УШШОҚИ ПОНҒОЗ
Маро бошад ҳавас сайри диёри гул ба домонам,
Гулистондеҳае, дар байни кӯҳҳои ба осмонам.
Зиёратгоҳамон, "Бобои Об"-и сар ба афлокаш,
Саодатманду хуштолеъ шавӣ, гардӣ чу меҳмонам.
Бадар аз худ намоӣ дарди тан нӯшӣ зи оби он,
Занад фаввора аз он қуллаи чандин ҳазоронам.
Аҷаб бошад ҳавои форамаш, бо накҳати гулҳо,
Чӣ хӯш, атрогин ояд бар димоғ, ҳулбӯйу райҳонам.
Зи рӯди пуршару шӯраш, ки ҷорист аз миёни кӯҳ,
Ба оҳангу наво меояду аз он хиромонам.
Ба мардони бузургаш шӯҳраташ афзӯн бувад имрӯз,
Ба Маъдан шоиру бо додситону бо забондонам.
Ғазалхонии мурғони саҳархезаш аҷаб бошад,
Ба илҳомам зи сози ҳар яке, з-он рӯ ғазал хонам.
Чу Гулбоғи Ирам мебошад ин ҷаннатмакони ман,
Зи шаҳди себу зардолуву ноки он ба дармонам.
Писандат, ар биёяд, ҳофизо, "Ушшоқи Понғоз"-ам,
Бихон, дар зери савти тори худ, бар лаҳни ту ҷонам.
Биҳишти рӯи дунё хоҳӣ, боз о, бар диёри ман,
Ҳамин Мақсудалиро хушдилӣ, з-ин боғу бӯстонам.
Ба таклифат, аё эй Олими ҷон, гуфтам ин Ушшоқ,
Бубинӣ умри афзӯн, эй бафарҳангу ба имонам.
ЯРОСЛАВ -- МОСКВА, 18.04.2024
УШШОҚИ ПОНҒОЗ -- УШШОҚИ МАҚСУДАЛӢ
Гуё дуоҳои мо " иллоҳо мубораку қаторак шавад " мустаҷоб гардида , соли 2024 -- ӯм соли ба файзу баракат соли некуву серҳосил ва хушбахтона соли амали шавии орзӯҳои муқаддаси дар дил доштаи сокинони ҷамоъат аст , ё пайу қадами раиси нави ҷамоъат дӯст ва бародарамон Пулодов Назмиддин бошад . Одатан пайу қадами роҳбарону фарзандон ва меҳмонони азизро бо чизе алоқаманд мекунанд . Тавлиди ду Ушшоқ -- и ҷамоат аввали Ушшоқи Шодибек ва дуйӯм Ушшоқи Мақсудалӣ ба мардуми меҳнатқарину сарбаланди ҷамоъат , сокинони ноҳияву ҷумҳури ва ҳатто ҳамдиёрони бурунмарзиамон мубораку қаторак шавад , шодишарикем ва хурсандиву қаноъатманди ва ифтихору фахри бепоёнамонро арз менамоем . Ҳамчунин ба раиси нав кӯшоиш , омад ва ривоҷи кор орзӯ намуда хоҳонем , ки аз назари Худову меҳру муҳаббат ва эҳтироми халқ бархурдор бошанд , мо мисли пионер доим тайёрем , ки дасти мадад дароз намоем .
Хурсандона бо шоир ҳамсадо шуда мегӯем ;
Аз Худо металабем зиндагии шоди Шумо ,
Хонаи меҳри пур аз ишрату ободи Шумо .
Рӯзи хушбахтии Ушшоқи ҷаҳон гардонад ,
Караму лутфи Худо ҳамдаму ҳамҷони Шумо .
Айни ҳол ба суханони аҳли ҷамоъат мутаваҷҷеҳ мешавем ;
1 . АЗАМАТ КАРИМОВ
То ҷаҳон бошад бошед.
2 . ЛУТФУЛЛО УЛМАСОВ
Васфи Табиати Нотакрори Зебоманзари деҳаи Понғоз ва васфи кӯҳи БОБОИ ОФ бо рӯдхояш шеьрро хеле рангин ва равон кардааст , сарчашмаи эҷодиётатон ҳеч гоҳ хушк нагардад устод .
3 . МУРОДИИ ХАТЛОНӢ
МошоАллоҳ
Беҳтарину шевову хонову суруданӣ.
Саодатёр бошед устод!
4 . НИЁЗОВ РАФИҚҶОН
Кам нашавед шоир. Қаламатон сабзу муродатон ҳосил бод .
5 . РУЗИҚУЛОВ СОИБҶОН
Офарин Мақсудалӣ , каламатон сабз бод .
6 . ТОЛИБИ УСМОН
Амон бошед устодони азиз . Як чаҳон маънавиёт .
7 . БАНДА .
Муборакамон бошад Худо хоҳад қаторак ҳам шуд , ишқу муҳаббат , ки ҳаст Ушшоқашам ҳаст , ошиқу маъшуқаш , ки бисёр Ушшоқдор гашт , дар забони миллатамон , ки ишқ ин покизагист соҳиб Ушшоқ шуд , акнун навбати ҳунармандони говҷигар , расид ки онро сароянд яъне қонуни кунанд , майдон аз далер аст . Байни ҳунармандон мусобиқаи эҷоди эълон менамоем !
Дӯст ва бародари азизи мо мулло Шарафҷон Пайдовари Умарзод яке аз қаламкашони умедбахш , ки аз эҷодашон ба машом нақҳати ашъори шоирони классик мерасад , дар ситоиши ишқ бамаврид гуфта :
Бе ишқ одамӣ нашуд маҳбуби ду ҷаҳон ,
Ишқ аст , ки к -- аз фалак расад бо муҳри Лоязол .
. . . Ишқ аст мебарад маро то авҷи осмон ,
Он ҷо саъодати дигар , он ҷо гулу ҷамол .
Айни ҳол оиди мазмуну мундариҷаи Ушшоқ ягон чиз илова намекунам ба хотири он , ки ҳамин шарафро ба хонандагони азиз во мегузорем , то ки бемалол хоҳишу дархостҳояшонро пурраю мукамал пешниҳод намоянд .
Боиси қаноатмандист , ки вақтҳои охир якчанд Ушшоқҳо аз қабили ;
1 . Ушшоқи Ворух
2 . Ушшоқи Дарғ
3 . Ушшоқи Урметан
4 . Ушшоқҳои Понғоз
ва дигарон , пайдо шуданд . Аз фурсати муносиб истифода намуда ба аҳли қалами Ушшоқофар миннатдории хешро баён дошта дар ҳақашон дуо мекунем , ки умри дарозу ризқи фароз , тансиҳатию хотирҷамъи , баракати зиндагии накӯ ва илму ҳидояту имон насибашон гардонад ва хоҳони пирӯзиву дастовардҳои нав ба нави эҷоди таманно менамоем , ба онҳо самимонаву сидқона гуфтанием , кош сафи Шумо барин фарзона фарзандони меҳан ҳарчи бештар мебуд , қурбони ватандӯстию меҳанпарастии Шумо .
Пештар маҳорату истеъдоди ҳунармандонро бо доштани Ушшоқ муаян менамуданд , ба ҳамаи Ушшоқҳо пирузиву муваффақиятҳо орзӯ менамоем , хоҳонем , ки ҳарчӣ беҳтару бештар шӯҳрат ёбанд маъруфу машҳур шаванду ХИТ гашта ба таронаи умумимилли табдил ёбанд .
Аз рӯи хоксорӣ набошадам маъзарат мехоҳам аз ҳамаатон шеъри зерро ҳам илова менамоям . Чун , ки ин ҳам ҳамтавъми ҳамин бобат аст ;
БА ОЛИМҶОН ЭРБОЕВ
Шумо, ки меҳри беандоза доред,
Муҳаббатномаҳои тоза доред.
Вафодоред ҳаме бо ёру дӯстон,
Чу савти Ҷӯрабек, овоза доред.
Набинед дарду ғамро дар ду олам,
Кушода баҳри мо дарвоза доред.
Ба гуфтори хушу ширинбаёнӣ,
Забону шеваи шаҳноза доред.
Бубинед умри Шайхи бомурувват,
Чу лаҳни Саъдии Шероза доред.
Дуогӯтон, ҳамин Мақсудалӣ аст,
Чу ӯ зебоватан, Понғоза доред.
Дар ҳавои ш. Самарқанд. 19.04.24
Олимҷон Эрбоев
шаҳри Перми ФР .
23 -- апрели соли 2024 -- ӯм .
Комментарии 5
Аз сад фарзанди шамшеркаш як фарзанди қаламкаш афзалтар , низ бе ҷиз нест , ба чамам пайдоиши Ушшоқ -- ҳои қатор -- қатор ҳам маҳсули ҳунари Худододи устод буда ҳама ба Ушшоқи Душанбе ҳавас мекунанд ва чанд нафар ба ман гуфтанд , ки кош ин Ушшоқ -- ҳо ҳам мисли Ушшоқ -- и Душанбе маълуму машҳур мешуд . Дӯстоне , ки ин меҳрномаҳоро мехонанду паёмакҳо менависанд миннатдориамро мерасонам , қурбони ҳиммату саховататон шавем .
Ба Олимҷон бишав ҳамрозу ҳамсӯҳбат, аё эй дӯст.
Салому дуруду суруд бар Шумо бод акои меҳрубону фарҳангии мо! Доимо саломат бошед!