🔸 Матни пурсиш:
Ин китоб, Исломи нобро бо истифода аз мутуни мутқан аз ҷумла Қуръони карим ва ривоёти мутавотир аз дидгоҳи нависандаи мутабаҳҳираш муъаррифӣ мекунад ки ба масоъили рӯзи кишварҳои Исломӣ ҳам пардохтааст. Аз ин лиҳоз дидгоҳи сиёсӣ ва ҳукуматӣ ҳам дорад. Бинобарин дархост дорам ба суъолоти зейл посух дода шавад:
1. Аз дидгоҳи эшон дар як кишвари Исломӣ бо марзҳои мушаххасе ки дорад мисли Эрон бо Афғонистон ё Арабистон ё ҳар кишвари дигар, чи навъи ҳукумате шакл бигирад то шаръӣ ва Исломӣ талаққӣ шавад? Яъне мушаххасан дидгоҳи Исломро дар ин замина мехоҳам бидонад.
2. Эшон касонеро ки ба эшон алоқаманд шудаанд ташвиқ ба муҳоҷират ба маҳзарашон мекунанд. Оё мехоҳанд ҳукумат ташкил диҳанд ё ҳизбе, ташаккуле ва чизе дар ҳамин мояҳо ва оё имом Маҳдӣ дар давраи интизори иҷозаи ташкили чунин гурӯҳ ва ҳукумат ва аҳёнан қиёмеро содир фармудаанд ё на? Далойил?
3. Оё дар давраи интизор ташкили ҳукумати шаръӣ ва динӣ имконпазир аст ё на?
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер ки пештар дар бахшҳои мухталифи пойгоҳ тафсилан тавзиҳ дода шудааст ва дар инҷо аз боби ёдоварӣ унвон мешавад, таваҷҷуҳ фармойед:
Аввалан ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар мабоҳиси хатире аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», монанди мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон»[1], мабҳаси «Ҳокимияти ғайри Худованд»[2] ва мабҳаси «Тавҳиди Худованд дар таҳким»[3], мабнои «Ҳукумати Исломӣ» ро «Изни Худованд» ва интисоби ҳоким аз ҷониби Ӯ шумурда ва ба унвони намуна, фармудааст:
«Бозгашти ҳокимият дар Ислом, ба изни Худованд аст, балки ҳеҷ амре аз умур, ҷуз бо мунтаҳӣ шудан ба изни Ӯ машруъият надорад ва ин аз муҳимтарин қавоъиди бунёдин дар Ислом аст; Чунонки борҳо ва бо таъакид фармудааст: ﴾أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ﴿; «Огоҳ бошед ки ҳамаи корҳо ба Худованд боз мегарданд» ... Аз инҷо дониста мешавад ки ҳукумат дар Ислом, танҳо барои касе машрӯъият дорад ки Худованд ӯро ба ниёбат аз хеш барои он ихтиёр ва мансуб кардааст ва ин чизе ғариб ё тоза нест, бал суннате аз суннатҳои Ӯст ки дар умматҳои пешин низ ҷараён дошта ва то дунё боқӣ аст, ҷорӣ хоҳад буд; Чунонки фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1271/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев