Имруз мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Танҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои рузмарра комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.
Дар мавриди муқовимат бо терроризм метавон гуфт, ки он яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амри ба роҳ мондани муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дарк менамоянд ва ташаббусҳои кишвари моро дар ин самт дорои аҳамияти муҳим медонанд.
То кунун Тоҷикистони соҳибистиқлол мизбони чандин нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба тақвияти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ шудааст, ки баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузори он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” намунаи барҷастаи он аст.
Ин нишаст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир шуда буд, барои ҷомеаи башар дорои аҳамияти хеле муҳим аст.
Эҳсони Маҷид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев