Номи падарашон Мухаммад ибни Чунайд.Падари эшон аз нахованд будаанд.Мавлид ва маншаъи худашон Багдод аст.Мазхаби Суфёни саври доштаанд.Мурид комил ва хохарзодаи шайх Сарии Сакати мебошанд.Марчаъи машоихи кибор,матлаъи саъодату анвор,бахри хакоику асрор,Султони тарикат,пешвои ахли хакикат,муктадои замон,автоди чахон ва аз аимаву содоти ин кавм будаанд.Бо Хориси Мухосиби ва Мухаммади Кассоб сухбат доштаанд.Абумухаммади Руйям,Абулхасани Нури,Абубакри Шибли,АбусаъидиХарроз ва гайра машоих чамъи силсилахо нисбат ба эшон дуруст кунанд.Ва мансубони эшонро Чунайдия хонанд.Ва аз ин чихат эшонро сайидуттоифа ва имоми аима гуянд.Сухани эшон дар тарикат хуччат аст.Ва хеч кас аз машоихи мутакаддимин ва матааххирин бар зохиру ботини эшон ангушт натвонист ниход.Ва макбули хама будаанд.Ва бинои тарикаи эшон бар сахв аст ва маънии сахву сукрро сохиби"Кашфулмахчуб"шайх Пиралии Хачвири ба тафсил баён намудаанд.Рузе чамъе аз машоих аз Сарии Сакати пурсидаанд,ки хеч муридро дарача баландтар аз пир бошад?Гуфтаанд:бале,бурхони ин зохир аст.Чунайдро дарача фавки дарачаи ман аст.Халифаи Багдод Абумухаммади Руйямро беадаб гуфт.Руйям рад кард,ки ман беадаб набошам.Хар ки ним руз бо Чунайд сухбат дошта бошад,аз у беадаби наёяд.Шайх Абучаъфари Хаддод гуфтаанд:Агар акл марде буди,ба сурати Чунайд буди.Гуянд ки хазрати Чунайд си сол намози хуфтан гузорида,бар пой биистоди ва то субх"Аллох"гуфти ва бад-он вузу намози бомдод бигзориди.Шайх фармудаанд:Худои таъоло си сол ба забони Чунайд бо Чунайд сухан гуфту Чунайд дар миён не ва халкро низ аз ин хабаре не.Ва низ фармудаанд,ки як руз дилам аз ман дур шуда буд.Гуфтам:Илохо,дилам боз дех.Нидое шунидам,ки ё Чунайд,мо дил бад-он рабудаем,ки бо мо бимони.Ту боз мехохи,ки бо гайри мо боши.Накл аст,ки яке аз бузургон Расули Салъамро дар хоб дид,ки дар чое нишастаанд ва шайх Чунайд низ хозир аст.Шахсе фатво даровард ва ба Расули Салъам дароз кард Расули Салъам фармудаанд:Фатво ба Чунайд дех.Гуфт: Ё Расулуллох,ту хозири,фатво бв дигаре чун дихам?Фармуданд,ки чандон, ки Анбиёро ба хама уммати худ мубохот бувад, Маро бо Чунайд мубохот аст.Хазрати шайх мавсуф ба самоъу вачд майл надоштанд ва ба зохиру ботин ба шаръи шариф ороста буданд.Накл аст,ки рузе сухан мегуфтанд,муриде наъра бизад.Уро аз он манъ карданд ва танбех доданд ва фармуданд:Агар бори дигар наъра зани туро махчур гардонам.Пас эшон боз ба сари сухан шуданд ва он чавон худро нигох медошт.То хол ба чое расид,ки токаташ намонд ва халок шуд.Чун рафта уро диданд,дар миёни халк хокистар шуда буд.Накл аст,ки рузе дар Багдод дуздеро овехта буданд.Диданд ва бирафтанду пои дуздро бибусиданд.Мардум аз ин суол карданд.Гуфтанд:Хазор рахмат бар вай бод,ки дар кори худ мард будааст ва чунон он корро ба камол расонид,ки сар ба сари он кор кард.