Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Қубодиён бозии даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон байни дастаҳои «Пахтакор» ва «Сарбанд» доир гардид. Вохӯрии дастаҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 3:2 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт.
Дастаи “Терай”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар даври 4-уми чемпионат тими “Сурхоб”-и ноҳияи Темурмаликро пешвоз гирифт. Вохӯрии дастаҳо дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ доир шуда, бо натиҷаи 3:2 ба нафъи мизбонон ҷамъбаст шуд.
Ҳамчунин, тимҳои «Барқ»-и шаҳри Норак ва «Мунк»-и ноҳияи Ховалинг бозии ҳамин даврро баргузор намуданд. Дидори дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ 2:2 ба анҷом расид.
Даври 4-ум, 4 августи соли 2020
«Терай» - «Сурхоб» 3:2
«Барқ» - «Мунк» 2:2
«Пахтакор» - «Сарбанд» 3:2
Хадамоти матбуотии Федератсияи
футболи вилояти Хатлон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев