Терроризм—ҳамсафари доимии инсоният, ки ишора ба шумораи аз ҳама хатарнок ва мушкил аст, пешгўи падидаҳои замони муосир буда, бештар гуногунии шакл ва таҳдидҳои ҳудудї дорад. Актҳои террористии марги одамон ва фишори бузург ба мардум, зарари моддӣ ба арзишҳои рӯҳонӣ, нобовари ва нафрат миёни гурўњҳои иҷтимоӣ ва миллӣ доранд, ки баъзан, бартараф кардани он дар давоми ҳаёти як насл имконнопазир мебошад.
Бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карданро тероризм экстремизм мегуянд.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон масъалахои марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мондааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад.
Таҳдиди терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти доҳилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмўъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.
«Терроризми муосир — душвортарин, серпаҳлутарин падидаи манфии иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, таҳдид барои амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад». Солњои охир як қатор конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба ҷустуҷӯи усулҳои самаранок ва шаклҳои мубориза бо ин падидаи глобалие, ки дар онҳо роҳбарони давлатҳо, хадамотҳои махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд, гузаронида мешавад.
Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.
Бояд қайд кард, ки дар айни замон аксарияти мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки роҳу усулҳои нави мубориза бар зидди терроризмро пайдо намоянд.
Тибқи луғати С. И. Ожегова террор аз калимаи лотинии. «Terror» - тарс, даҳшат, ҳамчун яке аз роҳҳои истеҳсолотӣ низоми тоталитарї мебошад.
Дар ҷаҳони муосир терроризм яке аз зуҳуроти хавфноки шаклҳои ғайриқонунии ҷиноӣ буда, гунањкор мекӯшад, ки аз ҳадафҳои нопоки худ истифода барад.
Аксари олимон ба таври гуногун мафҳуми "Терроризм"-ро шарҳ додаанд, ки дар ин замина мо вазифаҳои мушаххаси ҷамъбасти донишҳоро дар бораи он, ки хатари замони муосир – терроризм мебошад масъалагузори намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз ин истилоҳҳо як мафҳуми мухтассарро пайдо намоем.
Ба аќидаи Бинемин Козье "терроризм- ин ангезаест барои расидан ба њадафњои сиёсї».
Жозеф Дэникер чунин мењисобад, ки "Терроризм – ин мунтазам таҳдид намудани ҳукуматҳо ва доираҳои аҳолӣ барои расидан ба дастовардҳои сиёсӣ, идеологї, ё иҷтимоию иқтисодї мебошад".
Ба андешаи И. Александер: "Терроризм – ин таҳдиди истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ тавассути тарс, маҷбуркунӣ ё ба воситаи таҳќиру тарсондан мебошад".
Ҳамин тариқ, ба андешаи мо метавон ҳамаи истилоҳҳои дар боло зикршударо хулосабарорї намуда, оид ба терроризм як мафҳуми нав пешнињод намоем:
Терроризм – ин намудҳои гуногуни кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки дар содир намудани амалњо ба монанди бомбагузориҳо, сузонидан, несту нобуд сохтан ё бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё шахсони мансабдори давлатӣ мебошад.
Мушкилии муќовимат бо терроризм дар он аст, ки имрӯз ин зуҳуроти номатлуб шумораи калон ва шаклҳои гуногун пайдо намудааст. Аз ин рў, мебояд тамоми ќишрњои љомеаи љањонї дар муќовимат ба ин падида сањми худро гузоранд.
Васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари тер¬роризм ва экстремизм (ифрот¬гароӣ), танзим нагардидани муносибатҳои байнидавлатӣ, ки боиси ба миён омадани тер¬роризм мегардад, муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва маҳдуд, сохторҳои афзояндаи ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ дар шарои¬ти имрўза барои осоиш ва ам¬нияти байналмилалӣ таҳдиди глобалӣ дорад.
Имрўз натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёдшавии ҷиноятҳои хавфноки муташаккилонаи трансмиллӣ ба ташвиш омадааст. Оид ба мубориза ва пешгирии чунин намуди ҷиноятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ якчанд конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки ҶумҳурииТоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба монанди конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди ҷинояткории муташкккили трансмиллӣ, ки бо резолютсияи 55/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 15 ноябри соли 2000 қабул шудааст. Конвенсияи байналмиллалӣ бар зидди терроризми бомбавӣ. Бо резолютсияи 55/164 ассамблеяи генералии СММ аз 16 декабри соли 1997 қабул шудааст. Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм. Бо резолютсияи 54/109 ассамблеяи генералии СММ аз 9 декабри соли 1999 қабул шудааст.
Мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаҳои 8-ум ва 30-уми Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Хулоса, вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳони моро водор месозад, ки дар баробари манъ намудани фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавобгариро барои чунин кирдорҳои барои давлат ва чамъият ҳавфнок пурзўр намоем.
Самиев Б,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев