Предыдущая публикация
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед? Нафасгирй чй душвор аст ҳангоми нафасгирй! Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоханг аст, медонед? Гурўхе дар найистони замона ранг мерезанд, Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед? Бисўзад решаи он оштй, к-аз ҷанг бархезад! Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед? Ба чашми танги Чингизй само хунрез метобад, Ба пои ланги Темурй замин ланг аст, медонед? Чй ҷои осмони тираи таърихи инсонй! Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед? Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангй, Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев