҳтиром ба забон меоранд ва китобхояш дар мавзӯъҳои муҳим миллионҳо нусха ба забонҳои гуногун ба табъ расидааст. Мардум онҳоро бо шавқи беандоза мутолиа мекунанду баҳра мебардоранд ва дар зиндагӣ муваффақ мешаванд. Дар борааш садҳо матолиб дар рӯзномаву маҷаллаҳо навиштаанду ҳатто филмхо офаридаанд.
Саидмурод Давлатов бо таҷрибаи чандинсола тренери дараҷаи аввал дар сатҳи ҷаҳонист. Ӯ дар тӯли шаш сол аз кишварҳои гуногун 34 нафарро таълиму тарбия дод, ки сармояи ҳар яки онҳо ба миллионҳо доллар расид. Дар тренингу семинарҳои ӯ беш аз як миллион нафар ширкат кардаанд ва ҳудуди 300 соҳибкор ба таври инфиродӣ таълим мегиранд.
Имрӯз Саидмурод Давлатов ҳамчун пайрави содиқи Пешвои миллат дар ободонию шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиби хешро мегузорад. Ҳамзамон ба боғдорӣ машғул асту гармхонаҳо ва маркази логистикӣ месозад. Дар Кумсангир зардолую пистазор дорад.
Ӯ академияи "Само"-и худро таъсис дод ва дар саросари Тоҷикистон "Хонаҳои дониш" бунёд мекунад. Ду сол қабл дар Хуҷанд мактаби Оксфордро боз кард.
Дӯконҳои асбобхои рӯзгор ва парфюмерии он дар Алмаато, Бишкек ва Москва фаъоланду офисхо доранд.
Ҳанӯз соли 2008 бо Саидмурод Давлатов мусоҳиб шуда, онро дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ расондам ва онро ҳоло пешкаши дӯстони гиромӣ мегардонам, ки то ҳолқимати худро гум накардааст.
ҶАВОНӢ АЗ ҚУДРАТУ ТАВОНОИСТ
Бо Саидмурод Давлатов дар Маскав шинос шудам. Ҳамон вақт хатмкунандаи факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов буд. Тарзи сухан гуфтану фикррониаш аз дигарҳо фарқ мекард. Сӯҳбаташ шунавандаро ба худ ҷалб месохт. Чун фаҳмидам, ки ӯ соли 1996 дар қатори дигар ҳамдиёронамон ба Маскав мардикорӣ омада, душворӣ ва маҳрумиятҳои онро аз сар гузаронидааст ва маблағе пасандоз намуда, ба ин таълимгоҳи машҳур дохил шудааст, эҳтиромам нисбат ба ӯ афзуд.
Чанде қабл бо Саидмурод дар Душанбе вохӯрда, ӯро бо гирифтани унвони доктори илми равоншиносӣ табрик намудам.
-Саидмурод, Шумо ҳамчун равоншинос нисбат ба ҷавононе, ки муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр менамоянд ва волидайне, ки фарзандонашонро ба он ҳидоят менамоянд, чӣ андеша доред?
-Ҷавонон бояд пеш аз ҳама илм омӯзанду соҳибкасб ва мутахассиси варзида гарданд. Зеро дар тамоми давлатҳо ҷомеа ба мутахассиси хуб ва ҳунарманду соҳибкасб ниёз дорад.
Мутаассифона, солҳои охир мардуми мо ба фарзандонашон, хоҳ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва хоҳ дар таълимгоҳҳои олӣ таҳсил намоянд, мегӯянд, ки баъди хатми мактаб ба Русия мардикорӣ раванд. Имрӯз наврасону ҷавонон ба ҷои он ки дарсҳоро азхуд намоянд, чунин ақида доранд, ки хоҳ-нохоҳ ба мардикорӣ мераванд. Бинобар ин ба хондан шавқу рағбате нест. Аллакай аз хурдсолӣ ҳирси пулдор шудан дар онҳо пайдо мешавад. Ҳеҷ гоҳ инсон аввал сарватманд, баъд оқил намешавад. Баракс, аввал хирад, сипас сарват.
Беҳуда нест, ки Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмон муттасил ҷавононро ба омӯхтани илму ҳунар, компютер, технологияи нав ва забонҳои хориҷӣ тарғибу ташвиқ ва ҳидоят менамоянд. Яке аз сабабҳои қафомонӣ ва ба таври даркорӣ рушд наёфтани ҷомеаи мо ин ба оянда дилгарм набудани қисме аз мардум аст. Онҳоро як ҳиссиёти яъсу ноумедӣ фаро гирифтааст. Ба назар чунин мерасад, ки сафинаи хешро дар баҳри зиндагӣ ба сӯи соҳили мурод намеронанд, балки халосии хешро ба амвоҷи он гузошта, беҳаракатанд. Бояд мардуми мо худро ба даст гирад ва ба «бахт»-у «тақдир» умед набандад. Офаридгор ҳам мегӯяд, ки «аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Бигузор ҳар як сокини кишварамон аз худ пурсад, ки «ман барои беҳбуди ҳаёти худу фарзандон ва Ватани хеш чӣ кор карда метавонам?».
