*          *          *
Бо дастгирии академияи илмҳои тӯрони ш. Тошканд ба устод Ҷӯрабек Муродов унвони олии "Академики академияи илмҳои тӯрон "дода шуд. Муборакамон бошад , самимонаву сидқона ва бо як олам ихлосу арзи эҳтироми бепоён аз шодишарикии хеш мужда расонида ҳамагонро ифтихормандона табрик менамоям . Бемуҳобо устоди азизу арҷманди мо арзандаву зебандаи ҳама тур васфу ситоиш ва мукофотҳоянд !
УСТОДРО ДӮСТ МЕДОРЕМ ВА ДАСТ БАР ДУОЕМ
қисми сейӯм .
1 .  ВОРИС БОБОСАНГИНОВ
УСТОД СИТОРАИ САНАТАНД, ОВОЗУ ЛАҲНИ НОТАКРОР, ҚОМАТИ РАСОВУ ЧЕҲРАИ САҲНАЗЕБИ ОН КАСРО ДИГАРОН НАДОРАНД. ШОГИРДОНАШОН АЗ ҲАСАД МЕМУРАНД.УСТОДИ МАНАВИИ САНАТКОРОНАНД. ИМРӮЗ БА ҚАДРИ ОН КАС НАРАСИДАН ГУНОҲ АСТ. ДАР МО ОДАТ АСТ, КИ БАДИ САРИ ШАХСОНИ НОТАКРОР ЁДАШОН МЕКУНЕМ. ДАРДИ МУХЛИСОНАШОНРО ГУФТЕД. АЗ РОҲБАРОНИ ФАРҲАНГ ХОҲИШ МЕКУНЕМ:ҲОЛО ҲАМ ДЕР НЕСТ, ҶӮРАБЕКРО БО ҲАМА ОБРӮЯШОН БАРГАРДОНЕД БА МУХЛИСОНАШОН, ТАЪРИХ ВАГАРНА ГУНОҲИ ШУМОРО НАМЕБАХШАД ВА МИЛЛАТУ ХАЛҚИ ТОҶИК ҲАМ УСТОД НОБИҒА, СИМОИ МИЛЛАТ, СИТОРАИ РАХШОН, ДӮСТУ РАФИҚИ ХУРДУ КАЛОН, ОВОЗХОНИ АСИЛУ ДӮСТДОШТАТАРИНИ ХАЛҚИ ТОҶИКАНД. ЧУНИН ИНСОНРО ҚАДР НАКАРДАН ГУНОХ АСТ. АСЛАН УСТОДРО ҲОҶАТИ МУАРРИФИ НЕСТ, КАЙҲО ДАР ДИЛИ ХАЛҚ ҶОЙИ ХУДРО ГИРИФТААНД. ЗИНДА БОШЕД, УСТОДИ АЗИЗ, САД СОЛИ ДИГАР СОРОЕДУ ҶАВОН БИМОНЕД, МО ДУОГУИ ҲАМЕШАГИИ ШУМОЕМ!  ВОРУХИҲО ШУМОРО ФАРЗАНДИ АРЗАНДАИ ХУД МЕДОНАНД , САЛОМАТ БОШЕД!
2 . ХОҶАМАЛИК ХОҶАМАЛИКОВ
Устод Ҷӯрабек Муродов, на ин, ки номбардор ва фахри тоҷикон ҳастанд, балки тоҷи сари тоҷикони ҷаҳон мебошанд.
3 . АБДУВОСЕЪ ҲАФИЗОВ
Саломату сарбаланд бимонед сарҳофизи миллат
4 . ҲАДИЯТУЛЛО  ҚОСИМОВ
Нобиғаи санъату фарҳанги миллат зинда бошед!
5 . МАНУЧЕҲР РАҲМАТУЛЛОЕВ
Матн, мусики, овоз, такрорнашаванда.
Устод, устоди ҳунар, устоди устодзо, устоди  истеъдодҳо, ТАКРОРНАШАВАНДААНД.
Ба қадрашон бояд расид то дер  нашавад, то додамон ба фалак  напечад....
БОРБАДИ ЗАМОН, БОРБАДИ ЗАМОНИ МО .
Сароидаҳои устод  аз бузургон, пур панду ҳикмат, шунавнда лазат мегираду дарси рӯзгору зиндагӣ
меомӯзад .
6 . ХУШВАХТ  ХУШВАХТ
Насле ки дар давраи барх,аётии устодон Зафар Нозим.Одинаи Х,ошим. Нигинаи Рауф.Нуқра Рах,матова ва устоди Борбадх,унар Ч, урабек Муродов зистанд боиси рашки наслх,ои оянда мегарданд.
7 . ХОСИЯТ БОЛТАЕВА
Овози тоҷикисароятон ҳеҷ гоҳ аз саҳна кам мабошад.
