Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин ру асли ҷон аст асли ҷон аст.
Забони модарй лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳануз тифле, ки нав ба олами ҳастй чашм боз камудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарй сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофарогат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорй мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарй азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медихад ва аз лаҳни форамаш дилу дида. ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилхост. Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарй бузург.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Хофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳути, Мирсаидуи, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоик номдораш гардонидаанд, ки имруз аз хастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикй яке аз забонхои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имруз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарй ҳамагон мешиносанд ва мехоханд онро биомузанд. Инро дидаву шунида. мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамаруза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:
Забони модарй фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рузгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орй аз камбудиву нуксонхои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш сахмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз хама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омухтани дигар забонхо барояш осон мегардад:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имруз ҳам ашъори Рудакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикй чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳануз дар замонхои зиндагии Рудакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикй у саҳми босазое гузоштааст. У эътикоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабй тагйир дод ва назари илму адаби замонашро ба суй забони модарй нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рудакй нишон медихад, ки у дар таърихи забону адабиёти мо ҳакикатан хам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори у садхо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони точикй хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикй аз давраи ташаккули худ то ,ба имруз аз ҷихати луғат ва сохтори наҳвию услубй кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз хамин лиҳоз, дар байни дигар забонхо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мо насли имруз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебахост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рузи байналмиллалии забони модарй эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо қарори Шурой Олии Ҷумхурии Точикистон забони давлатй - забони тоҷикй -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар кабул гардид, ки ватъи хуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисахо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатй сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мухтарам Э.Раҳмон: «Забони тоҷикй поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик хаст, забони у низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарй ба мо забондорон вобастагй дорад.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷахон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст у,
То забондор аст, бисер аст у.
- гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллй шиори бузурги забондустон медонем.
Хулоса, забони модарй, шаҳди хаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст.
Имруз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозхои баланд аст, зеро ин забонро ҷахониён эътироф мекунанд:
Забони модариам ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз ҳама ширинтарй ту,
Ба Синову Хайёмат саҷда орам


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст
М.Иқболи Лоҳурӣ