Мутаассифона, мардуми мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мудом ба танқиду ғайбати ҳукумату роҳбарияти мақомоти он ва ғайра машғуланд. Ҳар гуна андешаҳои бад ба пешравӣ ва рушду такомули ҷомеа халал мерасонад. Чуноне ки мо тавассути амвоҷи телефон гуфтугӯ мекунем, ҳамон амвоҷи андешаҳои мо низ хоҳ бад бошад ва хоҳ нек ба ҳамдигар таъсир мерасонад. Беҳуда аҷдодони мо намегӯянд, ки«нияти нек - ними давлат». Агар мо бо нияти нек ва дасту дили гарм ва ба хотири беҳбуди ояндаи кишварамон садоқатмандона меҳнат кунем, сатҳи зиндагиамон баланд мешавад.
Боз як нуктаи муҳимро қайд карданиам, ки баъзе роҳбарони мақомот ва муассисаву корхонаҳо баробари ба сари вазифа омадан, ба қавли мардум«тешат ба сӯи худ мезананд». Мансабро ба манфиати хеш истифода мебаранд. Рафтори чунин роҳбарон ба тафаккури мардум таъсири манфӣ мерасонад. Ман ба ояндаи дурахшони мамлакатамон ва нақшаҳои азими созандагию бунёдкории Сардори давлатамон боварии қавӣ дорам. Фақат ҳама бояд ба хотири шукуфоӣ ва рушди ватанамон меҳнат кунем. Тақвияти боварӣ ба фардои худу фарзандон ва фардои кишвар омили муҳимтарини зиндагист.
-Шумо замоне мардикор будед ва аз таҷрибаи хеш ба он ҳамдиёронамон, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, чӣ гуфтаниед?
-Бале, соли 1995 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, бо сабаби танқисии молиявӣ онро тарк кардам ва озими Маскав шудам.
Қариб 6 моҳ ба мардикорӣ машғул будам, баъзе шабҳоро дар кӯчаву ҷангал гузаронидам. Сипас ҳамчун ёрдамчии маъмури яке аз бозорҳои Маскав ва баъдтар сармаъмури он садҳо ҳамдиёронамонро бо кор таъмин намудам. Соли 1998 ба факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кардам. Соли 2005 рисолаи номзадӣ ва сентябри соли 2007 дар Академияи байналмилалии илмҳои гуманитарӣ ва табиии ба номи княз Шербатов рисолаи докториро ҳимоя намудам.
Тӯли чандин сол ба мамолики Англия, Туркия, Украина, Молдова, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, давлатҳои назди Балтика, Руминия, Булғория, Чехия, Сербия, Тунис ва ғайра сафар карда, оид ба мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла барқарор кардани саломатӣ ва тавсеаи соҳибкорӣ, дар толору майдонҳо, ки то 5 ҳазор мардум ҷамъ меомад, лексияҳо хондаам.
Декабри соли 2007 Маркази байналмилалии ташаккули инсон «Само»-ро таъсис додам. Имрӯз марказ дар 26 шаҳру 8 давлати дунё фаъолият дорад ва одамонро ба сӯи саодат раҳнамун месозад.
Ростӣ, вақте ки мебинам, ҷавонони тоҷик бо ду диплом дар Маскав аробакашӣ мекунанд, дилам ба сӯзиш меояд. Маълум, ки аз мӯҳтоҷӣ ба чунин кори пурмашаққат даст задаанд. Вале ҳар як муҳоҷир ба худ бояд савол диҳад, ки то ба кай дар ҳамон як сатҳ меистад ва аробакашӣ мекунад? Агар соли аввал ба кори сиёҳ машғул шуд, соли дигар ба кори аз он авлотар даст занад. Хатоии аксари ҷавонони мо дар он аст, ки ҳамеша «дар як ҷо пой мезананд». Бинобар он дар корашон пешравие нест. Ё худ соҳибкорони мо аз мамолики хориҷӣ ҳар гуна мол меоранд. Масалан, агар соли аввал ручкаро аз Чин оварда фурӯшад, бикӯшад, ки соли дуюм ҳамон таҷҳизотро оварда худ истеҳсол кунад, то ки якчанд нафар ҳамдиёрони хешро бо кор таъмин намояд. Исо паёмбар мефармояд: «Кори нек на он аст, ки ба камбағале моҳӣ диҳӣ, балки ба ӯ моҳӣ доштанро омӯзӣ».
Кори мо ҳамон вақт пеш меравад, ки ҳамдигарро дастгирӣ намоем ва истеҳсолотро ба роҳ монем.
Аз сӯҳбати кӯтоҳмуддате, ки бо ӯ доштам, таассуроти зиёд гирифтам. Саидмурод шитоб дошт. Саидмурод ҳоло ҷавон аст. Оре, ҷавонӣ қудрату тавоноист. Мо барои амалӣ гардидани чунин нақшаҳои хайрхоҳонааш ба хотири шукуфоии Тоҷикистони азиз ба ӯ барори кор мехоҳем.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК САИДМУРОД

Мунаввари Сафар
«Ҷумҳурият»22.08. 2008
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев