🔸 Матни пурсиш:
Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди ваҳй чист? Бисёрӣ аз мухолифони тавҳид, ваҳйро осмонӣ намедонанд. Бархӣ аз мухолифон ҳам Қуръонро ваҳй намедонанд, балки каломи худи Паёмбар медонанд. Бидуни истинод ба худи Қуръони карим чигуна метавон ваҳёнӣ ва осмонӣ будани Қуръонро исбот намуд? Оё ба ҳазрати Маҳдӣ (а) ҳам ваҳй мешавад?
🔸 Матни посух:
Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, дар мабҳаси «Шинохти вопасин Паёмбар» аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» (216), пас аз табйини торихӣ будан ва тавотури беназири Қуръон, эъҷози онро далил бар судури он аз ҷониби Худованд ва дорои чаҳор ваҷҳ донистааст:
Якум инки «Ба рағми такомули тадриҷии он дар бейсат ва се сол ва ҳолати мутазодди Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар амн ва хавф ва мекнат ва фақр ва қарор ва ҳиҷрат ва ҷанг ва сулҳ ва паирӯзӣ ва шикаст ки одатан муқтазии ихтилофи ақволи одамӣ аст, ихтилофе дар он нест ва оҳангӣ воҳид ва собит дорад».
Дуввум инки «Дар ниҳояти фасоҳат ва балоғат аст».
Севвум инки «Ҳовии ахборӣ саҳиҳ аз оянда ва улумӣ махфӣ дар замони такомул аст»...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1993/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев