Предыдущая публикация
Дар рӯзи қиёмат дӯстон ҳамагӣ душмани ҳамдигаранд, магар онҳое, ки парҳезгор буданд. (Зухруф - 67)
Ибни Касир дар тафсири ин оят мефармояд:
Яъне тамоми дӯстиҳое, ки ба хотири ғайри Аллоҳ бошанд, дар рӯзи қиёмат табдил ба адоват ва душманӣ мешаванд, аммо дӯстие, ки ба хотири Аллоҳ бошад, то замоне, ки Аллоҳ ҳаст, дӯстии онҳо низ побарҷост.
Имом Нававӣ низ гуфтаасд: Дӯстӣ се навъ аст:
Дӯстӣ ба хотири дунё, ки бо заволи дунё ин навъ дустӣ ҳам аз байн меравад.
Дӯстӣ бар гуноҳ, ки дар рӯзи қиёмат табдил ба душманӣ мешавад.
Дӯстӣ ба хотири дин, ки дар дунё ва қиёмат идома меёбад.
Пас мувозиб бош, ки чи касеро барои дӯстӣ интихоб мекунӣ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев