Дар кишвари ғайр оча ,фақат пул гуфтум,
Дар пеши каси пастаки нохондакитоб,
Ман бо сари хам "Гапи ту маъқул"гуфтум.
Дар гуфтани ҳар сухан қазоват кардум,
Не қаҳру кину кибру ғазоват кардум.
Ҳар лаҳза,ки "чурка" гуфтану ""чёрный" маро,
Гуша ба кари дохтаву одат кардум.
Хок бар сари зиндагиву хок бар сари зар,
По бар лаби гӯрему ба лаб хонаву дар.
Ин қадр чаро давем пайи сарвату мол,
Гӯё ,ки кунем зиндаги сад соли дигар.
Эй баъди Худо ту меҳрубонум Оча,
Дур аз бари ту барги хазонум оча.
Ҷое,ки туро ба ҷон парасторӣ кунум,
Дар "Пансионнат" девонабонум оча.
Як сӯ ғами дури аст зи он ёру диёр,
Яксу ғами қарзи хонаву номусу ор.
И камбудиҳо тамомшави кай доранд?
Мо мурда равем э ба Худо дар таги кор.
Гул дар назарум хору хаси раҳбандай,
Як сӯ ғами ту як су ғами фарзандай.
Хоҳум биравум хоки Ватан бӯса кунум,
Раҳакои ма баста вале бебандай.
Оча чӣ кунум,ки ма худум оча шудум,
Занҷира ба ду дасту ба ду поча шудум.
Не тоқати рафтанасту не истодан,
Дар панҷаи сарнавишт чун зоча шудум.
Хок бар сари ин азоби саргардони,
Эй чархи фалак ҳоли маро медонӣ?
Ҷое ,ки равум дар хона мизбони кунум,
Бар хонаи худ чаро равум меҳмонӣ?
Андар дилакум ҳазору садҳо ҳавасай,
Онҷо туйи очаҷону инҷо навасай.
Онҷо биравум кашад хаёлум ин су,
Мурғи дилакум ҳамеша андар қафасай.
Дури зи барум олами афсонаи ма,
Бегона кунад зиндаги дар хонаи ма,
Эй оча Худо бигу биёям сӯят ,
Ҳушёр шавад то дили девонаи ман...
Ё Раб ту худут чораи дардам бинамо,
Инҷо ба Худо барои ма зиндонай!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 100
Дар мулки гариб овораву сарсонем,
Бо амри худо сарсону саргардонем.
Кай амри худо шавад ватан баргардем,
Дар мулки гариб хамаи мо саргардонем.