Ъарш гирён мешавад чашмони модар тар шавад.
Он-ки дар озори ҷони модари бечора аст,
Кур гардад,роҳи худ пайдо насозад,кар шавад.
Он-ки модарро бурун месозад аз даргоҳи хеш,
Дар ба дар гардад фақат,бехонаву бе дар шавад.
Гар савора бошаду бо кибр озораш диҳад,
Хор гардад зери бори зиндаги чун хар шавад.
Он-ки қалби модари бечораро озор дод,
Бар дилаш сад зарбаи пайдарҳами ханҷар шавад.
Қадри модарро намедонад агар дар зиндаги,
Пора-пора гардаду монанди хокистар шавад.
Ҳар-ки андар зиндаги қурбони модар мешавад,
Ҷайбҳои у пур аз сомониву доллар шавад.
Такягоҳи модараш бошад касе ҳамчун сутун,
Эй Худоё,посутуни хонааш аз зар шавад.
Маҳкампур бисту чор соъат канори модараш,
Хизмати модар кунад,гар зиндаги аз сар шавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 12