ВА БО ШИКЕБОИЮ НАМОЗ МАДАД ТАЛАБЕД. БА ДУРУСТӢ КИ НАМОЗ ДУШВОР АСТ, МАГАР БАР ФУРӮТАНОН,
Ва бо сабр ва намоз мадад талабед! Ва ҳаройина, намоз душвор аст, магар барои тавозӯъкунандагоне, Аз мазмуни ояти мазкур маълум мегардад, ки Аллоҳтаъоло барои анҷоми корҳои динию дунявӣ ба бандагони худ ниҳоят дастури муфидро маслиҳат додааст. Яъне Ӯ таъоло гуфтааст, ки дар анҷом додани корҳои худ, хоҳ дунёӣ бошанд ва хоҳ ухравӣ, аз сабру намоз ёрӣ биҷӯед. Яъне барои рафъи он чи анҷомаш бар нафси шумо машаққат меорад, бо сабру намоз аз Аллоҳ ёрӣ талабед. Зеро намоз сутуни дин аст ва он дар ҳақиқат корест басо мушкил. .
Магар онҳое, ки тавозӯъ ва фурӯтаниро касб карданд ва ба ваъдаҳои Ӯ таъоло содиқанд ва аз ғазаби Ӯ таъоло бим доранд, дар боби адо кардани намоз мушкилие надоранд. Намоз ин як василаи рӯ ба рӯ қарор гирифтани банда бо Холиқ худ аст. Инсон аз намоз фараҳмандӣ, сабр, қуввату кушодарӯӣ, оромии дил ҳосил мекунад. Ривоят аст, ки чун ба пайғамбари Аллоҳ (с) мушкиле пеш меомад, бо таъҷил дар намоз мешуд ва ба Аллоҳтаъоло роз мегуфт.
Ояти зер сифати шахсонеро, ки дар мушкилоти худ бо сабру бо намози бо тавозӯъ аз Аллоҳтаъоло ёрӣ мепурсанд, баён намуда, маънои ояти қаблиро пурра месозад.
( Ал-Бақара : оят 45 )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев