Бубинед,аз само,
Зи дурии дурихо.
Нигохе,бо дили пурохе,
Зи марди рохе,
Дилогохе.
Менигарад ба суи мо,
Ба суи дидаву дилхо.
Ва мегуяд нигохи у,
Ки калби пур зи охи у.
Дили фарзона мечуяд,
Рахи мардона мепуяд.
Диле,ки то дар у гунчад,
Тамоми номусу нанге,
Ки дорад синаи миллат.
Ба моён дида медузад,
Ва мегуяд:
"Набинам то Ватанро ман,
Ба аксои чахон арчманд.
Намемирам,
Нахохам мурд!"
Бубинед,у наменозад,
Ватанро чора месозад.
Барои миллату халкаш,
Дилашро пора месозад.
Чунин буд у,чунин монад,
Барои миллати точик
Сучуд орад.
Сучуд аз бахри он кисмат,
Барои сафхаи нанвиштаи миллат,
Барои сафхаи торику зулмони.
Барои ранчхову зулми тулони.
Барои ашки талхи модари точик,
Барои хар сиришку кисмати точик.
Ба фарзандони фарзона,
Ки таърих кисмати онхо намуд пора.
Ба гурдони далеру кахрамони у,
Ки фавтиданд барои нангу номи у.
Зи дурихои дур у дида медузад,
Ва мегуяд:
"Шуморо то набинам ман,
Сарафроз,дар чахон арчманд.
Намемирам,
Нахохам мурд!"
Ба умки карнхои баъд,
Пас аз садхо,хазорон сол.
Зи кисматхои талхи миллати точик менолед,
Ва аз бахти сапеду файзи истиклол меболед!
Чу солхо бигзаранду боз ояд ин садо бар гуш,
Ки"Эй халки далери ман, машав хомуш!
Мубориз бошу нангу номуси миллат,
Нигах дору макун хеч гох фаромуш,
Ки гар боре,
Зи ашъоре,
Сутудам гар,
Хамеша миллати точик сутудам,
На бахри шухрати Лоик сутудам.
Барои шухрати халкам, диёрам,
Вучудам бахри миллат ман супурдам.
Ки то донам,
Дар ин олам.
Набошад точике сархам,
Набинад миллати ман гам.
Набинам то хирадманду тамаддункор фарзандаш,
Тачаллибахши махфилхову бунёдкор хар фардаш,
Намемирам,
Нахохам мурд!"
Маъсуми Мирзо
18-05-2016
75-солагии мавлуд муборак,устоди зиндаёд!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 17