Ҳангоми мулоқот бо шахсе, ки дӯсташ медорӣ, табассум кун то муҳаббати туро эҳсос намояд. Ҳар.вақто, ки душманатро дидӣ, табассум кун то қудрату тавоноии туро эҳсос намояд. Ҳар вақто, ки дидӣ касеро таркат кардааст, табассум кун то эҳсоси пушамонӣ кунад. Ва ҳар вақто дидӣ касеро, ки намешиносиаш, табассум кун, ин барои ту аҷру савоб дорад.