Он лиқои моҳи ту шаб дар само бинам дигар,
Пушти абри тира моҳи камнамо бинам дигар.
Дур мондам аз ту, аз он гесувони милаат,
Нози чашмони ту бо чашми амо бинам дигар.
Ман туро танҳо ба хоби хеш мебинам дигар,
Кунҷи танҳоӣ ба ёди давраҳо шинам дигар.
Даври ғурбат омаду бар давраи мо чанг зад,
Лутфат эй гулғунча андар шохаҳо бинам дигар.
Байни мову ту ҳазор куҳу биёбону ҷар аст.
Роҳи моро на канору на сар асту на бар аст.
Баҳри мо будан қавӣ шарт аст андар ин масир,
То ба рӯзи васл дилҳо пурғаму чашми тар аст.
Ман чи месозам агар тақдир дорад ин талаб?!
Бо умеди рӯзи васл ёдат ба сар, номат ба лаб.
Кунҷаки танҳоӣ биншинам, чу пешам нести,
Рози худ гуям зи танҳоӣ ба сӯйи моҳи шаб.
г.Омск.                                                 ХАЁЛӢ З.О
14-03-2025

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7
Валекин дар вафо бо кас напоянд
Вафодори мадор аз булбулон чашм
Ки хар дам бар гуле дигар сароянд .
Во гариби, во гариби, во гарибо, во гариб!