بخارا سرتاج باشد.
Эй Бухоро, як замон мо аз ту будем,
Бо ту мо ҳам ифтихоре менамудем.
Он Сиёваш поя мондаст аз ниёкон,
Сабзу хуррам буд заминат аз Зарафшон.
Он қаламрав буд гаҳе аз Оли Сомон,
В-он сипас садсолаҳо аз аҷнабиён.
Лек дар ҳар давр моро хона будӣ,
Фахри мову дар ҷаҳон дурдона будӣ.
Хоки покат лонаи шеъри дарӣ шуд,
Дар Аҷам ӯ пас забони модарӣ шуд.
Порсиро маснади оламшумул буд,
В-ин ҷаҳонро васлгар хокат чу пул буд.
Ин замон камранг ҳаст он шӯҳрати ту,
Бе забони модарист ин миллати ту.
Нест арҷу посу ҳурмат Рӯдакиро,
Ку дигар фарру ҷило дурри дариро?
Чун Бухоро маркази ислому дин аст,
Ҳам Самарқанд аз азал бо ӯ қарин аст.
Мардумонро дар Варорӯд ӯст модар,
Шаҳрҳоро сарвару ҳамдил чу хоҳар.
Пас бибояд боз ӯ сартоҷ бошад,
Бо забони модарӣ ҳамвоҷ бошад.
*Ҳамвоҷ - ҳамкалом, ҳамзабон, (воҷ-вожа)
ای بخارا، یک زمان ما از تو بودیم،
با تو ما هم افتخاری مینمودیم.
آن سیاوش پایه ماندست از نیاکان،
سبز و خرم بود زمینت از زرافشان.
این قلمرو بود گهی از آل سامان،
وان سپس صد ساله ها از اجنبیان.
لیک در هر دور ما را خانه بودی،
فخرِ ما و در جهان دُردانه بودی.
خاکِ پاکت لانهْ شعرِ دری شد،
در عجم او پس زبان مادری شد.
پارسی را مسندِ عالم شمول بود،
وین جهان را وصلگر خاکت چو پُل بود.
این زمان کم رنگ است آن شهرت تو،
بی زبان مادریست این ملت تو.
نیست ارج و پاس و حرمت رودکی را،
کو دیگر فر و جلا دُرٌِ دری را.
چون بخارا مرکز اسلام و دین است،
هم سمرقند از ازل با او قرین است.
مردمان را در ورارود اوست مادر،
شهرها را سروَر و همدل چو خواهر.
پس بباید باز او سرتاج باشد،
با زبان مادری همواج باشد.
*همواج-همکلام، همزبان (واج-واژه)
Ҷамшед Орифиён
29.10.2020 Дардар
جمشید عارفیان
دردر ۲۹/۱۰/۲۰۲۰
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 22
То вақте Самарқанд ва Бухоро тоҷикон илму маърифат машғул буданд овозаи ин шаҳрҳо ба тамоми ҷаҳон расид. Ҳозир чи музей карданд ва зиёрати гуристон. Охир ҳамон Темур чулоқ чи зиёрат дорад вай як ҳароми бадбахт буд.Барои чи он ҷо дигар маркази илму фарҳанг намешавад охир бо забони узбаки ки забони комил нест чи пешкаш метавон кард. Он чизҳое ки русҳо дар бораи таърихи Узбакистон навиштаанд ҳамаш дурӯғ аст ва дигар мамлакатҳо инро медонанд .Бар ин муғултаборҳо илму дониш зарурат надорад бояд фоида бошад дар ин шаҳрҳо он чизе тоҷикон кардан ҳеҷ гоҳ карда наметавонанд.
________________________
Бадбахт. Ба ин гапхот худат бовар мекуни? Холо як миллатро ба паст зада истодаи. Охе хамаи мо мусалмон бошем, аз Худо тарс. Пас аз марг ба як метр кабр меравем ва то Киёмат меистем. Ба замин кай сер мешави? Чашмат бо хок пур шавад
________________________
Шумо аз Ислом ба ман насиҳат кардаед ташаккур зиёд. Лекин мо тоҷикон набераҳои Эмоми Аъзам ба тамоми турку муғул исломро омӯхтем .
Бародар УЗУМГА БЕК,сам себе хозяин девона шудаед?Пас АЛЛОҲ ба ин мардум хозяин нест?ин калимаи КУФР ва ШИРК аст. Ин мардум аз Худо худро зуртар мегирад НАУЗАНБИЛЛОҲ.
Ягона БЕК сарвар АЛЛОҲ аст.
Ин мардум набошад чигуна мусулмон мешаванд????
ТАВБА ҲАЗОРҲО ТАВБА .МАРДУМИ ГУМРОҲ
Узумга бег да Ислом ҳаст?
Ба саволи ман ҷавоб диҳед!!!!!!!