Бехабар аз ҳамдигар осуда хобидан чи суд ?
Бар мазори мурдагони хеш нолидан чи суд ?
Зиндаро то зинда аст бояд ба фарёдаш расид.
В-арна бар руйи мазораш кӯза гул чидан чи суд ?
Як шабе бо зиндае ғамхор бош.
В-арна бар рӯи мазораш зор нолидан чи суд ?
То замоне зиндаем бо хамдигар бегонаем.
Дар азоҳо рӯи ҳамдигар бусидан чи суд ?
Гар тавони зиндаеро шод кун.
Дар азо атру гулобу ноб пошидан чи суд ?
Гар нарафти хонааш то зинда аст.
Хонаи соҳиб азо шабҳо нишастанро чи суд ?
Гар напурси ҳоли ӯ то зиндааст.
Гиряву зориву нолидан барои ӯ чи суд ?
Солҳо ид омаду рафту накарди ёди ман.
Чои холии ман андар хонаам дидан чи суд?
Гар накарди ёди ман то зиндаам.
Санги мармар рӯи қабри ман,туро чидан чи с