Гариб афтодаам ёраб чи чора
Чигар дар синаам шуд пора пора
Худовандо бигардон чархи худро
Кучо ёбам дигар умри дубора
Дар ин шахри дигар бехонаем мо
Ба чашми дигарон бегонаем мо
Худовандо ба суи ман назар кун
Вагарна окибат девонаем мо
Аз рузе ки Юсуф баста гардид
Паямбар аз гамаш дилхаста гардид
Гарибон гар раванд аз хона берун
Бидон ки умрашон бишкаста гардид
Гарибонро на гулзору чаман аст
Хазорон дард дар банди тан аст
Хазору як табиб гирдаш бигарданд
Илочи вай факат хоки ватан аст
Гариб шохи кунад нолон хамеша
Ду даст дар синаю гирьён хамеша
Ки шохи дар чахон хуб аст лекин
Чигар дар синааш бирьён хамеша
Агар Юсуф даруни чох намебуд
Ду дида интизори рох намебуд
Паямбар сад алам сад гуссахо хурд
Зи гусса дарди чашм хамрох намебуд
Гариб шахри дигар бо пирохан рафт
Дарего аз гами хоки Ватан рафт
Агар як парча сон аст шарти арвох
Аммо афсус гарибе бе кафан рафт
Худоназар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 19
офарин
офарин!!!!