Предыдущая публикация
Боз болои сарам борони сарде мезанад,
Боз қалби пораамро сӯзу дарде мезанад.
Боз андӯҳу ғаме бар синаам зам мешавад,
Осмонам бо ғубори тира маҳкам мешавад.
Боз дорад мечакад рӯйи варақ ашки қалам,
Боз борон шуд баҳона, дил бурун орад алам.
Боз борон шуд баҳона, ашки чашмам шуд паноҳ,
Боз мегирям ба ҳоли зори марди пургуноҳ.
Зор гирям то чу раъду барқ овозам шавад,
Зор гирям то ки субҳи баъд оғозам шавад.
Зери борон меравам борон сардам мекунад,
Зору гирён меравам ором дардам мекунад.
15•10•2022 ✍️ ХАЁЛӢ З.О
ш.Краснодар

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 8