Рузе ӯ машғули пӯшонидани мӯзаҳои писараке буд. Ҳарчанд кӯшиш мекард, аммо пойҳои писарак ба мӯзаҳо намеғунҷид.
Пас зани ҷавон писаракро бағал карда ба болои миз шинонид ва дубора кӯшиши пӯшонидани мӯзаҳоро кард. Билохира баъди чандин бор фишор додану арақ рехтан, мӯзаҳоро ба пои писарак пӯшонид.
Зан аз ҷой бархост ва ҳоло нафаси озод нагирифта буд, ки писарак гуфт:
— Мӯзаҳома чаппа пӯшонидед.
Зан ночор боз бо фишори зиёд ва мутаваҷҷеҳ шудан, ки писарак аз миз наафтад, мӯзаҳои чаппа пӯшонидаро кашид ва бо ҳамон заҳматҳои зиёд дуруст пӯшонид.
Аммо писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳо аз они ман нест.
Зани ҷавон як нигоҳи сард карду гуфт:
— Чи гӯямат охир!?
Ӯ боз мӯзаҳоро бо азоби зиёд аз пои писарак кашид ва пурсид:
— Ин мӯзаҳои кист? Аз худат канӣ?
Писарак гуфт:
— Ин мӯзаҳои бародарам аст, аммо модарам гуфт, ки ҳаминҳоро пӯш, ҳеҷ боке надорад.
Зани ҷавон, ки сахт асабонӣ шуда буд, кӯшиш мекард, ки ором бошад ва мӯзаҳоеро, ки ба пои писарак намеғунҷид, бори сеюм пӯшонид ва оҳи сабуке кашиду гуфт:
— Хуб, ҳоло дастпӯшакҳоят канӣ?
Писарак гуфт:
— Дар даруни музаҳоям буд.)
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев