Муҳаммадиқболи Садриддини ифротӣ дар сомонаи ифротии худ матолиберо мунташир мекунад, ки ягон мантиқу маъно надоранд ва пури туҳмату дуруғ ва дур аз воқеият аст.
Ҳамеша ӯ дар навиштаҳояш чунин вонамуд мекунад, ки гӯё худу ҳамсафонаш ба ҷинояту хиёнат ва ҷангу кушторҳо дар кишвар ҳеҷ алоқае надошта бошанд.
Аммо шахсиятҳои арзандаи миллати тоҷикро таҳқиру тавҳин карда, дар ҳар камбудие гунаҳгор мешуморад.
Ҳамеша ин худбохта мегӯяд, ки ҳар касе ки ба дигарон “буҳтон ва туҳмат” мебандад “лаънаткардаи Худо ва душмани халқи тоҷик аст”. Вале худаш тамоми туҳмату буҳтонҳои имконпазирро дар ҳаққи шахсиятҳои соҳибэҳтироми миллати тоҷик раво мебинад.
Аз мақолаҳояш бармеояд, ки худи Муҳаммадиқболи Садриддин лаънаткардаи Худо ва душмани давлату халқи тоҷик аст.
Албатта ин ифротии мазҳабзадааю маҳалгаро худаш ҳам медонад, ки он дурӯғу туҳматҳои ошкораш натиҷаи дилхоҳашро намедиҳад. Ин аст, ки дар ҳар як матлаб кӯшиш мекунад аз эҳсосоти динии мардум ва аз маҳалгароӣ истифода намояд.
Вай дар матолибаш мекӯшад, ки миёни манотиқи кишвар тафриқа андозад ва бешармона дар ин самт дуруғ мебофаду мепароканад. Мехоҳад бо ин гуна касофатӣ мардуми одиро ба доми худ афтонад.
Аммо дарк намекунад, ки мардуми ин кишвар ҳамарӯза дар пайи обод сохтани Тоҷикистон ҳастанд. Ба қавли шоир “Тоҷикистонро дигар қисмат” намекунанд, балки дастаҷамъона обод мекунанд.
Ин гуна найранги Муҳаммадиқболи Садриддин танҳо барои гумроҳ кардани хонандагони камшумораш аст, ки бо ҳар сабабе ноогоҳанд. Аслан қисмати зиёди матлабҳояш ба пуштибонӣ аз фарҳанги бегонаи хунхӯр аст. Яъне ӯ чунин ақидаеро дорад ва бар он асос таблиғот мебарад, ки ДИИШ-ӣ аст.
Тавре маълум аст ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба он мансуб аст, ягон фарқияте аз нигоҳи ақидаву тарзу усули фаъолият надоранд. Ҳар дуи ин ташкилот зидди манфиати давлату миллати тоҷик амал мекунанд.
Ҳамин тавр, Муҳаммадиқболи Садриддин душманӣ бо Ватану мардумро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки хоси тамоми раҳбарияту масъулини ТТЭ ҲНИ мебошад. Аммо бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад ва ин гурӯҳи хиёнаткор ва мардумситез орзуи худро ба гӯр мебарад.
Хуршеди Мурод,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев