Соҳиб гардидан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тамаддунофари тоҷик падидаи нодири таърихӣ ба шумор рафта, роҳи моро ба сӯйи фардои дурахшон боз намуд. Боиси хушнудии мову шумост, ки муддати 30 сол аст, ки мо дар фазои сулҳу суботи комил умр ба сар мебарем ва аз ҳавои тозаи диёри нозанину биҳиштосоямон нафаси озод мекашем. Ҳар яки мову шумо шоҳидем, ки дар ин муддати таърихи Ватани азизамон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас дида мешавад.
Варзиш ҳамчун соҳаи муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат варзишгарони мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Футбол яке аз бахшҳои муҳимми варзиш ба шумор рафта, хурду бузург онро дӯст медоранд. Боиси хушнудии мову шумост, ки тайи солҳои охир футболбозони меҳани азизамон ба комёбиҳои шоиста ноил гардида шарафу номуси диёри азизамонро берун аз кишвар муаррифӣ карда истодаанд.
Мавсими имсолаи футбол ба санаи бузурги таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, ҳар як дастаи футбол баҳри дар сатҳи шоиста ҷашн гирфтани ин санаи таърихӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.
Дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор яке аз дастаҳое мебошад, ки мухлисону ҳаводорони зиёд дорад, ин даста дар тӯли мавҷудияти хеш ба комёбиҳои беназир ноил гарида шарафу номуси футболи тоҷикро берун аз кишвар муаррифӣ намудааст.
Тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи Ватан 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ гирифта барои ба дастовардҳои назарарс ноил гардидан дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум азм доранд, ки аз худ маҳорати олӣ нишон диҳанд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи мухлисони дастаро ба оғози чемпионати футбол миёни дастаҳои лигаи якум самимона таҳният гуфта, бовар дорем ки бо ташрифи хеш ба футболбозон рӯҳияву илҳоми тоза мебахшанд итминон низ дорем, ки мухлисони даста дар рафти баргузории рақобатҳо ҳангоми ташриф овардан ба варзишгоҳ аз худ одобу ахлоқи ҳамида нишон дода бо одобу ахлоқи намунавӣ барои дигар мухлисони дастаҳои футбол боиси ибрат мегарданд.
Дӯстони азиз! Мухлисони гиромӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум дастаи “Ҳосилот” санаи 24-уми апрел соати 16:30 дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафарободро дар ноҳияи Фархор қабул менамояд. Ба тими “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод дар чемпионати имсола барору комёби хоста хоҳони онем, ки зафар ёрашон бошад.
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шумо мухлисони азизро ба тамошои футбол даъват менамоем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев