Ай дил зи ҳама беҳтар бо меҳри Али созем
Ҷон дар раҳи ин мақсуд мардона дар андозем
Бошем гадои у бар ҷумла сарафрозем
Дар ҳалқаи мастонаш бо нағма ҳамовозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Аз дафтари ишқи У ҳарфе ба Вало хондем
Дидем ҷамолашро Ло ҳавло ва Ло хондем
Зин ояти раҳмат мо Илло Алло ва Ло хондем
Тавҳид сароёном гуяндаи ин розем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Тазбеҳу намозу савм мар мардуми масҷидро
Дайру ҳараму Каъба хам зоиру қосидро
Ҷаннату қасуру ҳур мар обиду зоҳидро
Бо меҳру маҳи руяш бо ҳур напардозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Моро сари куяш аз коуну макон хуштар
Дидори маҳи руяш аз ҳар ду ҷахон хуштар
Зинда шуда аз буяш ҳам аз дилу ҷон хуштар
Худ аз рухи ин маъни мо парда барандозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Мо хокнишинонро, мангар ту ҳақиру паст
Бо ёди Худо шустем аз ҷумлаи ҳасти даст
Аз ҷоми Ҳувалбоқи гаштем харобу маст
Аз фарту нишоту ишқ чун мурғ ба парвозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Ҳар чанд фақиронем фаҷри ҳама Шоҳонем
Дар мамлакати имкон Шоҳаншаҳу Султонем
Дар пайравии Мавло мо гуш ба фармонем
Гар бандаи Яздонем, лек аз ҳама мумтозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Ай Сокии ҷонона май деҳ ду се паймона
То боз кашим аз дил мо наъраи мастона
Ай мутриби фарзона зон дилбари якдона
Бархон ду се афсона то бо ту биёғозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Зикри дили мо банда дон Ноди Али бошад
Тоъат ки бувад максуд он ёди Али бошад
Ҳасти ки ба буд омад аз доди Али бошад
Мо куфр намегуем афсона намесозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Сайид Ҳасан Мирхони (Банда)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев