Моҳи мубораки Рамазон, ки дар Ислом бар ҳама мусулмонон, ки метавонанд рўза бигиранд, воҷиб аст ва омили муассире дар эҷод ва тақвияти руҳӣ ва парҳезгорист. Аз ҷумла Қуръони маҷид ин фоидаи бузургро бо ҷумлаи «лаъаллакум татақун» ёдовар мешавад ва ин ибодатро омили муҳими тақво мешуморад. Тақво ва парҳезкорӣ дар тарбият ва созандагии шахсият нақши бисёр муҳиме дорад.
Рўзадор ба кор бастани ин дастури илоҳӣ, ки шарти камоли рўза аст, рўҳияи тақворо дар худ зинда мекунад ва ин муроқибати самарбахш дар моҳи мубораки Рамазон ва дар ҳоли рўза бисёр осонтар аст, зеро гуруснагию ташнагӣ ва дигар маҳдудиятҳои рўза шўълаҳои саркаши ғаризаи ҳайвонӣ ва ҳавасҳоро то ҳадди назаррасе хомўш мекунад, агар муваққатӣ ҳам бошад гиребони ақлу ҷонро аз чанголи шаҳват раҳо месозад ва барои рўзадор заминаи омода барои тамрини тақво ва парҳезкорӣ фароҳам меорад ва бо муроқибат ва тамрини паёпай дар як моҳ нерўи боздоранда аз гуноҳ дар ў ба вуҷуд меояд ва хислати худдорӣ дар ў реша мегирад ва рушд мекунад. Ў бо гузаронидани ин барномаи як моҳа метавонад, ки пас аз моҳи Рамазон низ парҳезкор боқӣ бимонад. Бад-ин тартиб ба мақоми пурарҷи тақво, ки ба таъбири Қуръон каромати инсон бад-он вобаста аст, барои ҳамеша ноил меояд.
Ҳукмронии ғаризаву шаҳватҳо бар инсон хатарноктарин ҳукмрониҳост ва одамиро асиру бе ихтиёр месозад ва ба пастиву разолат мекашонад.
Инсон бо рўзадорӣ, ки боздоштани нафс аз хўрдану ошомидан ва худдорӣ аз бархе чизҳои дигар аст, дар воқеъ, бо хоҳишҳои хеш меҷангад ва дар баробари ғаризаи худ муқовимат мекунад. Тамрини ин амал ирода ва тасмимро дар инсон нерўманд месозад ва ҷонро аз қайди ҳукмронии ҳавасҳо ва хоҳишҳо мераҳонад
РЎЗА САФОИ ДИЛ ВА ПОКӢ.
Рўза чароғи маърифат ва огоҳиро дар даруни рўзадор бар меафрўзад:
Рўзаи як моҳи Рамазон муҷиб мешавад, ки ҳукмронии шаҳавоту шайтон ҷойи худро ба ҳукмронии тақво ва пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ бидиҳад ва тарки ҳавасҳо ва шаҳавот дар ҷони одамӣ ба нуронияту равшании ботин табдил шавад. Дар сояи ҳамин покии ҳосил аз рўза аст, ки рўзадор бо худогоҳӣ на танҳо даҳон ва шикамро аз хўрдану ошомидан, балки дасту по, чашму гўш, забон ва ҳама аъзои хешро аз ончӣ, ки Худо ҳаром фармуда, нигоҳ медорад ва метавонад ба он дараҷа аз тақво ноил ояд, ки ҳатто аз андеша ва фикри гуноҳ низ дурӣ гузинад ва ин авҷи нуронист Пайғамбари Ислом(с) фармудаанд: «Рўза сипар аст (зеро рўзадорро аз оташи ҷаҳаннам ҳифз мекунад)».
РЎЗА ВА САБР.
Инсон дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худ дар роҳи ҳадафҳо мубориза мекунад ва бо мушкилоте рўбарў мешавад, ки бидуни хислати сабр пирўзӣ бар мушкилот ва расидан ба ҳадафҳо осон нест. Сабр ва муқовамат бар нерўи пойдории инсон меафзояду иродаро тавоно месозад. Ба вижа, рўза дар рўзҳои гарму тўлонии тобистон, ки фишори ташнагӣ тоқатфарсо мешавад ба таври назаррасе ба инсон сабру муковамат мебахшад ва таҳаммули ранҷу сахтиро бар одамӣ осон месозад.
Дар бархе тафсирҳо омада, ки маънои «сабр» дар ин ояти карима: » Аз сабру намоз ёри биҷўед», рўза мебошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 14
Барои осон фахм шудан