Дорандаи овози тиллои ,устод ҶӮРАБЕК МУРОДОВ, НОТАКРОР,
ҲОФИЗЕД,120 СОЛА ШАВЕД.Сутуну шоҳсутунед,ҷарангоси овозатон дар тамоми дунё танинандоз бошад.
8 . ОЛИМҶОН МАМУРОВ
Овози ширинатонба ман мурам,Устоди гиромиқадри санъати дуньё.Дар рӯи замин миллиардҳо одам ҳаст,лекин ягон кас ин хел овози ширин надорад.Овози Худодод!!!
9 . ДИЛБАР БАҲРИДДИНОВА
Ин қадар саньати баланду овози хуш бо рақси зебои Малика.Аҳсан такрорнашаванда.
10 .. ҲОҶӢ РАҶАБОВ
Устоди устодҳо ҳофизи миллат ҶӮрабек Муродов садсола шавед таманнои онро дорем 100 солагетонро ҷашн гирем!
Ҳофизи миллат устоди устодҳо Ҷӯрабек Муродов зинда бошед  овози форами дилнишин дар дили ҳар як шаҳрванд ва ҳар як тоҷики рӯи замин маскан гирифта аст доимо сарбаланду саодатманд бошед устод!!!
11 . МАХФИРАТ МАХКАМОВА
Овози Булбулатон хаста набошад Устоди азиз.Саломат ва сарбаланд бошед.
Тожикистон Фахри , Тожикистонни Юзи , Тожикистонни Бутун Дунёга танитган  УСТОД ЛАР УСТОДИ ДЖУРАБЕК МУРОДОВ ,доимо соғ саломат булинг...Узоқ узоқ йиллар мана шундай табарук саҳналарда ҳамеша мухлислар даврасида булинг...
12 . ШАРИФИ  ГУЛЗОД
Олиҷаноб давраи ҷавонӣ ба хотирот омад устод ҷовидон ҳастеду мемонед шаби ширу шакар бо шодравон шоири миллат Лоиқ Шерали ин сурудро хондед ки ҳама нишастагони толори иттифоқи нависандагон ба рақс даромадад аз дафтари хотирот .
13 . ОЛИМҶОН ЭРБОЕВ
Салом дӯстам Ортуқов Шарофиддин раҳмат Шумоба ки шоҳкориву ҷонкори ва нодиракориҳои устоди устодон устод Ҷӯрабек Муродов -- ро бознашр намуда дар як вақт саҳмгузору шарики таблиғу ташвиқи он мегардед , чанде аз таронаҳои бознашр намудаатон мушкиламро хело осон намуд ва маро водор кард ки навиштаҷоти зерро рӯи кор оварам . Худо нигаҳбони Шумо ,  некиҳоятонро Парвардигор даҳчандаю садчанда подош намояд , қурбон .
14 . .НАЗАРҚУЛ ЮЛДОШЕВ
Шеъри "Нон мезанад" аз шоири ширинкаломи Панҷрудӣ , набераи устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ Камолҷон Насруллоҳ аст. Устод Ҷӯрабек Муродов 40-сол боз ин шеърро месароянду месароянд. Аз шунидан ва сароидани ин шеър одам ҳаловат мебарад. Соли 1978 мо студенти ДГПИ-и шаҳри Душанбе будем. Дар бозорҳо ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳамин шеър садо медод. Устод Ҷӯрабек Муродов пеш аз Артисти Халқии СССР шудан дар коҳи Цирк консерти эҷодӣ ташкил карда буданд. Консерт 7-соат давом кард. Ҳамин шеъри "Нон мезанад" дар ҳамон ҷо садо дода буд.
Ҷӯрабекро савту созаш дигар аст,
Маънии шеъру каломаш дигар аст,
Ман яке Ҳоҷӣ Назарқул мухлисаш,
Ҷой мову Ҷӯрабек дар минбар аст.
Саломи пур аз меҳру муҳаббат аз диёри Урметани бостонӣ ба кулли миллати тоҷик, аз он ҷумла ба Камолҷон Насруллоҳ, устод Ҷӯрабек Муродов ва ба бародари хеле мӯҳтарами мо Олимҷон Эрбоев.
15 .  . РАСУЛ АЮБОВ
Ҳамаи сатрҳоро хонда баромадам , олиҷаноб. Ман нисбати устод ҳурмату эҳтироми бузург дорам. Маданияти баланди устода барои тариф кардан суханҳои баландпарвоз гуфта наметавонам. Лекин як воқеаро нақл карда метавонам. Тахминан солҳои 1995 ё 96 буд бо устод дар дидбонгоҳи Навбунёди н.Ашт(таможня) тасодуфан вохӯрдем. Устод аз Намангон бо якчанд дӯстон меомаданд. Ҳангоми сӯҳбат ман яке аз мухлиси ашадии сурудҳои он кас буданамро гуфтам. Устод бисёр хурсанд шуданд. Баъд аз гуселонидани устод ба Хуҷанд тахминан 4 соат гузашта буд,ки автомашинаи такси омада дар назди мо истод ва ронандаи он номи маро гирифта пурсид. Пас аз худро шинос карданам ронанда ба ман аудиокассетае дода гуфт ки, устод шахсан барои ман аз Хуҷанд дода фиристодаанд. Ман лолу ҳайрон мондам. Дар кассета сурудҳои дар студия сабт гардидаи устод буданд. Миннатдории худро изҳор намудам нисбати устод. Ана қадршиносӣ, ана эътибор ба як мухлиси одди. Аз ин болотар маданияти инсонгари мешавад магар?! МАҲБУБИ ДИЛҲО гуфтани мардум дар ҳақиқат рост аст. Устоди бузург ба шумо Тани сиҳату хотири ҷамъ ва умри саъдиёна хоҳонам.
Худо ҳофиз!
16 .!ШАРАФ ПАЙДОВАР УМАРЗОДА
Як таърихномаи мондагор ва ҳикматест нодир андарин навишторҳо агар ба чашми хирад бингарид.
Устод Ҷӯрабек  хазинаи тиллоии одобу ҳикмат ва эҳроми хирадашон аз пардахои меҳр  гулдузи шуда.
Олимҷон бо Устоди Устодон Ҷӯрабек Муродов хазорсола шавед.
Қаламатон сабз бод!!
17 . НИШОНАЛИ АЗИМОВ
Сад аҳсан Олимҷони азиз барои маводи оли.Махсусан гуфтаҳои Юлия --бонуро басо бамаврид овардаед.Доимо саломат бошед дӯсти азиз!Барори кору эҷод.Худо нигаҳбонатон!
18 .ОЛИМҶОН  ЭРБОЕВ
Дӯстони азиз барои суханҳои нек ,.хондани меҳрномаҳои шогирдонаи банда , ҳазор раҳмат мо аз Шумо миннатдору мамнунем , рости гап шукри Аллоҳи бузург мекунам , ки бо даъвату ҳидояташ бандаро ба олами афсонавии ҳунар ҳидоят намуд ва ин кор боиси аз наздик ошно шуданам ба ашъору фаъолияти эҷодии нобиғаи ҳунари олам устоди хело азизамон мӯҳтарам Ҷӯрабек Муродов гашта ин бандаи фақирро инсони хушбахттарини рӯи олам еамуд . Шарафи дастбусиву дидор , ҳамнафасиву ҳамдили ,  гиронидани аксҳои хотиравӣ ва хушбахтона шаҳдгуфтаҳои меҳрбори устод гашт , ба устоди қадрдон миннатдориву арзи эҳтиром ва ихлосу шайдоии хешро мерасонам , агар ишқи ҳунар ишқи устод ва ишқи мухлисонашону Шумо дӯстони азизам намебуд магар зиёда аз ҳазор километр роҳро тай намуда талаби дидор менамудам , ( миннат нашавад , миннат ба ҷонам ) , шукри буданатон . Ба гуфти устод , қурбони Шумо . Зинда бошем , зинда , бошед , ки азизони дил бошем !
19 .ИСОМ ҶУРАЕВ
Дар Фестивал - Симпозиуми ШАШМАҚОМ ҳатто номи шумо дида намешавад. Ман ҳайрон шудам. Роҳбарони Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон кӯру каранд?
Устоди азизу гиромӣ!
Ман шуморо беҳтарин ва бузургтарин Устоди ШАШМАҚОМи имрӯза медонам. Шумо классик ва легендаи зинда. Овозатон, оҳангҳоятон, сурудҳоятон беҳтарин малҳами тану дилу ҷони инсон. Тамоми сурудҳоятон аз ҷиҳати мазмуну шакл беҳтарин ва ибратбахш. Шумо беҳтарин тарғибгари санъати мусиқии Тоҷик дар рӯи Замин.
Ман дар яке аз маълумоти ФЕЙСБУКии Взорати Фарҳанги Тоҷикистон дар бораи Фестивал -- -Симпозиум  фикрамро баён кардам. Шумо ҳамчун президенти ин Фестивал -Симпозиум онро ба дараҷаи оли мерасондед. Дар охир навиштам, ки бе иштироки Устод Ҷӯрабек Муродов ҳамаи кори шумо ҳеҷ.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед ва ҳеҷ вақт овозатон хаста нашавад , устоди азиз. ОМИН !
19 .ДИЛМУРОД БЕРДИЕВ
Номбардори санъати волои тоҷикон аз як рустои кучак бо дили бузургаш дили дунё гирифт Аҳсан булбули тоҷик УСТОДИ УСТОДОН  ҶӮРАБЕК БЕКИ САҲНАҲОИ ОЛАМ   Бо шумо мефахрем.
20 .САИДБУРҲОН ИКРОМОВ
Некуманишӣ чу асли афкори ту бод!
Нерӯи хирад ҳамеша дар кори ту бод!
Олимҷон Эрбоев
шаҳри Перми ФР
Аз 27 -- ӯми майи соли 2024 .


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2