Я Таджик-Значит жизнь не зря начал Я ! Я Таджик-И это большой плюс для меня! Я Таджик-Во мне течёт горячая кровь! Я таджик-Кричать об этом буду вновь и вновь! Я Таджик-Всегда буду родину любить! Я Таджик-Меня невозможно сломить! Я Таджик- Таджиком родился, Таджиком и умру! Я Таджик-Жизнь отдам за родину свою! Я Таджик-Об этом я гордо говорю!
Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Албатта, мо ҳанӯз бе мушкилоту камбудӣ нестем. Дар назди мо ҳоло вазифаҳои зиёде қарор доранд.
Бовар дорам, ки мо тамоми мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои созандагиро бо сарҷамъиву муттаҳидии халқамон ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони сарбаландамон бартараф ва ҳаллу фасл мекунем. Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 28-солагии истиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Комментарии 20
ИДДИ ИСТИКЛОЛИЯТ МУБОРАК!
Имруз бунёди Иншооти бузурги Аср ро мо Точикон сохтем.... ва ин Фатхи Чахонии мо дар асри 21 аст....*******
ТОҶИК!!!
Ҳамватанони азиз!
Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.
Ба ифтихори 28-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям
Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.
Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳ...ЕщёПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.
Ба ифтихори 28-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям
Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.
Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Дар ин раванд, мо беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сархати фаъолияти ҳаррӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем ва тавре ки ҳамватанони азизамон эҳсос мекунанд, ин сиёсатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо устуворона идома дода истодаем.
Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.
Ҳамчунин, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани санади сарнавиштсоз – Конститутсия, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, самараи даврони истиқлолу озодии давлати тоҷикон мебошад.Дар зарфи 28 сол мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона изҳор медорем, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.
Истиқлоли миллӣ, ҳамчунин, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.Интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият фароҳам сохт, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.
Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Албатта, мо ҳанӯз бе мушкилоту камбудӣ нестем. Дар назди мо ҳоло вазифаҳои зиёде қарор доранд.
Бовар дорам, ки мо тамоми мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои созандагиро бо сарҷамъиву муттаҳидии халқамон ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони сарбаландамон бартараф ва ҳаллу фасл мекунем.
Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 28-солагии истиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!