Аз дур ба зане назар мекард, ки машғули ширҷушии гове буд. Шайтон наздик шуд ва банди гусолаи говро каме кушод. Гусола кушиш намуд, ки аз банд раҳо шавад ва муваффақ ҳам шуд. Гусола суи гов давид ва сатили ширро чаппа кард. Зан аз рехтани шир ба ғазаб омад ва бо чубе ба сари гусола зад. Гусола аз пой афтид. Гов низ гусолаашро дар чунин ҳол дид ва занро лағаде зад. Зан аз зарбаи пои гов ҷон бидод. Падаршавҳари зан зарба задани говро мебинад ва аз қаҳр бо милтиқаш говро мепаронад. Шавҳари зан садои тирро мешунавад ва силоҳашро гирифта мебарояд. Дар дасти падар силоҳро мебинаду ҳамсарашро беҷон. Мард дар ғазаб мешавад ва ба суи падар тир холӣ мекунад, падар ҳам беҷон мегардад. Баъди лаҳзае мард ҳақиқатро дарк мекунад ва худкушӣ мекунад. Шайтон ҳамаи ин ҳодисаро аз дур тамошо мекунад ва мегуяд: Ин фалокатро низ ба ман бор мекунанд. Охир ман ба ҷуз каме кушода кардани банди гусола, дигар чӣ кор кардам? Баъзан нафароне чун амали шайтон ҳаракат мекунанд ва боз даъво мекунанд, ки охир ман коре накардам. Сабаби амали хайр, аҷри хайр мебинад ва сабаби амали бад, ҷазои шадид мебинад. Сабаби амалҳо, чӣ қадар умре бубинад, савобу азоби он ҳамроҳияш мекунад. Хушо ба онҳое, ки ба амалҳои хайр сабаб мегарданду дафтари аъмоли худро бо савоб пур мегардонанд. Худоё, моро аз шар ва васвасаи шайтон ҳифз намо, Амин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев