Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10
Илоҳи қоматашро хам нагардон,
Ду чашмашро пӯр аз шабнам нам нагардон.
Насибаш хандае бар лаб бигардон,
Дилашро ҷои дарду ғам нагардон.
Худоё ҳоли ӯро хӯш бигардон,
Зи умри нозанинаш кам нагардон.
Ту ӯро аз бало дураш бигардон,
Маризу дар пайи марҳам нагардон.
Зи қалбаш ғуссаро берун бигардон,
Асираш да пайи мотам нагардон.
Худоё Холиқо шодаш бигардон,
Гирифтораш дар ин олам нагардон.
Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад....
Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат,
Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад.
Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро,
Ошнои ошноҳо аз ғам озодат кунад....
Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд ,
Меҳрубони хонайи дил, Меҳрубон ёдат кунад.
Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст,
Дар ду дунё Дӯсти ман, дӯст фарёдат кунад..
Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат,
Зикри номи хеш Худоям, хати авродат кунад.