РУФЕЙДА 《Марсия》
Дилам хун гашт он соат, шунидам ман зӣ марги ту,
Чу дарё гашт ашки чашми мардум рӯзи марги ту.
Чӣ овард бар сарат он нохалаф, он аблаҳ, он номард,
Пироҳан дар танат чун бехудоҳо ғарқаи хун кард.
Дилам реш асту неше мезанад бар синаам ҳар дам,
Худо донад, ки дастам мерасид бо ӯ чӣ мекардам.
Ки ӯ гирёну нолон кард мову модари моро,
Туро дур аз бари мо кард, 《Руфейда》 хоҳари моро.
Туро Ҷаннат бувад ҷоят, варо танҳо Худо донад,
Ӯ дур аст аз Худои ту, Худоро ӯ намедонад.
Агар ӯ зарра раҳме дошт, агар дар калла фаҳме дошт,
Намекард ин амал гар зарра ақли одамӣ медошт.
Туро мо ёд меорем, рухи зебои моҳатро,
Ду абрӯи камонатро, ду чашмони сиёҳатро.
Хаёлӣ З.О
07•2021

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 33
Ҳукмашро танҳо Ӯ мебарорад!
Ва мо аз Парвардгор талаб менамоем, чуноне ҳукмаш кунад то ба дигарон дарси ибрат шавад.