✨✨✨
•Бароямон сар додӣ, ба ҷои саҷда пеши Худат, онро дар назди дигарон хам кардем.
•Бароямон зеҳн додӣ, ба ҷои ҳифзи Қуръону Ҳадису Дуъо мо «Солнечный круг, Небо вокруг» азёд кардем.
•Бароямон ақл додӣ то Туро бишносему аз Ту битарсем, Туро шинохтем, Шайтонро шинохтем, хубу бадро шинохтем, росту каҷро фаҳмидем, вале амал накардем.
•Бароямон чашм додӣ, то муъҷизаҳоятро бубинем, ҳалолкардаҳоятро бубинем, вале ин неъмати чашмро мо дар чизҳои нодуруст истифода бурдем, ҳаромкардаҳоятро дидем.
•Бароямон гуш додӣ, то Қуръонро бишнавему суханҳои нек бигуему бишнавем, вале мо ғайбату таънаву буҳтону дашном шунидем бо ин гушҳо.
•Бароямон забон додӣ, то бо он Қуръони зебоятро тиловат намоем, ҳадис бихонем, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар намоем, мардумро ба сӯи Ҷаннатат роҳнамоӣ карда ва аз рафтан ба Дӯзах боз дорем, вале мо бо ин забон дашном додем, ношукрӣ кардем, захм задем, таън бар дигарон ворид кардем, ғайбат кардем, буҳтон задем, суруд хондем, шеърҳои шаҳвониву беҳуда хондем, дурӯғ гуфтем, фармони қатли дигар бандҳоятро баровардем.
•Бароямон қалб додӣ, то дар он муҳаббати Худатро парвариш бидиҳем, вале қалби моро муҳаббати дунё, мол, пул, зану фарзанд, чизҳои рангоранг пур кардааст, ки аслан барои Худат, ки Холиқу Соҳиби он ҳастӣ, ҳеч ҷое ҳам намондаем.
•Бароямон даст додӣ то ба он ба бандагонат некӣ кунем, фоида биёварем, даст ба чизҳо ва корҳои ҳалол бизанем, вале мо бо ин дастҳо қатл кардем, задем, шикастем, имзои вайронии хонаҳо ва қатли дигаронро гузоштем.
•Бароямон фарҷҳои солим додӣ, то ба воситаи онҳо насли мусалмононро зиёд намоем, то бештар «Ло илоҳа Иллаллоҳ» дар рӯи Замин гуфта шавад, вале мо онро дар зинову таҷовузу беҳаёӣ истифода бурдем.
•Бароямон пойҳои солим додӣ, то дар роҳи худат қадамҳои устувор бизанем, масҷид равем, талаби илм равем, дар роҳи нек равем, вале пойҳои мо роҳи масҷидро гум карданд, ба казино рафтанд, ба дискотекаҳо рафтанд, ба шарохонаҳо рафтанд, ба назди занони танфурӯш рафтанд, ба сӯи ноҳақиҳои зиёд рафтанд.
•Бароямон имон додӣ, Қуръон додӣ, Паёмбарон фиристодӣ, уламо равон кардӣ, Худатро бароямон муаррифӣ намудӣ, Шайтонро бароямон нишон додӣ, ки душмани ошкори шумост, роли росту роҳи каҷро бароямон нишон додӣ, аз 100 ҳазор паёмбар бештар равон кардӣ ҳидоят нашудем, вале бо як шайтон гумроҳ шудем, аз Ту итоат накардем, аз шайтон пайравӣ кардем, ончи гуфтӣ: Наздик нашавед! Накунед! Наравед! Зарар дорад! Палид аст! Ваъдаи Дузах аст! Азоби алим аст! Азоби муҳийн аст! Азоби муқим аст! Холид финнор аст! Вале мо кардем!
Худоё мо чунин бандаи Ту ҳастем, дар байни ин ҳама бадиҳо ғутидаем, вале Ту бо сифоти зебову пок аз айбу ширку нуқсонат бо мо муомила намо, на бо гуноҳону нофармониҳои кардаамон, вагарна аз ҷумлаи хосирин хоҳем шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1