Накл аст, ки дар мачлиси Хазрати шайх яке бархост ва гуфт:Дил кадом вакт хуш бувад?Фармуданд:Он вакт,ки у дар дил бувад.Ва хам хазрати Чунайд фармудаанд,ки мард ба сират мард аст, на ба сурат.Ва хам фармудаанд,ки хар ки нашнохт Худоро,харгиз шод набувад.Ва фармудаанд,ки вакт чун фавт шуд,онро харгиз натвон ёфт.Хеч чиз азизтар аз вакт нест.Ва фармудаанд:Чавонмарди он аст,ки бори хеш бар халк нанихи ва хар чи дори бар у бидихи.Ва фармудаанд: Хулк чахор чиз аст:саховату улфат ва насихату шафкат.Шафкат он аст,ки доди эшон бидихи ва он чи талаб мекунанд, миннат бар эшон нанихи ва сухане нагуи,ки эшон надонанд.Аз хазрати шайх пурсиданд,ки сухбат бо ки дорем?Фармуданд:Бо касе,ки хар некуи,ки бо шумо карда бошад,бар вай фаромуш бувад.Пурсиданд:Чизе хаст,ки афзалтар аз зистан бошад?Фармуданд:гиристан бар гиристан.Пурсиданд: банда кист?Фармуданд:Он ки аз бандагии касон озод аст.Пурсиданд:Рох бо Худой чи гуна аст?Фармуданд:Дунёро тарк карди,ёфти ва хилоф карди,ба Хак пайвасти.Накл аст,ки шайх фармуданд:Шабе ба намоз машгул будам,харчанд чахд кардам нафси худ маро дар як сачда мувофакат намекард.Ва хеч тафаккури дигар натвонистам кард.Дилтанг шудам.Хостам аз хона берун оям.Чун дар бикшодам,чавоне дидам,ки худро дар гилем печида буд ва бар дари сарой истода.Чун маро дид,гуфт: То ин замон дар интизори ту будам.Гуфтам:Ту буди, ки маро бекарор сохти?Гуфт:Оре,ман будам.Бо масъалае назди ту омадаам.Чи гуи дар нафс, ки хеч чиз дарди уро доруе нагардад,чуз худи у?Гуфтам:Оре,нафс чун мухолифи хавои худ ъамал кунад,дарди у давои у гардад.Чун ин бишнид,сар ба гиребон бурду гуфт:Эй нафс,чандин бор аз ман хамин чавоб шуниди,акнун аз Чунайд бишнав.Ин гуфт ва бархосту бирафт.Ман надонистам,ки у аз кучо омад ва бакучо рафт.●Вафоти шайх рузи шанбеи бисту хафтуми Рачаби соли 297 Хичри[11.04.910 Милоди]рух дода.Гуянд: чун вакти вафоти эшон наздик расид,тасбех мегуфтанду ба ангушт гирех мебастанд.Бо чахор ангушт гирех бастанд ва ангушти субхаро во гузоштанд ва гуфтанд:Бисмиллохиррахмонир рахим.Ва чашм пушида,ба рахмати Хак пайвастанд.Чун гассол ба вакти гусл хост,ки обе ба чашми эшон расонад,Хотифе овоз дод, ки даст аз дидаи дусти мо бардор.Чашме,ки ба номи мо баста шавад,чуз ба ликои мо кушода нашавад.Пас хост,ки ангуштон,ки гирех шуда буданд,бикшояд.Овоз омад,ки ангуште,ки ба номи мо баста шудааст,чуз ба фармони Мо кушода нашавад.Чун чаноза баргирифтанд,кабутаре сафед бар Чаноза нишаст.Харчанд,ки онро меронанд,намерафт.То овоз дод,ки Худоё, маро маронед, ки чанги ман ба мисмори ишк бар гушаи ин Чаноза духтаанд.Агар гавгои шумо набошад,колбади у чун бози сафед хамрохи мо хохад парид.Кабри Эшон дар Багдод аст.□●■.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев