Паёми Табрикоти ба Муносибати Рӯзи Забони Давлатӣ
“Забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 5-уми октябр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, чун забони модарӣ ин лафзи бузург ва ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Хофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ ва даҳҳо бузургони дигар бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ ва Эмомалӣ Раҳмон номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад.
Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем: зеро фармудаанд:
Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост, ба гуфтаи Роҳбари Олии Кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Рахмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд.
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Забоне, ки доираи истеъмоли он дар паҳнои таърих гоҳо маҳдуд гардидаву зери теғи хуношоми душманони миллат хатари аз миён рафтанро ба сар дошт. Лек бо вуҷуди ин ҳама тазйиқу нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад. Албатта, ин ҳама пояндагиву боландагӣ ва ҷовидонагии забон тавассути ҷонсупориҳои фарзандони шарафманди миллат рӯи кор омадаанд, ки, барҳақ, боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос аст.
Ба қавли устоди зиндаёд Бозор Собир:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.
Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ва дар охир гуфтани ҳастам, забон ин фарҳанг ва таърихи ҳар як давлату миллат мебошад.
Рӯзи Забони Давлатӣ муборак бод ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев